Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо дастаҳои Россия ва Ӯзбекистон дар як гурӯҳ бозӣ мекунад

Август 18, 2017 12:03

ДУШАНБЕ, 18.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Аз 3 то 9  сентябр дар шаҳри Алмаато мусобиқаи 10-уми анъанавии Ҷоми Президенти Қазоқистон миёни футболбозони 17- сола  бо шумули 8 даста дар 2 гурӯҳ баргузор мегардад. Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба  АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, наврасони мо дар як гурӯҳ бо Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Россия барои баромадан ба даври нимфиналӣ талош хоҳанд кард. Ҳарчанд ин мусобиқа байни бозингарони  то 17- сола сурат мегирад, вале ба гуфти намояндаи ҳайати даста Анваршо Мирзоев, танҳо наврасони  16-солаи  мо шарафи Тоҷикистонро намояндагӣ мекунанд.

Бояд гуфт, ки қаблан дастаи ҷавонони мо 4 маротиба дар ин мусобиқаи байналмилалӣ ширкат карда, дар соли аввал мақоми сеюм ва соли гузашта зинаи дуюмро ишғол кард. Соли 2016 наврасони мо бозиҳоро дар марҳилаи гурӯҳӣ бо натиҷаи баланд ҷамъбаст карда, бар ҳарифони худ, чун Эрон, Россия ва Озарбойҷон дастболо шуданд.

 

Август 18, 2017 12:03

Хабарҳои дигари ин бахш

ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд