Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон ба Дубай сафар мекунад
ДУШАНБЕ, 29.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон, ки моҳи октябри соли равон дар бозиҳои интихобии Чемпионати Осиё-2018 иштирок мекунад, бо дастаи мунтахаби футзали АМА ду дидори дӯстонаи санҷишӣ баргузор мекунад.
Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ин рақобатҳо 11-12 сентбяр дар шаҳри Дубай сурат мегиранд. Пештар дар ин шаҳр шогирдони Ҳусейн Шодиев бо дастаҳои Туркия ва Ӯзбекистон ду дидори дӯстона анҷом дода буданд.
Хотиррасон мекунем, ки дар доираи бозиҳои интихобии Чемпионати Осиё-2018 оид ба футзал, ки баргузориаш дар шаҳри Табрези Эрон дар назар аст, дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо дастаҳои Афғонистон ва Эрон рақобат мекунад.
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд






