Дар шаҳри Боку чорумин ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистон ва Озарбойҷон баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 15.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Боку чорумин ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон баргузор гардид.
Ҷаласа таҳти роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода ва Вазири иқтисоди Ҷумҳурии Озарбойҷон Шоҳин Мустафоев доир гардида, дар он намояндагони расмии ду кишвар иштирок доштанд.
Зимни ҷаласа ҷонибҳо оид ба рушди соҳаи иқтисодӣ ва сиёсати пешгирифтаи иқтисодии кишварҳои худ иттилоъ дода, ҷиҳати рушди ҳамкориҳои минбаъда, аз ҷумла густариши муносибатҳои иқтисодӣ, таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаҳои саноат, нақлиёт, энергетика, телекоммуникатсия ва технологияи муосир, кишоварзӣ, тандурустӣ, илму маориф, фарҳанг ва туризмро мавриди баррасӣ қарор доданд. Ҳамчунин дар ҷаласа тазаккур дода шуд, ки баргузории чорабинии мазкур барои муайян намудани самтҳои нав ва тавсеаи самтҳои мавҷудаи ҳамкориҳои иқтисодӣ ва дурнамои рушди минбаъдаи онҳо мусоидат менамояд.
Ҷаласа дар фазои дӯстона, созанда ва ҳусни тафоҳум ҷараён гирифта, дар фарҷом Протоколи ҷаласаи чоруми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ба имзо расид.
Дар чаҳорчӯбӣ чорумин ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон нишасти корӣ дар мавзӯӣ «Фазои сармоягузорӣ ва имкониятҳои мусоиди соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикстон ва Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» бо иштироки доираи васеи намояндагони соҳавии ширкатҳои давлатӣ ва хусусӣ доир шуд.
Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030-ро ба ҳозирин шарҳ дода, иштирокдорони нишасти мазкурро бо Фазои сармоягузорӣ ва имкониятҳои мусоиди соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ошно намуд.
«Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати самаранок истифода бурдани имкониятҳои сармоягузории кишвар бо мақсади баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум, такмил додани қонунгузории кишвар мутобиқ ба талаботи иқтисоди бозоргонӣ ва тамоюлҳои муосири иқтисоди ҷаҳонӣ ҳамеша саъю кӯшиш менамояд. Давоми чанд соли охир, бо мақсади таъмини озодии соҳибкорӣ, ҳифзи ҳуқуқҳои соҳибмулкон, соддагардонии расмиёти бақайдгирии соҳибкорӣ, кам кардани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ва ба танзим даровардани низоми назорат ислоҳоти назаррас роҳандозӣ гардид»,- гуфт Неъматулло Ҳикматуллозода.
Номбурда иброз дошт, ки Тоҷикистон бозори имконпазир барои сармоягузории Озарбойҷон аст ва ширкатҳои озарбойҷонӣ метавонанд ба таври фаъол бо ҳамтоёни худ аз Тоҷикистон ҳамкорӣ намоянд.
Дар охир табодули афкор сурат гирифта, паҳлӯҳои гуногуни фаъолияти иқтисодӣ ва сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор гирифтанд.








Дар доираи Форуми Sibos 2026 рушди ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Commerzbank AG баррасӣ шуд
Дар Давҳа ҷаласаи солонаи Бонки Осиёии сармоягузории инфрасохторӣ доир гардид
Дар доираи «TAJ-TECH 2026» санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шуданд
Дар шаҳри Душанбе ҳамкорӣ дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ гардид
Дар Қатар маросими таъсиси Фонди ҳамкорӣ ва рушди Чин – Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Оид ба таъсиси Фонди минтақавии рушди фазои рақамии соҳибихтиёрӣ дар Тоҷикистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Марат Хуснулин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон меояд
Дар Душанбе маркаи почтавӣ бахшида ба 35-солагии Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа ба муомилот бароварда шуд
Дар Хоруғ оид ба ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар соҳаи энергетика мулоқот доир шуд
Душанбе мизбони ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ва рақамикунонӣ гардид
Намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон дар конфронси байналмилалии Sibos 2026 иштирок доранд
Дар Душанбе ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа оғоз гардиданд






