Дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ду бозии дӯстона анҷом медиҳанд
ДУШАНБЕ, 02.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон оид ба футзал дар доираи омодагӣ ба мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2018 бо дастаи мунтахаби Ӯзбекистон ду бозии дӯстона анҷом медиҳад.
Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ҳарду бозӣ рӯзҳои 5-6 август дар маҷмааи варзишии «Шоҳин»-и шаҳри Гулистони вилояти Суғд барпо мегарданд.
Ёдовар мешавем, ки мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2018 оид ба футзал дар гурӯҳи «В» аз 15 то 17 октябри соли равон дар шаҳри Табрези Эрон доир хоҳад шуд. Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар ин гурӯҳ бо дастаҳои миллии Афғонистону Эрон рақобат мекунад.
Хотиррасон менамоем, ки мусобиқа бо бозӣ миёни дастаҳои мунтахаби Афғонистон ва Эрон 15 октябр оғоз меёбад. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон нахустин бозиашро дар мусобиқаи интихобӣ 16 октябр ба муқобили дастаи Афғонистон анҷом медиҳад.
Сабқати интихобӣ дар гурӯҳи «В» 17 октябр бо бозӣ байни дастаҳои мунтахаби Эрон ва Тоҷикистон ба поён мерасад. Ду дастаи беҳтарини ин гурӯҳ ба марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё, ки аз 6 то 18 феврали соли 2018 баргузор мешавад, роҳ меёбанд.
Бояд зикр кард, ки дастаи мунтахаби Ӯзбекистон, ки дар мусобиқаи охирини қаҳрамонии Осиё бо медалҳои нуқра мукофотонида шудааст, дар сабқати интихобӣ бо дастаҳои Қирғизистон, Туркманистон ва Непал рақобат мекунад.
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд






