МАҚОМОТИ РАСМИИ ТОҶИКИСТОН: Вобаста ба пешгирӣ намудани гурӯҳи террористии ДОИШ бо кишварҳои Русия ва Туркия ҳамкории зич дорем
ДУШАНБЕ, 07.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. 3 августи соли 2017 дар сомонаи агентии “Спутник Туркия” (Sputnik Turkiye) мақолаи рӯзноманигори Туркия Элиф Судагезер (Elif Sudagezer) ба забони туркӣ бо номи “Мақомоти расмии Тоҷикистон: Вобаста ба пешгирӣ намудани гуруҳи террористии ДОИШ бо кишварҳои Русия ва Туркия ҳамкории зич дорем” (“Tacik yetkililer: IŞİD bağlantılı örgütle ilgili Rusya ve Türkiye ile iş birliği içindeyiz») чоп шудааст, ки ба мавзӯи доғ бахшида шуда, қобили таваҷҷуҳ аст. Дар зер тарҷумаи матни ин мақоларо пешкаши хонандагон менамоем.
Мақомоти Тоҷикистон баъди ба вуқӯъ омадани табаддулоти ҳарбӣ аз ҷониби ТЭТ ҲНИТ дар соли 2015 ҳамкории муштаракро дар самти мубориза бар зидди терроризм бо Федератсияи Россия мусбат арзёбӣ намуда, ин кишварро яке аз ҳамтоёни стратегии худ хондаанд. Инчунин ҷониби Тоҷикистон вақтҳои охир аз тамосҳои мусбат бо Анқара изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Ду сол қабл ҷониби Тоҷикистон Ҳизби Назҳати Исломии Тоҷикистонро бо сабаби даст доштан дар табаддулоти ҳарбӣ ҳамчун гурӯҳи террористӣ эълон намуда, бар зидди терроризм муборизаи устуворро идома дода истодаанд.
Сарчашмаҳои расмии Тоҷикистон дар давраи баъд аз кудато Россияро чун яке аз муҳимтарин шарикони стратегии худ чунин зикр намуданд:
“Россия шарики муҳим дар мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм мебошад. Россия он шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки тариқи Россия ба Туркия ва баъдан ба Ховари миёна барои пайвастан ба гурӯҳҳои террористӣ нияти рафтан доранд, муайян ва дастгир намуда, ба мақомоти Ҷумҳурии Тоҷикистон бозпас мефиристад.”
Манбаъ аз пойгоҳи ҳарбии Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуда, фаъолияти онро яке аз асосҳои мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм дар минтақа номида, беҳтар намудани ҳамкориро дар ин самт таъкид намуд. Ҷониби Тоҷикистон инчунин дар самти ҳамаҷониба вусъат додани мубориза бо терроризм табодули таҷрибаи истифода аз имкониятҳои ҳарбиро зарур мешуморад.
Муносибатҳо бо Анқара дар давраи наздик қавитар гардидаанд.
Мақомоти расмӣ зикр намуданд, ки ҷониби Туркия хусусан дар охирҳои соли 2016 бо онҳо ҳамкории зич ба роҳ монда, дар натиҷаи машваратҳо бо мақомоти расмии ин кишвар роҳбари ТЭТ ҲНИТ Муҳиддин Кабириро аз қаламрави худ хориҷ намуд. Онҳо ин натиҷаро яке аз нишондодҳои муҳими ҳамкории хеш арзёбӣ карданд.
Инчунин манбаъ афзуд, ки як ҳафта пеш шаш нафар шаҳрвандони Тоҷикистон бо ҷурми аз фаъолони ДОИШ будан ва дар ҷанги Сурия иштирок намудан аз ҷониби Туркия ба ин кишвар баргардонида шуданд.
АЗ ҲАРАКАТИ СИЁСӢ БА ТАБАДДУЛОТИ ҲАРБӢ
Ҳизби Назҳати Исломии Тоҷикистон соли 1991 таъсис ёфта, солҳои 1992-1997 фаъолияти худро дар қаламрави Афғонистон идома додааст. Баъди ба имзо расидани Созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ бо мақсади таҳкими сулҳ ва субот ҳизб фаъолияти хешро дар Тоҷикистон оғоз намуда, 28 сентябри соли 1999 ва 15 октябри соли 2003 ҳамчун ҳизби сиёсӣ аз нав ба қайд гирифта шудааст.
Ҷониби Тоҷикистон соли 2015 ҲНИТ-ро барои даст доштан дар табаддулоти ҳарбӣ ҳамчун ташкилоти террористӣ эълон намуда, фаъолияти онро дар қаламрави худ манъ намуд.
ПАЙВАНДИИ ҲИЗБ БО ДОИШ СОБИТ ШУДААСТ
Кӯшиши табаддулоти ҳарбӣ ҷинояти аввалини ҳизб нест. Мақомоти Душанбе ҳамла ба манзили афсарони минтақаи Раштро низ аз амалҳои террористии аъзои ҳизби мазкур номидаанд, ки дар натиҷаи он 23 нафар афсарони ҳарбӣ ба ҳалокат расидаанд.
Манбаи расмӣ зикр намуд, ки тарафдорони ин ҳизб бинобар сабаби ба дарвозаи шаҳри Норак овехтани байрақи гурӯҳи “Давлати исломӣ” дастгир гадидаанд.
Тибқи маълумоти дастрасшуда роҳбари ҳизби мамнӯъшуда Муҳиддин Кабирӣ барои ба даст овардани паноҳандагӣ кӯшиш намудааст, вале аз ҷониби Анқара аз қаламрави Туркия берун карда шудааст.
Кабирӣ айни ҳол аз тарафи Интерпол бо бюллетени сурх дар кофтукоб қарор дошта, вақтҳои охир дар қаламрави шаҳри Дортмунди Германия қарор дорад.
https://tr.sputniknews.com/haberler/201708031029547698-tacikistan-dirilis-partisi-isid-daes-taliban-turkiye-rusya-teror-isbirligi-ankara-moskova-dusanbe-askeri-asya/
МАЪЛУМОТИ АМИТ “ХОВАР”:
Элиф Судагезер хабарнигори агентии иттилоотии «Спутник Туркия» буда, фаъолияташро дар агентии мазкур аз моҳи апрели соли 2017 шуруъ намудааст. То ин дам ӯ аз соли 2015 то соли 2017 дар ширкати «Piri Media/Yeni Şafak English» ба ҳайси муҳаррир кор кардааст. Элиф Судагезер ҳамчунин дар як зумра маҷаллаву рӯзномаҳо ва бахшҳои англисию туркии «Al Jazeera Media Network» фаъолият доштааст.








Донишҷӯёни Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор бо шароити хизмати сарбозон шинос шуданд
Муштарии ZET-MOBILE миллионер шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
НИШОНИ ҶАВОНМАРДӢ. Дар ҳошияи асари сиёсатшинос, сиёсатмадор, олим ва адиби нуктасанҷ Саймумин Ятимов
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба татбиқи технологияҳои рақамӣ дар низоми логистикӣ машварат доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии ҳарбӣ- варзишии «Ватанпарвар» доир гардид
«Одамон. Идеяҳо. Ҳаракат». Дар Душанбе нахустин форуми таҷрибаҳои идоракунӣ баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ТАЪСИРИ ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ БА РУҲИЯИ КӮДАКОН. Ва ё «оҳанро дар гармияш бояд кӯфт»
Соли 2025 шаҳрвандон ва соҳибкорон беш аз 6 миллион амалиёти ғайринақдиро анҷом доданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад






