«Барқчӣ» дар бозии мавқуфи даври 16-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол бар дастаи «Ҳосилот» пирӯз шуд
ДУШАНБЕ, 31.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар бозии мавқуфмондаи даври 16-уми Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ дастаи футболи «Барқчӣ»-и шаҳри Ҳисор дар майдони худ бо ҳисоби калони 5:1 бар дастаи футболи «Ҳосилот»-и Фархор ғолиб омад.
Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, аз ҳайати дастаи ғолиб Шериддин Бобоев ва Тоҳир Малодустов ду голӣ ба ҳадаф расониданд. Як тӯби дигарро Шаҳром Самиев вориди дарвозаи ҳарифон кард. Ягона голи меҳмононро Баҳром Изомов ба нишон расонд.
Пас аз ин пирӯзӣ дастаи футболи «Барқчӣ» дар ҷадвали умумии мусобиқа имтиёзҳояшро бо дастаи футболи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода баробар намуда, мавқеи 4-умро ишғол кард.
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд






