Нашри нави «Бӯалӣ ва гиёҳдармонии амрози санги гурда»

Июль 4, 2017 16:45

ДУШАНБЕ, 04.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Панҷумин нашри китоби «Бӯалӣ ва гиёҳдармонии амрози санги гурда» дар таҳияи олимони шинохтаи тоҷик Саидҷон Нодирӣ ва Юсуф Нуралиев ба тозагӣ аз чоп баромад.

Китоб ин бор  бо тағйиру иловаҳо аз ҷониби Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии Тоҷикистон нашр шудааст.

Тавре дар оғоз муаллифон менависанд, рисола дар асоси таҷрибаи табиби бузург Абўалӣ ибни Сино иншо шудааст. Муаллифон 11 нусхаи мураккаб ва беш аз 100 нусхаи содаи Абўалӣ ибни Синоро, ки барои ҷилавгирӣ ва табобати бемориҳои амрози гурдаву санги масона пешбинӣ шудааст, шарҳ медиҳанд. Рисола ҳамчунин тавсияҳои Абўалӣ ибни Сино роҷеъ ба парҳез ва ҷилавгирӣ аз пайдоиши санги гурда ва дигар бемориҳои гурдаро дар бар мегирад.

Аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки дар китоб тақрибан теъдоди 40 номгўй гиёҳҳои шифобахш аз хазинаи Абўалӣ ибни Сино аз мавқеи тибби муосир тавсиф гардида, нусхаҳои гиёҳдармонӣ барои табобати бемориҳои мухталиф оварда шудааст.

Муаллифон тамоми нусхаҳоро аз диди комёбиҳои гиёҳдармонии муосир тасҳеҳ кардаанд. Инчунин тарзи таҳия ва меъёри истеъмоли доруҳо сареҳан баён карда шудааст, то ки худи беморон дар шароити хона доруи заруриро омода карда,  истифода намоянд.

Ба андешаи муаллифон: «Асарҳои ҷовидона ва хусусан шоҳасари Ибни Сино «Ал-Қонун фи-т-тибб» аз қарни XII то имрўз ба забонҳои гуногуни дунё дар Аврупо, Шарқ ва олами ислом тарҷума ва ба теъдоди зиёд чоп шудаанд. Дар таърихи тамаддуни башарӣ камтар китобе ёфт мешавад, ки мисли «Ал-Қонун» дар муддати беш аз ҳазор сол ҳамаи аҳли оламро сарфи назар аз тафовути забону миллат, расму оин, дину мазҳаб, нажоду иқлим ва ғояву ҷаҳонбинӣ холисонаву яксон хизмат карда бошад».

Мутолиаи «Бӯалӣ ва гиёҳдармонии амрози санги гурда» на танҳо барои табибон, балки барои ҳамаи хонандагон аз манфиат холӣ нест.

Июль 4, 2017 16:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра Тоҷикистон ба дастовардҳои рушди устувор ноил гардид
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст