ДИЛШОД НАЗАРОВ БА ФИНАЛИ ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ДАР ЛОНДОН РОҲ ЁФТ!
ДУШАНБЕ, 10.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Шоми дирӯз варзишгари машҳури тоҷик Дилшод Назаров дар Чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сабук, ки дар Варзишгоҳи олимпии Лондон ҷараён дорад, дар гурзандозӣ бо натиҷаи 75.54 метр мақоми шашумро касб карда, ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт.
Тавре аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, сабқати интихобӣ оид ба гурзандозӣ бо ширкати 32 варзишгар дар ду гурӯҳ баргузор шуд. Дилшод Назаров гурзро ба масофаи 75 метру 54 сантиметр ҳаво дод, ки ин нишондод дар гурӯҳи «А» натиҷаи панҷум аст. Вай аз рӯи натиҷагирии ҳарду гурӯҳ дар байни 32 нафар шашум шуд.
Рекорди инфиродии Дилшод Назаров 80 метру 71 сантиметр аст. Ӯ ба ин натиҷа 25 майи соли 2013 дар мусобиқаи байналмилалӣ дар шаҳри Ҳаллеи Олмон ноил шудааст.
Дар сабқати интихобӣ Войтсех Новитски аз Полша бо натиҷаи 76.85 метр мақоми аввалро касб кард. Ҳамватани ӯ Павел Фаҷдек бо натиҷаи 76.82 метр дуюм шуд. Бигот Қуентин (Франсия) бо натиҷаи 76.11 метр дар зинаи сеюм қарор гирифт.
Ба ин тартиб, 12 нафар беҳтарин гурзандозҳои ҷаҳон ба даври ниҳоӣ, ки шаби 11 август баргузор мешавад, роҳ ёфтанд. Ба ҷуз Войтсех Новитски, Павел Фаҷдек, Бигот Қуентин ва Дилшод Назаров, боз ҳашт нафари дигар – Павел Бареиша (Беларус, 75.98 м), Бенсе Ҳалаж (Венгрия, 75.56 м), Ник Миллер (Британияи Кабир, 75.52 м), Алексей Сокирский (варзишгари бетараф, 75.50 м), Сергей Марчиев (Молдова, 75.18 м), Валерий Пронкин (варзишгари бетараф, 75.09), Озкан Балтаси (Туркия, 74.69) ва Марко Лингуа (Италия, 74.41 м) ба финал баромаданд.
Дар даври ниҳоӣ навбати Дилшод Назаров, чемпиони Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Браилия, ки таҳти шумораи 1318 рақобат мекунад, ҳаштум аст.
Ёдовар мешавем, ки Дилшод Назаров дар мусобиқаи пешини Чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сабук, ки соли 2015 дар Пекини Чин баргузор шуда буд, гурзро ба масофаи 78 метру 55 сантиметр ҳаво дода, мақоми дуюмро касб кард ва соҳиби медали нуқра гардидааст. Рақиби аслиаш Павел Фаҷдеки поляк бо натиҷаи 80.88 метр ба унвони қаҳрамони ҷаҳон даст ёфта буд.
Дилшод Назаров моҳи июли соли равон дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё, ки дар шаҳри Бҳубанешвари Ҳиндустон доир шуд, бо натиҷаи 76 метру 69 сантиметр мақоми аввалро касб кард ва бо медали тилло сарфароз гашт.
Натиҷаи беҳтаринаш дар мавсими имсола 77.81 метр мебошад, ки ӯ бо ин нишондод дар мусобиқаи байналмилалӣ дар шаҳри Остраваи Ҷумҳурии Чех мақоми чаҳорумро касб кардааст.
Бояд зикр кард, ки дар чемпионати ҷаҳон беш аз ду ҳазор варзишгари зиёда аз 200 кишвари ҷаҳон барои 47 маҷмӯи медалҳо то 13 август мубориза мебаранд.
Баъди натиҷагирии шаш рӯзи мусобиқа дар ҳисоби умумидастаӣ дастаи мунтахаби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо касби 15 медал (4 тилло, 5 нуқра ва 6 биринҷӣ) дар мақоми аввал аст. Кения бо 7 медал (3-1-3) дар мақоми дуюм ва Африқои Ҷанубӣ бо 4 медал (2-0-2) дар мақоми сеюм қарор доранд.








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футболи электронӣ нахустин маротиба дар мусобиқаи FIFAe Nations League иштирок мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол бо тими Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ду бозии дӯстона доир мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол дар Душанбе ба машқҳои дастҷамъона фаро гирифта шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Ҷопон дар мусобиқаи байналмилалӣ иштирок кард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) оид ба футбол дар «Ҷоми рушд-2026» ҷойи панҷумро соҳиб гардид
Дастаҳои футболи Тоҷикистон бо дастурҳои навшудаи доварон барои мавсими 2026 шинос шуданд
Дар Душанбе оид ба ҳуқуқҳои байналмилалии футбол ва идоракунии бошгоҳҳо машғулият баргузор гардид
Дастаи «Ҳулбук»-и Восеъ ғолиби Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2026 шуд
ҶОМИ ФФТ-2026. Имрӯз бозии финалии дастаҳои «Барқчӣ»-и Ҳисор ва «Ҳулбук»-и Восеъ доир мегардад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи «Ҷоми рушд-2026» иштирок мекунад
Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми зиёда аз 2 миллион сомонӣ ба варзишгарони муваффақ тақдим гардид
АРТИШИ МИЛЛӢ — КАФИЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро таҷлил намуданд






