Фарҳод Раҳимӣ: «Дар амал татбиқ гардидани Қонуни танзим бурди Давлат, Ҳукумат ва аҳли ҷомеа мебошад»
ДУШАНБЕ, 17.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ қадамҳои устувор бардошта, барои таҳкиму тақвият бахшидани раванди сохтмони ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷаҳду талош меварзад. Ҷомеаи шаҳрвандӣ ба сифати ниҳоди тавонои иҷтимоӣ, ки аз фаъолони маданӣ таркиб ёфтааст, дар ҳамкорӣ ва ҳамбастагӣ бо сохторҳои давлатӣ баҳри ташхис, расидагӣ, ислоҳ ва рафъи камбуду мушкилоти иҷтимоӣ, фикрӣ, маданӣ, ахлоқӣ, иқтисодӣ ва амсоли инҳо иқдом намуда, дар ҳалли мушкилоти мавҷуда дастаҷамъона саҳм мегирад. Бо назардошти ин, ҳар мушкил ва масоиле, ки боиси тангии рўзгор ва рўйи кор омадани буҳронҳо дар сатҳи хонавода ва минбаъд ҷомеа мегардад, пеш аз ҳама, мавриди назари бевоситаи давлат ва ҳукумат қарор мегирад. Аз ин ҷост, ки расидагӣ намудан ба масоили муҳими иҷтимоӣ, дар ин замина ба тасвиб расонидани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва дар доираи қонунмандӣ ҳаллу фасл кардани онҳо рисолати давлати миллӣ буда, бо истифода аз ҳикмат ва волоияти қонун муносибатҳои гуногуни иҷтимоӣ ба танзим дароварда мешаванд.
Ин аст, ки давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо такя ба назару пешниҳодоти қишрҳои гуногуни иҷтимоӣ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, давра ба давра пойин бурдани сатҳи камбизоатӣ, ба кишвари истеҳсолкунанда ва саноатӣ табдил додани мамлакат, беҳбуд бахшидани вазъи некуаҳволии халқ, таъмини зиндагии шоиста ба шаҳрвандон саъю талоши фаровон варзида, дар ин самт минбаъд низ фаъолияти густурдаашро идома медиҳад. Муҳимтар аз ҳама, маром ва хадафи ниҳойии Сарвари давлати миллӣ дар шахси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Преиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сатҳи мамлакати саноатӣ-аграрӣ расонидани мамлакат буда, баҳри татбиқи барномаи муназзами давлатӣ дар самти мазкур аз тамоми имконот васеъ истифода мешавад.
Далели таъкиди боло ба тасвиб расидани як силсила қонунҳои замонавӣ, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад. Бояд тазаккур дод, ки ҳанўз дар замони Шўравӣ баъзе суннату анъаноти миллӣ, мардумӣ ва динӣ-мазҳабӣ боиси мушкилоти рўзгор гардида, гаронию вазниниҳоро бар дўши муҳитҳои хонаводагӣ ва иҷтимоӣ вогузор намуда буданд. Аммо, чуноне ки насли миёнсол ва калонсол медонанд, давлат ва ҳукумати вақт ин гуна мушкилоти вазнини иҷтимоиро дар доираи қонунҳои алоҳида танзим намекард. Дахлу харҷи зиёде, ки асосан дар маросимоти динӣ ва зиндагии ойинии мардум масраф мешуд, печидагиҳоро дар зиндагии хонаводагӣ ба вуҷуд меовард ва харҷу сарфи маросимҳо ба ҳукми анъана даромада буд. Хушбахтона, Истиқлолияти сиёсӣ ва давлатӣ имкон фароҳам овард, ки масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ, вобаста ба шароиту талаботи нави сиёсӣ, иҷтимоӣ ва маданӣ мадди назар қарор дода шаванд ва дар доираи қонунгузории миллӣ танзим гарданд. Ҳолати бетартибӣ ё ба истилоҳи фаннӣ, «хаос» дар иҷрои маросимоти миллӣ, мардумӣ ва динӣ дар замони соҳибистиқлолӣ Сарвари давлатро ба гирифтани тасмимоти ҷиддӣ дар самти беҳдошти ҳаёти иҷтимоӣ ва танзими ҷашну маросимҳо водошт. Гузашта аз ин, Сарвари давлат аз оғози фаъолияти сиёсӣ ва раҳбарӣ дар марҳилаи навини Истиқлолияти давлатӣ, дар баробари баррасӣ намудани мушкилоти сиёсӣ ва мафкуравӣ, ба масоили муҳими иҷтимоӣ, аз ҷумла танзими анъана ва ҷашну маросимҳо таваҷҷуҳ намуда, бо дарназардошти вазъи зиндагӣ ва мушкилоти иқтисодию молиявии хонаводаҳо ба тартиб даровардан ва танзими урфу одатҳои миллию диниро тақозо кард. Ҳанўз моҳи апрели соли 2007 Пешвои миллат таъкид карда буданд, ки замони танзими маросимоти мардумӣ ва динӣ фаро расидааст ва ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ бар пояи тасвиби қонуни алоҳида ба манфиати ҷомеа ва давлат хоҳад буд. Илова бар ин, ба бандубори хурофоти динӣ-мазҳабӣ гирифтор шудани ҷомеа ва дахлу харҷи барзиёди омма дар иҷрои урфу одат ва анъанаҳои динӣ боиси мушкилоти зиёди хонаводагӣ гардида, саранҷом печидагиҳоро дар бофтҳои иҷтимоӣ ба вуҷуд овард. Гўиё байти машҳури Шайх Саъдӣ:
Ба дахлу харҷи худ ҳар дам назар кун,
Чу дахлат нест, харҷ оҳистатар кун !
-ро касе намешунид ё шунидан намехост.
Ба сатҳи камбизоатӣ расидани аксари хонаводаҳо бар асари иҷрои маросимоти динӣ (маросими азодорӣ, тўй ва дигар суннатҳои мавҷуда) Сарвари давлатро ба андешидани тадбирҳои зарурӣ водор сохт. Тибқи иттилоот ва таҳлилҳо, то қабули ин Қонуни миллӣ ба ҳар хонаводаи тоҷик тақрибан 70 маъракаву маросим, аз ҷумла 10 маросими азодорӣ ва беш аз 60 маъракаи хурсандӣ рост меомад, ки на ҳамаи онҳо бо арзишҳои милливу мазҳабии мо мутобиқат доштанд. Ин буд, ки соли 2007 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардида, мавриди амал қарор гирифт. Тайи даҳ соли мавриди амал будани Қонун бисёр мушкилоти иҷтимоӣ, ки бар асоси дахлу харҷи мардум дар доираи маросимҳои мардумӣ ва динӣ ба миён омада буданд, рафъ гардид. Ҳадаф аз тасвиби Қонун, ба ҳеҷ ваҷҳ, дур кардани мардум аз суннату анъаноти миллию динӣ набуду нест. Ин нуктаро Сарвари давлат, ахиран дар суханрониашон ба муносибати 10-солагии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 11 июли соли ҷорӣ баён доштанд: «Дар суханронии худ 24 майи соли 2007 қонуни зикршударо ба сифати нахустин қонуни миллии танзимкунандаи маросиму анъанаҳои миллӣ муаррифӣ намуда, таъкид карда будем, ки «мо имрўз барои тамоман аз байн бурдан ё барҳам додани расму ойинҳои халқӣ ва маросимҳои динӣ ҷамъ наомадаем, балки мақсади асосиамон ин аст, ки дар баробари муайян кардани меъёрҳои баргузории онҳо ба раҳоии мардуми кишвар аз банди худнамоӣ ва таассубу хурофотпарастӣ оғози нек бахшем».
Табиист, худнамоӣ ва риёкорӣ дар баргузор намудани маросимоти динӣ-мазҳабӣ ва суннатҳои маҳаллӣ, ки аз тарафи доираҳои муайяни сарватманд сурат мегирифт (мутаассифона, имрўз ҳам ин раванд идома дорад), ҷомеаро, ки ғолибан, зарфиятҳои маҳдуди иҷтимоию иқтисодӣ ва молиявӣ дорад, ба буҳронҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва молиявӣ мувоҷеҳ сохт. Баъди ба тасвиб расидани Қонуни мазкур бо дарёфти сарчашмаҳои маблағгузории дохилӣ, аз ҷумла кам намудани хароҷоти нолозим, сатҳи камбизоатӣ дар байни 10 сол аз 53 дар сад то 30 дар сад, яъне 23 дар сад коҳиш ва пасандозҳои мардум дар бонкҳо ҳамасола аз 20 то 25 дар сад афзоиш ёфта, одати гирифтани қарз барои баргузории маросиму маъракаҳо қариб аз байн рафтааст. Бо вуҷуди ин, дар самти иҷрои маросимоти миллӣ, мардумӣ ва динӣ ҳанўз мушкилот вуҷуд дорад ва исрофкорӣ дар зиндагии ойинии ҷомеа ба назар мерасад.
Акнун бо гузашти даҳ сол зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» пеш омад. Тағйир ёфтани фазои иттилоотӣ, ҷойгоҳ пайдо кардани хурофоту таассуби динӣ-мазҳабӣ, нуфузи рўҳонияти муҳофизакор дар умури иҷтимоӣ ва маросимоти мазҳабӣ, бетафовутӣ ва саҳлангории баъзе ниҳодҳои иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва маърифатӣ ба сарнавишти арзишҳои миллӣ давлат ва Ҳукуматро водошт, сари ҷиддитар бархўрд намудан бо ҷашну маросимоти динӣ-мазҳабӣ, ки ба қолабҳои шахшуда (стереотипҳо)-и зеҳнсоз даромада, мушкил андар мушкил эҷод менамоянд, мулоҳиза карда, дар ин самт тадбирҳои судманд андешад. Бад-ин минвол, бо мақсади ворид намудани тағйиру иловаҳо ва бо ҷалби бевоситаи аҳолӣ ва аҳли ҷамоати ҷумҳурӣ бобу бандҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз тариқи воситаҳои ахбори омма тайи чанд моҳ мавриди муҳокима қарор дода шуд. Мувофиқи таклифу пешниҳодоти мардум, дигаргуниҳои ҷиддӣ ба моддаи 11-и Қонуни амалкунанда, ки маросими дафну азодориро танзим менамояд, иртибот мегирад. Дар миёни урфу одоти мазҳабӣ, ки бар асоси хурофоту таассуби динӣ дар ҳаёти мардум ҷойгоҳ пайдо кардаанд, маросимҳои мотам нақши калидӣ доранд. Воқеият ин аст, ки дар маросими мотам дахлу харҷи хонаводаҳо сарҳади инсофро убур карда, дар ниҳоят боиси қашшоқии гурўҳҳои осебпазир мегардад. Забҳи чорво, ки дар маросимоти азодорӣ ба ҳукми анъана даромада буд, ба буҷа ва сабади истеъмолии хонавода зарари сахт мерасонад. Аз ин рў, тибқи пешниҳодот, тамоми маросими дафну азодорӣ бе забҳи чорво ва бе додани таом бояд гузаронида шаванд. Аз ҷумла, маросими «се», «чил» ва «сол» бе забҳи чорво ва бе додани таом гузаронида мешаванд. Дар маросими дигари манъшудаи «оши сари тахта», «душанбегӣ», «ҷумъагӣ», «ҳафт», «бист» ва «шашмоҳагӣ» низ забҳи чорво ва додани таом манъ карда мешавад. Ба урф ё одат бадал шудани ин маросим сатҳи зиндагии мардумро пойин бурда, зиёдаравиро дар маъракаҳои азодорӣ ба ҷо гузошт. Дар натиҷа, то имрўз дар гузаронидани маросими мотам миёни табақоти иҷтимоӣ то ҷое мусобиқа сурат мегирад ва барои рафъи мушкил дар ин ҷода Қонун баргузории маросимоти болоиро бидуни додани таом ва забҳи чорво пешбинӣ менамояд.
Нуктаи дигар, ки дар доираи тағйиру иловаҳо таъкид шудааст, ба моддаи 14-и Қонун марбут буда, тартиби баргузории ҷашну маросимро ба танзим медарорад. Аз меъёр зиёд даъват кардани меҳмонон ба маросимот, ки дар ҳудуди шаҳр, одатан дар ошхона, қаҳвахона ва тарабхонаҳо гузаронида мешаванд, ба мушкили ҷиддӣ табдил ёфтааст. Бо дарназардошти мушкилоти мавҷуда, Қонун маъмурияти қаҳвахонаҳо, ошхонаҳо, тарабхона ва тўйхонаҳоро дар баробари соҳибони маърака барои шумораи даъватшудагон ва вақти баргузории тўю маъракаҳо масъул ва муваззаф месозад.
Масъалаи дигаре, ки дар иҷрои маросимот як навъ риёкориҳои саросариро ба дунбол дошт, зиёдаравии мансабдорон дар тўю маъракаҳо мебошад. Дар асоси дархосту пешниҳодоти мардум муҷозоти ҷиддӣ таъйин кардан ба аъзои Ҳукумат ва шахсони мансабдор зимни баргузор намудани маъракаҳои серхарҷ дар Қонун дарҷ гардидааст. Бар ин асос, минбаъд аъзои Ҳукумат, раисони вилояту шаҳрҳо ва дигар шахсони мансабдор барои вайрон кардани Қонун ҷавобгар дониста шуда, дар баробари ҷарима шудан, аз мансаб сабукдўш мегарданд. Ба ин васила, аввалан баъзе мансабдорон ба дарки ҷиддияти масъала мерасанд ва дар доираи талаботи Қонун маросимотро иҷро мекунанд ва баъдан, масъулиятпазир шуда, дар тарғибу татбиқи муҳтавиёти санади мазкур саҳми бевосита мегиранд ва дигар табақаҳои иҷтимоӣ побандӣ ба қонунро аз қишри раҳбар ва мансабдор меомўзанд.
Ҳамин тариқ, ба тасвиб расидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки ба сифати санади меъёрии ҳуқуқӣ муносибатҳои иҷтимоии маросимиро ба танзим медарорад, тақозои замон ва зиндагӣ буда, дар ҳалли муаммо ва мушкилоти молиявӣ ва иқтисодии ҷомеа нақши ҳалкунанда дорад. Дар татбиқи муваффақонаи ин Қонуни миллӣ, дар баробари давлат ва Ҳукумат, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва фаъолони маданӣ, ки аҳли илму хирад ба ин доира шомиланд, масъул ва муваззафанд. Бо итминон метавон гуфт, ки ба тасвиб расидан ва дар амал татбиқ гардидани Қонуни мазкур бурди Давлат, Ҳукумат ва аҳли ҷомеа, мебошад.
Фарҳод РАҲИМӢ,
Президенти Академияи илмҳои
Ҷумҳурии Тоҷикистон