Файзобод: Дастгирии рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ
ФАЙЗОБОД, 08.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар шуъбаи кишоварзии ноҳияи Файзобод бо иштироки мутахассисони Муассисаи давлатии «Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ» ва роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия дар мавзӯи «Дастгирии рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ» семинари иттилоотӣ баргузор гардид.
Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» мушовир оид ба рушди институтсионалии Муассисаи давлатии «Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ» Саймурод Рамазонов иттилоъ дод.
Мақсади баргузор намудани семинар дастгирии хоҷагиҳои деҳқонӣ ва соҳибкорони ҷумҳурӣ бо маълумоти иттилоотӣ оид ба бозор аз Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баланд бардоштани малакаи соҳибкории фермерон, инчунин корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ тавассути беҳтар намудани арзиши иловашудаи маҳсулотҳои муайян ва баланд бардоштани иқтидори кории соҳибкорон мебошад.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






