Вазири собиқи Афғонистон Амрулло Солеҳ шаҳри Душанберо аз диди сафоӣ қобили муқоиса бо Швейтсария ва ҳатто беҳтар аз он донистааст

Июль 6, 2017 11:39

ДУШАНБЕ, 06.07.2017./АМИТ «Ховар»/. Яке аз чеҳраҳои намоёни сиёсии Афғонистон, собиқ Вазири ислоҳоти амниятии ин кишвар Амрулло Солеҳ дар саҳифаи худ дар шабакаи Фейсбук хотираҳояшро роҷеъ ба як сафари охиринаш ба Тоҷикистон чоп намудааст. Азбаски он барои хонандаҳои мо низ ҷолиб хоҳад буд, матни навиштаи Амрулло Солеҳро пурра ва бидуни тағйир пешкаш мекунем.

 

 

«Намешавад ва наметавонем»-ро бояд аз худ дур созем

Ман баъди шонздаҳ сол, ҷиҳати иштирок дар як конфронси минтақаӣ, ки аз тарафи Амрико тамвил мегардад, ба Душанбе, пойтахти Тоҷикистон омада ва каме фурсати гашту гузорро ёфтам…

Қаблан барои иштирок дар як маҷлиси амниятӣ сирфан барои як рӯзи корӣ омада будам. Он чиро ба вазоҳат дидам, ин аст, ки нишонаҳои фақр монанди гадоӣ, дастфурӯшӣ, ҷавонони бекори нишаста дар сояи поркҳову кофеҳо дида намешавад.

Фақр аз шаҳри Душанбе барчида шудааст. Дар ҳар маҳаллаи шаҳр тафреҳгоҳҳои қашангу муназзам сохта шудааст. Чандин ҳутели панҷситора сохта шудааст ва ба гуфтаи худашон, ҳоло тавоноии мизбонӣ аз 12 раиси давлатро дар як замон доранд. Шаҳр аз диди сафоӣ қобили муқоиса бо Суис («Швейтсария») ва ҳатто беҳтар аз он аст. Ҳатто як бутал (бутрӣ; “бутылка”) ва харитаи плостик (кисаи плостикӣ)-ро дар ин чанд рӯз дар саракҳо (кӯчаҳо) надидам.

Тоҷикистон замоне воридкунандаи симент буд, ҳоло ба яке аз бузургтарин содиркунандаҳои барқ ва симент табдил шудааст. Бо он ки теппаҳои дохил ва беруни шаҳр сарсабзанд, чорпое дар ҳоли чариш надидам. Барои чариши чорпо ва ҳифзи чорпо қонун вуҷуд дорад. Аксари мутарҳое, ки дар ҷодаҳо дида мешаванд навтавлид ва шиканд.

Сафири Амрико, хонум Миллард моро ба зиёфати шом даъват кард. Иқоматгоҳи сафири Амрико хориҷ аз шаҳр аст ва ҳеҷ навъ тартиботи физикии амниятӣ надорад. Ҳеҷ навъ. Сирфан як пулиси бесилоҳ дар дарвозааш истода буду бас.

Тоҷикистон яке аз беҳтарин системҳои иҳсоияро дар минтақа дорад ва хабар аст, ки киҳо таваллуд шуданд, киҳо мурданд ва киҳо дар куҷоянд ва чӣ мекунанд. Зиндаҳо ва мурдаҳои кишвар дарҷи иҳсоияанд.

Яке аз мизбонҳои тоҷики мо ба шӯхӣ гуфт, шӯхие, ки то мағзи устухонамро сӯзонд, ин, ки «мо дар ин ҳабдаҳ соли ахир даҳҳо километр тоннел сохтем ва Афғонистон натавонист якуним километр тоннели сохташуда дар Солангро тармим ва муроқибат кунад. Қаблан фосилаи роҳ аз Душанбе то вилояти Хуҷанд 16 соат буд, ҳоло сирфан ба 4 соат тақлил ёфтааст».

Аз се  истудиуми (варзишгоҳи) шаҳр дидан кардам, ҳама пур аз ҷавонони варзишкор буд. Ин достон дароз аст… Аммо дастоварди маънавии Тоҷикистон ин аст, ки ба парчами миллии худ, ба ҳувияти миллии худ, ба дастовардҳои иқтисодии худ аз таҳи дил фахр мекунанд. Тавъам бо ҳар дастоварди иқтисодӣ, як дастоварди фарҳангӣ ва маънавӣ низ доранд. Кишвари Қатар хоста барояшон бузургтарин мадрасаи диниро бисозад, аммо дизойн ва тарҳи он мутлақ илҳомгирифта аз таърихи муҳандисии қадими ин хитта аст.

Қуввати ифода, фасоҳат дар гуфтору навиштан ва дар кулл рушди забони форсӣ дар ин ҷо чашмгир аст. Аз истилоҳоти печида ва муғлақи рӯзҳои пас аз истиқлол дигар хабаре нест. Фасеҳ ҳарф мезананд. Нишонаҳои сарват ба вузӯҳ дида мешаванд, вале тамоми иморатҳо ва биноҳои навпо характери бисёр хос ва сангин доранд.

Даврубар ҳафтод ҳазор коргари хориҷӣ ҳоло дар Тоҷикистон масруфи корҳои мухталифанд. Нишонае аз сармояҳои орӣ аз савия ва клос дида намешавад.

Ман борҳо ба кишварҳои ғарбӣ сафар кардаам, вале ҳеҷ гоҳ ба ин андоза ҳисси аҷиб бароям аз ин ки чаро мо натавонистем ва наметавонем, даст надодааст. Бо худ гуфтам, бузургтарин монеъа дар сари роҳи мо чист? Шояд даҳҳо монеъ вуҷуд дошта бошад, вале яке аз бузургтарини онҳо ҳамин ҳиси «наметавонем ва намешавад» аст, ки бояд онро аз сару вуҷуди хеш дур созем. Бояд ба ёд дошт, ки ин кишвар сирфан бисту панҷ сол умр дорад ва ҳеҷ лоф ва тумтароқ аз таърих ҳам намезанад. Ба гуфтаи худашон, зиндагиашон бар бунёди ҳуқуқ ва дунявият аст. Агар қарор бошад дар муқоиса бо дигарон ба худ печ бихӯрем ва эҳсоси шарм кунем ҳамин ҷост, чун Тоҷикистон чанд сол қабл фақиртарин ҷумҳурии Осиёи Марказӣ буд.

Чашмҳоро бояд шуст ва дунёро бояд таври дигаре дид. Остинҳоро бояд боло зад ва кори воқеӣ намуд. Ё ҳу.

                                                                                     Амруллоҳи СОЛЕҲ,

 вазири пешини ислоҳоти

амниятии Афғонистон

 

Маълумоти АМИТ «Ховар»:

       Амрулло Солеҳ соли 1971 дар вилояти Панҷшер ба дунё омадааст. Дар вақти ба Афғонистон ворид шудани Қувваҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ӯ дар мактаб мехонд. Маълумоти миёна гирифта, ба дастаи Аҳмадшоҳи Масъуд дар дараи Панҷшер   шомил мешавад. Аз он айём  то соли 2001 ӯ дар канори ин қумондони маъруф  будааст.

       Баъди суқути Толибон Амрулло Солеҳ як муддат дар Вазорати мудофиаи Афғонистон ҳамроҳи генерал Муҳаммад Қосим Фаҳим кор кардааст. Соли 2005 Амрулло Солеҳ роҳбари Раёсати амнияти миллии Афғонистон ва Вазири ислоҳоти амниятии ин кишвар буд ва ин ниҳодро то соли 2010 раҳбарӣ кардааст.

       Амрулло Солеҳ аз соли 2010 то инҷониб аз сиёсат дурр нашудааст ва яке аз чеҳраҳои намоёни сиёсии Давлати Исломии Афғонистон мебошад.

       Дар интихоботи президентии соли 2014 Амрулло Солеҳ аз номзадии доктор Абдулло (ҳоло сарвари ҳокимияти иҷроияи Афғонистон) пуштибонӣ карда буд.

Амрулло Солеҳ бо доктор Абдулло

Амрулло Солеҳ бо доктор Абдулло

Амрулло Солеҳ бо намояндаи вижаи Муншии умумии СММ дар Афғонистон Ян Кубиш

Амрулло Солеҳ бо намояндаи вижаи Муншии умумии СММ дар Афғонистон Ян Кубиш 

Амрулло Солеҳ бо доктор Абдулло ва Вазири корҳои хориҷии Британияи Кабир Борис Ҷонсон

Амрулло Солеҳ бо доктор Абдулло ва Вазири корҳои хориҷии Британияи Кабир Борис Ҷонсон

 

Июль 6, 2017 11:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бохтар бинои нави Беморхонаи бемориҳои дил ва маркази эндокринология сохта мешавад
САРФАКОРӢ — БАРАКАТИ ЗИНДАГӢ. Ба миқдори сари сӯзан сарфа кардани зан баракатро дар хонадон дучанд меафзояд
ҚОНУНИ ТАНЗИМ — НАМУНА БАРОИ КИШВАРҲОИ МИНТАҚА. Дар давраи амали ин қонуни миллӣ беш аз 12 миллиард сомонӣ сарфа шудааст
Пешвои миллат: «Ба ҷойи ҳаҷҷу умраи такрорӣ анҷом додани амалҳои дорои садақаи ҷория савоби бамаротиб бештар дорад»
Президенти Тоҷикистон: «Шахсоне, ки имконияти молиявӣ надоранд, набояд ба хотири савоб аз дигарон қарз гирифта, қурбонӣ кунанд»
Аз ифлосшавии ҳавои атмосферӣ эҳтиёт намоед! Аз 6 то 9 июн дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Эмомалӣ Раҳмон: «Оростани дастурхони пурдабдаба ва меҳмондории зоҳирпарастонаву намоишкоронаро дини мубини ислом, шариат ва таълимоти мазҳаби ҳанафӣ маҳкум мекунад»
ТОҶИКИСТОН – ВАТАНИ ОРЗУҲОИ ҶАВОНӢ. Дар Душанбе моҳвораи ҷавонон ҷамъбаст гардид
Вобаста ба омилҳои рушди сармояи инсонӣ дар Душанбе конфронс доир гардид
110 нафар соҳиби шаҳодатномаи маҳфили «Пайравони Пешвои миллат» гардиданд
Агентии обуҳавошиносӣ бо таҷҳизоти зарурии техникӣ таъмин мегардад
Падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак чӣ ҳуқуқ ва уҳдадорӣ доранд?