Файзалӣ Идизода бо Раиси Парламенти Туркманистон Дунягозел Гулманова вохӯрӣ намуд

Май 22, 2026 17:30

ДУШАНБЕ, 22.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия ва иштирок дар ҷаласаҳои Шурои Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода бо Раиси Парламенти Туркманистон Дунягозел Гулманова вохӯрӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.

Файзалӣ Идизода иброз намуд, ки ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Туркманистон солҳои охир бо ташаббусҳои созандаи роҳбарияти олии давлатҳо- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Пешвои миллии Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов ва Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов батадриҷ вусъат меёбанд.

Шарикии стратегӣ ба мо имкон фароҳам меорад, ки дар доираи созмонҳо ва платформаҳои байналмилалию минтақавӣ, аз қабили Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Иттиҳоди давлатҳои Мустақил, ЮНЕСКО, Осиёи Марказӣ-Чин, Осиёи Марказӣ-Ҳиндустон, Осиёи Марказӣ-Ҷопон, Осиёи Марказӣ-Корея ва ғайра мавқеи ягона дошта бошем.

Иттилоъ дода шуд, ки заминаи ҳуқуқии ҳамкории давлатҳоро зиёда аз 138 санади ҳуқуқӣ дар бар мегирад.

Ҳамкории байнипарламентӣ бо Туркманистон имкон медиҳад, ки бо ҳам табодули таҷриба намоем, оид ба масъалаҳои мубрами минтақавию байналмилалӣ мавқею назари муайян дошта бошем ва ташаббусҳои созандаи ҳамдигарро дар арсаи байналмилалӣ ҷонибдорӣ намоем.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 22, 2026 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ бо шоҳкориҳои Театри миллии Тоҷикистон шинос шуданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова мулоқот намуданд
Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунёгузел Гулманова вохӯрӣ намуд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Пешниҳодҳои Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори ИДМ дастгирӣ ёфтанд
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Дар доираи Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ ташаббуси Парлумони Тоҷикистон оид ба таҳияи ду қонуни намунавӣ тасдиқ шуд
Оид ба эълон намудани «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи навбатӣ ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҳайати парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуд