Дилшод Назаров барои медали тиллои Чемпионати ҷаҳон мубориза мебарад
ДУШАНБЕ, 03.08.2017./АМИТ «Ховар»/. Дилшод Назаров, дорандаи медали тиллои Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия, дар Чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сабук, ки аз 4-ум то 13-уми август дар пойтахти Британияи Кабир баргузор мешавад, иштирок хоҳад кард.
Дилшод Назаров дар арафи ин мусобиқаи бонуфуз дар суҳбат бо Радиои «Озодӣ» чунин иброз доштааст: «Дар варзиш пешгӯӣ кардан мушкил аст, аммо умедворам, ки муваффақ мешавам.»
Тавре сомонаи расмии Ассотсиатсияи байналмилалии федератсияҳои варзиши сабук (IAAF) иттилоъ додааст, дар Чемпионати ҷаҳон дар Лондон беш аз 2000 варзишгар аз 200 кишвари ҷаҳон барои 47 маҷмӯи медалҳо мубориза мебаранд. Мусобиқаи интихобии гурзандозӣ рӯзи 9-уми август дар ду гурӯҳ баргузор мешавад. Даври ниҳоӣ рӯзи 11-уми август барпо мегардад.
Дилшод Назаров дар Чемпионати гузаштаи ҷаҳон оид ба варзиши сабук, ки соли 2015 дар шаҳри Пекин баргузор шуда буд, гурзро ба масофаи 78 метру 55 сантиметр ҳаво дода, ҷои дуюмро соҳиб шуд ва соҳиби медали нуқра гардид. Натиҷаи нишондодаи Дилшод Назаров дар Олимпиадаи Рио-2016 78,68 метр мебошад.
Дилшод Назаров моҳи июли соли равон дар Чемпионати Осиё, ки дар шаҳри Бҳубанешвари Ҳиндустон баргузор шуд, бо натиҷаи 76 метру 69 сантиметр соҳиби ҷои аввал ва медали тилло гардид. Ин натиҷа ба ӯ имкон дод, ки меъёри муқарраршударо иҷро карда, ба ҳаққи иштирок дар Чемпионати дарпешистодаи ҷаҳон мушарраф шавад.
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд






