Далер ба ҳайати асосии дастаи мунтахаби Россия оид ба футбол шомил гардид
ДУШАНБЕ, 17.08.2017./АМИТ «Ховар»/. Ниммуҳофизатгари тоҷиктабори дастаи “Зенит”-и Санкт — Петербург Далер Кузяев билохира ба ҳадафи худ ноил шуд: ин бозингари ҷавон ба ҳайати асосии дастаи мунтахаби Россия аз ҷониби сармураббӣ Станислав Черчесов даъват гардид.
Дар ин бора шабакаи телевизиони «Варзиш» бо истинод ба сомонаи championat.com хабар дода, навиштааст, ки Далер метавонист дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон бозӣ кунад, зеро падараш Адам Кузяв дар Душанбе таваллуд шуда, ба воя расидааст, аммо Далер танҳо интизори даъват ба тими мунтахаби Россияро дошт.
Ба ҳайати асосии дастаи мунтахаби Россия пазируфтани Далер Кузяев аз рӯи адолат аст, зеро дар ҳайати “Зенит” ӯ аллакай 3 гол зада, як партофти головар анҷом додааст. Бояд зикр намуд, ки дар маҷмуъ Черчесов 14-футболбози навро ба тими мунтахаб даъват кардааст.
Руйхати ҳайати асосии дастаи мунтахаби Россия чунин аст:
Дарвозабонҳо: Андрей Лунёв («Зенит»), Александр Селихов («Спартак»), Андрей Синитсин («Краснодар»).
Ҳимоятгарон: Владимир Гранат, Руслан Камболов, Элмир Набиуллин (ҳама — «Рубин»), Вячеслав Караваев («Спарта» Чехия), Иля Кутепов («Спартак»), Роман Нойштедтер («Фенербахче» Туркия), Марио Фернандес (ССКА), Евгений Чернов, Виталий Шахов (ҳарду — «Тосно»).
Нимҳимоятгарон: Владислав Игнатев, Алексей Миранчук, Антон Миранчук, Дмитрий Тарасов (ҳама — «Локомотив»), Далер Кузяев («Зенит»), Магомед Митришев («Ахмат»), Павел Могилеветс («Ростов»), Магомед Оздоев («Рубин»), Вячеслав Подберёзкин («Краснодар»), Константин Рауш («Келн» Олмон), Дмитрий Стотский («Уфа»), Денис Черишев («Вилярреал» Испания).
Ҳамлагарон: Антон Заболотний (Тосно»), Владимир Илин («Урал»), Максим Канунников («Рубин»), Кирилл Панченко («Динамо»).
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд






