Дар шаҳри Сочии Федератсияи Россия маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба намоиш гузошта шуд
ДУШАНБЕ, 16.08.2017./АМИТ «Ховар»/. 11-15 августи 2017 бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин дар шаҳри Сочи намоиши маҳсулоти баландсифати кишоварзии Тоҷикистон баргузор гардид. Чорабинии мазкур аз ҷониби раиси шаҳри Сочи Aнатолий Пахомов ва роҳбари ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муродалӣ Алимардон ботантана ифтитоҳ гашт. Дар ин бора маркази матбуоти Сафорати ҶТ дар ФР хабар дод.
Тавре Раиси шаҳри Сочи зимни суханронии худ зикр намуд, “чунин тадбирҳо дорои таъсири басо мусбат ба савдои байниминтақавӣ, таҳкими муносибатҳои дӯстона миёни ду кишвар, рушди рақобати солим, тавсеаи бозорҳои нав мебошанд ва ба муоширати байналмилалӣ низ мусоидат менамоянд”.
Ба намоишгоҳи мазкур зиёда аз 300 тонна маҳсулоти кишоварзии дорои сифати баланди истеҳсолкунандагони тоҷик дастрас карда шуд.
Дар тӯли панҷ рӯз теъдоди зиёди сокинон ва меҳмонони шаҳри Сочи аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дидан намуда, тавонистанд ба таври ройгон аз тамъи лазизи маҳсулоти Тоҷикистон баҳраманд шаванд ва бо нархи хеле дастрас аз навъҳои зиёди ангур, харбуза, шафтолу, себу нок, зардолу ва мағзу хушкмеваҳои гуногун харидорӣ намоянд.
Бо дарназардошти дархостҳои сершумори сокинон ва меҳмонони шаҳри Сочи муҳлати баргузории сеюмин намоишгоҳи кишоварзии Тоҷикистон боз ба ду рӯзи дигар тамдид карда шуд.













Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид
МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. Судяҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо волидону хонандагон вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе оид ба нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ форуми байналмилалӣ баргузор гардид






