Маркази миллии тестӣ: пас аз имтиҳонҳои дохилшавӣ махзани бойи маълумот доир ба фанҳо ва дониши довталабон пайдо мегардад
ДУШАНБЕ, 5.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. «Низоми Маркази миллии тестӣ имкон фароҳам овардааст, ки сатҳи дониши довталабон сол то сол боло равад». Ин нуктаро Сабзалӣ Ҷаъфаров, муовини аввали директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ бо доираи васеи хабарнигорон иброз намуд.
Номбурда гуфт, ки дар натиҷаи гузаронидани имтиҳонҳои дохилшавӣ як махзани бисёр бойи маълумот доир ба ҳар як фан ва дониши довталабон пайдо мегардад.
Ба таъкиди Сабзалӣ Ҷаъфаров, ҳамасола пас аз имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД) таҳлилҳо гузаронида мешаванд, ки дониши донишҷӯён дар кадом сатҳ қарор дорад
«Дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ стратегияе пеш гирифта мешавад, ки сатҳи дониши донишҷӯён тадриҷан баланд бардошта шавад. Аз ин лиҳоз сол то сол саволҳо мушкилтар мегарданд, ки ин кор барои баланд бардоштани савияи дониши довталабон роҳандозӣ шудааст»,- гуфт муовини аввали директори Маркази миллии тестӣ.








Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид






