Дар Душанбе ҳаштумин Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис барои Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷараён дорад

Август 24, 2017 15:12

ДУШАНБЕ, 24.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи дуюм аст, ки дар Корти тенниси тобистонаи КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ба шарафи 26-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва Соли ҷавонон Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис миёни наврасон барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷараён дорад.

Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд,  дар мусобиқа 80 нафар, аз ҷумла 27 духтар аз  Тоҷикистон, Россия, Ӯзбекистон, Украина, Қазоқистон, Афғонистон ва Туркия иштирок доранд.

Зикр шуд, ки соли ҳаштум аст дар шаҳри Душанбе бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис байни наврасон барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки варзишгарон аз давлатҳои хориҷӣ баргузор мегардад.

Дар доираи мусобиқа аз ҷониби масъулини Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоҳин Саидов, раиси Федератсияи тенниси Тоҷикистон бо унвони «Корманди шоистаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон», Наргизахон Яҳёева ва Анастасия Турсунова бо унвони «Устоди варзиши Тоҷикистон» қадрдонӣ гардиданд.

Ёдрас мешавем, ки мусобиқаи мазкур то 27 август идома меёбад.

rsh7 8mr 9veno 5416 l2 psh3

 

Август 24, 2017 15:12

Хабарҳои дигари ин бахш

ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд