ЭВРИКА! Олимони тоҷик дар минтақаи баландкӯҳи Мурғоб бори аввал кишти зироат гузаронида, натиҷаҳои хуб ба даст оварданд

Август 25, 2017 15:46

ДУШАНБЕ, 25.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Олимони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти тағйирёбии глобалии (гармшавии) иқлими сайёра доираи тадқиқоти илмиро дар минтақаҳои баландкӯҳи Тоҷикистон васеъ намуда, дар ин самт аллакай натиҷаҳои нахустин ба даст оварданд. Тавре аз Раёсати Президиуми Академияи илмҳои мамлакат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, як гурӯҳ олимони тоҷик дар ҳудуди стансияҳои Пажӯҳишгоҳи биологии «Помир», воқеъ дар ноҳияҳои Мурғобу Шуғнон кишти зироати лӯбиё, сабзавот, картошка ва зироати хӯроки чорво гузаронданд.

Мақсади дар майдони васеъ  кишт намудан ва гузаронидани тадқиқоти илмӣ омӯзиши ҷараёни нашъунамо ва гирифтани ҳосили растаниҳои гуногун дар баландиҳои 3600, 3860 ва 3950 метр аз сатҳи баҳр буд. Зеро, мувофиқи маълумоти мавҷуда, дар сурати баланд гаштани ҳарорати ҳавои сайёра, алалхусус дар водиҳо, омӯзиши қобилияти сабзиши растаниҳои гуногун дар минтақаҳои баландкӯҳ, ки нисбатан муҳити салқин доранд (баландии беш аз 2000 метр аз сатҳи баҳр), аҳамияти илмӣ ва амалӣ дорад.

«Ҳадафи дигари дар минтақаҳои кӯҳӣ кишт намудани навъи гуногуни зироат аз он иборат буд, ки доир ба мутобиқ будани зироати лӯбиё, сабзавот, картошка ва зироати хӯроки чорво дар шароити ВМКБ хулосаҳо ва тавсияномаҳои илман асоснок таҳия карда шаванд. Анҷом додани ин тадбир, дар навбати худ имкон медиҳад, ки заминҳои минтақаҳои кӯҳистон барои ташкил намудани заминаи боэътимоди хӯроки чорво мақсаднок истифода бурда шаванд», — зикр кард Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон.

Новый рисунок (4)  Зимнан мебояд қайд кард, ки давоми солҳои охир растании «терескен», ки хӯроки асосии қутосҳо мебошад, ба таври бесобиқа нобуд шуда истодааст (онро сокинони маҳаллӣ ҳамчун сӯзишворӣ истифода мебаранд), ки чунин ҳолат зарурати ҷустуҷӯ намудани дигар манбаъҳои нави хӯроки ин зоти чорвои кӯҳистонро пеш овардааст.

Ҳамин тавр, моҳи майи соли равон олимони Институти ботаника, физиология, генетикаи растанӣ ва Пажӯҳишгоҳи биологии «Помир» тухмиҳои зироати хӯроки чорво, ба монанди ҷав, ҷавдор, юнучқа ва қатраборон (эспарсет), аз зироати сабзавотӣ: сабзӣ, лаблабу, картошка, турб, шалғам, гашнич, шибит кишт карданд. Киштҳои илмӣ-таҷрибавӣ дар  стансияҳои илмии «Ҷечектӣ»-и ноҳияи Мурғоб (баландии 3860 метр аз сатҳи баҳр) ва «Ҷелондӣ»-и ноҳияи Шуғнон (баландии 3600 метр аз сатҳи баҳр) гузаронида шуданд. Барои гузаронидани кишти зироати хӯроки чорво ва ғалладонагиҳо дар майдони бештар аз 4 гектар замин трактори тағмаи МТЗ-28 бо плуг ва нармкунакҳояш аз ноҳияи Шуғнон тавассути мошини боркашони тағмаи КАМАЗ ба ноҳияи Мурғоб интиқол дода шуд. Кишти замин дар чуқурии 18-20 см гузаронида шуда, аз ҷумлаи корҳои агротехникӣ ва истифодаи нуриҳои маъданӣ дар ҳаҷми 70 кило нитроаммофос дар як гектар ва 70 кило селитра дар як гектар (дар вақти нашъунамои зироат) анҷом дода шуда, 6 маротиба ба замини кишт об монда  шудааст.

Новый рисунок (3)Бори аввал олимони тоҷик дар шароити баландкӯҳ (3860 метр баланд аз сатҳи баҳр) кишти омехтаи ҷав бо мошаку юнучқа, ҷавдор бо мошаку юнуқа, ҷав бо мошаку қатраборон (эспарсет) ва ҷавдор  бо  мошаку қатраборонро дар майдони  4 гектар гузарониданд. Барои ҳосилхез намудани хоки заминҳо ба омехтаи тухмиҳо тухмии мошак (як нахуди хӯроки чорво) ҳамроҳ карда шуд, ки ин таҷрибаи нав натиҷаҳои хуб дод.

Натиҷаҳои кишти илмӣ-таҷрибавӣ нишон доданд, ки аз кишти омехтаи ҷав-мошак-юнучқа, ҷав-мошак-қатраборон, ҷавдор-мошак-юнучқа ва ҷавдор-мошак-қатраборон баъди се моҳ аз давраи кишти зироат аз як гектар ба миқдори 180-250 сентнер ҳосили баргу пояи сабз ба даст овардан мумкин аст.

Дар шароити баландкӯҳи ноҳияи Мурғоб парвариш намудан ва гирифтани ин миқдор ҳосили сабз ва тару тозаи зироати хӯроки чорво заминаи боэътимодест барои рушди минбаъдаи соҳаи чорводорӣ. Аз кишти омехтаи зироати омӯхташуда, метавон аз як гектар замин аз 36 сентнер то 50 сентнер  коҳи серғизои хӯроки чорво ба даст овард, ки барои афзоиш додани соҳаи чорводорӣ дар ноҳия имконияти хуб ба шумор меравад.

Новый рисунок (2)Олимони тоҷик ҳамчунин дар деҳаи Булункули ноҳияи Мурғоб дар баландии 3950 метр аз сатҳи баҳр дар майдони 10 гектар омӯзиши кишти зироати ҷавдорро (рожь) анҷом доданд. Маълум карда шуд, ки дар шароити деҳаи мазкур (3950 м аз сатҳи баҳр) аз як га замини кишти ҷавдор ба ҳисоби миёна ба миқдори 212.5 сентнер алафи тару тоза ё ин ки 42,5 сентнер коҳи хушк ба даст овардан мумкин аст.

«Дар стансияи «Ҷелондӣ»- и ноҳияи Шуғнон дар баландии 3600 метр аз сатҳи баҳр таҷрибаҳо оид ба омӯзиши навъҳои картошка гузаронида шуданд. Муайян карда шуд, ки дар шароити ноҳияи Шуғнон навъҳои гуногуни картошка ҳосили дилхоҳи лӯндаҳои тухмиро медиҳанд. Алалхусус, картошкаи навъи «Тоҷикистон» ҳосили аз 440 то 550 гр. аз як растаниро медиҳад, ки дар тухмипарварӣ аҳамияти калон дорад. Дар ин ҷо инчунин шалғам, шалғамча  ва турб низ ҳосили дилхоҳ доданд, махсусан, шалғамча хеле калон шуд ва вазни як бехмевааш ба 200-300 г расид, ки хело ҳам  ҷолиби диққат аст», — иттилоъ доданд аз Академияи илмҳо.

Тавре президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ иттилоъ дод, «таҷрибаи кишти омехтаи зироати ҷав-мошак-юнучқа ва қатраборон бо сарфи тухмии ҷавдор-мошак-юнучқа ва қатраборон дар шароити баландкӯҳ таҷрибаи аввалин дар соҳаи кишоварзӣ ба  шумор рафта, минбаъд онро барои ба даст овардани ҳосили баланди ин зироат дар дигар мавзеъҳои баландкӯҳи Тоҷикистон паҳн намудан ба фоидаи кор мебошад».

 

Навъҳои картошка  Қадди растаниҳо, с  ниҳолҳо,

см

Миқдори лўндаҳо, д/растанӣ Вазни баргу поя ва реша,

г/растанӣ

Вазни як лўнда, г Маҳсулнокӣ, г/растанӣ Вазни умумӣ, г/растанӣ
Тоҷикистон 30 8 80 50 400 480
Файзобод 25 6 70 40 240 310
Рашт 25 6 70 40 240 310
Маҳалӣ 20 4 40 30 120 160
Тоҷикистон (аз бозори Мурғоб) 50 10 600 55 550 1150

 

Август 25, 2017 15:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Маркази рақамикунонӣ, инноватсия ва такмили кадрҳои соҳаи кишоварзӣ ифтитоҳ гардид
Дар доираи Муколамаи «Осиёи Марказӣ — Ҷопон» ҳамоиши канории «Tajik-Japan Digital Business Connect» баргузор шуд
«Стратегияи нави шарикии Бонки Осиёии рушд бо Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030» муаррифӣ карда шуд
СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Дар шаҳри Турсунзода зиёда аз 100 корхонаи хурду бузурги саноатӣ фаъолият менамояд
Соли 2026 дар Тоҷикистон сохтмону навсозии 300 километр роҳҳои мошингард оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон «Стратегияи рушди соҳаи алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» таҳия карда мешавад
Стратегияи нави ҳамкории кишварии Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ бо Тоҷикистон барои солҳои 2026–2031 муаррифӣ гардид
Ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатӣ соли 2025 ба 50 миллиард сомонӣ баробар гардид
Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026-2030 таҳия мегардад
Сарвари давлат: «Соли 2025 маҷмуи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон ба 173 миллиард сомонӣ расид»
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар ҳафт соли охир беш аз 2600 корхонаи саноатӣ ба истифода дода шуд»
«ҲИФЗИ ПИРЯХҲО ВА КРИОСФЕРА». Бахшида ба он «Муколамаи иқлимӣ барои ҷавонон» доир гардид