Хатлон: истеҳсоли маҳсулот дар ҳачми 2,6 млрд. сомонӣ
ҚӮРҒОНТЕППА, 14.07.2017 /АМИТ «Ховар» /. Дар нимсолаи аввали соли равон пешравиҳо дар ҳама самтҳои хоҷагии халқи вилояти Хатлон назаррасанд. Тавре аз шуъбаи иттилоотӣ-таҳлилии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иттилоъ доданд, дар ин давра корхонаҳои саноатӣ дар якҷоягӣ бо бахши хусусӣ ба маблағи 2,6 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол намуда, ҳаҷми истеҳсолро нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 615 миллион сомонӣ зиёд ва суръати афзоиш бо нархҳои ҳақиқӣ 30 фоиз ва муқоисавӣ 18 фоиз таъмин гардид.