Дастаи мунтахаби наврасони Туркманистон аз иштирок дар Чемпионати Осиё-2018 даст кашид

Август 25, 2017 09:30

ДУШАНБЕ, 25.08.2017 /АМИТ «Ховар»/.  Дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Туркманистон (U-16) аз иштирок дар марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2018, ки дар Тоҷикистон баргузор мегардад, даст кашид.

Тавре аз маркази матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, бинобар сабаби  даст кашидани дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Туркманистон (U-16) аз иштирок дар марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2018, Конфедератсияи футболи Осиё санаи баргузории ин мусобиқаро дар гурӯҳи «В» дигар кард. Ҳамин тавр, дар гурӯҳи «В» на 5 даста, балки 4 даста қувваозмоӣ хоҳанд кард. Марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2018 дар шаҳри Ҳисор аз 20 то 24 сентябри соли равон баргузор мешавад. Вохӯриҳо дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор доир мегарданд.

Дар мусобиқаи интихобӣ рақибони Тоҷикистон дастаҳои мунтахаби наврасони Уммон, Сурия ва Молдив мебошанд.

Чемпионати Осиё-2018 байни наврасони то 16-сола дар даврҳои зерин мегузарад:

Марҳилаи интихобӣ. Гурӯҳи «В»

Даври 1

20 сентябр (чоршанбе)

16:00 – Уммон – Молдив

19:00 – Тоҷикистон – Сурия

Даври 2

22 сентябр (ҷумъа)

16:00 – Сурия – Уммон

19:00 – Молдив – Тоҷикистон

Даври 3

24 сентябр (якшанбе)

16:00 – Сурия – Молдив

19:00 – Уммон – Тоҷикистон

 

 

 

 

Август 25, 2017 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд
Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мусовӣ анҷом ёфт
ҶОМИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС. Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа даҳ варзишгар иштирок мекунад
Дар ноҳияи Данғара фестивали бозиҳои миллӣ бо шукуҳи хосса баргузор шуд
Лигаи футболи Тоҷикистон дар остонаи мавсими нав барои комиссарон семинари омӯзишӣ баргузор кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футболи электронӣ нахустин маротиба дар мусобиқаи FIFAe Nations League иштирок мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол бо тими Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ду бозии дӯстона доир мекунад