Варзишгари тоҷик Разиаллоҳ Лоиқов дар Чемпионати Осиё оид ба дзюдо соҳиби медали тилло шуд!
ДУШАНБЕ, 14.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. 13 июл дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон Чемпионати 16-уми Осиё оид ба каратэ-до миёни наврасон ва ҷавонон ва дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон Чемпионати Осиё оид ба дзюдо миёни наврасон шуруъ шуданд. Дар ин қувваозмоиҳо варзишагарони Тоҷикистон соҳиби як медали тилло ва як медали нуқра гардиданд.
Тавре аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, паҳлавони наврас Разиаллоҳ Лоиқов дар вазни -66 кило чемпиони Осиё оид ба дзюдо шуд. Ӯ дар марҳилаи муқаддамотӣ Чинг Лонг Вонг (аз Ҳонконг) ва Достон Шайахметовро (аз Қазоқистон) шикаст дода, ба марҳилаи нимфинал роҳ ёфт. Разиаллоҳ дар нимфинал варзишгари дигари Қазоқистон Ислом Тахтасун ва дар финал паҳлавони Қирғизистон Нурсалим Иличбек Улуро мағлуб кард.
Дар чемпионати Осиё оид ба каратэ миёни ҷавонон бошад, Ҳоҷиқурбон Маҳмадов дар вазни -55 кило медали нуқра ба даст овард. Ӯ бар ҳарифонаш Артём Пак аз Қирғизистон ва Каушик Аравинд аз Ҳиндустон ғалаба карда, дар финал аз варзишгари Индонезия Муктӣ Ваҳю шикаст хӯрд.
Варзишгардухтари тоҷик Нигина Давлатова дар ин мусобиқа дар вазни -53 кило миёни бонувон ҷои панҷумро ишғол намуд.
Ёдовар мешавем,ки чемпионати Осиё оид ба каратэ миёни наврасон, ҷавонон ва калонсолон то 16 июл идома меёбад.
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд






