Дар Тоҷикистон 370 шаҳрванди Афғонистон таҳсил менамоянд

Июль 4, 2017 16:33

ДУШАНБЕ, 04.07.2017 /АМИТ «Ховар»/.  Бо мақсади фароҳам овардани шароит барои таҳсили хонандагони афғон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, баробарарзишии ҳуҷҷатҳои таҳсилии донишҷўён ва интиқоли донишҷўён аз як ихтисос ба ихтисоси дигар Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  Нуриддин Саид бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Залмай Юнусӣ табодули андеша намуд.

Тавре аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ҳамкории Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар самти маориф ва илм  дар асоси Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф, фарҳанг, илм ва техника (аз соли 2005), Созишнома байни Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар соҳаи маориф (аз соли 2006), Протоколи тавофуқи Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазири таҳсилоти олии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон (аз соли 2013) ба роҳ монда шудааст.

Ба иттилои манбаъ, ҳар  сол дар асоси созишномаҳои мазкур аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон 50 бурсияи таҳсилӣ дар зинаи бакалавр дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҷудо карда мешавад.  Ҳоло  дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 370 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон таҳсил менамоянд.

Июль 4, 2017 16:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад