Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 22.08.2017. /АМИТ «Ховар»/ Пагоҳ, 23 августи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис байни наврасон доир мегардад.
Бино ба иттилои котиби генералии Федератсияи тенниси Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирҳусейн Яҳёев, дар мусобиқаи мазкур наврасон аз Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Россия, Украина, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Туркия иштирок мекунанд.
Тавре аз Федератсияи тенниси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, мусобиқаи мазкур то 27 август идома меёбад.
Бояд гуфт, ки омодагӣ ба ин мусобиқаи байналмилалӣ хуб буда, синни иштирок дар мусобиқа барои писарон то 14 ва духтарон то 16 муайян карда шудааст.
Мусобиқаи мазкур дар «Корти тенниси тобистона»-и КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» баргузор гардида, он ба рушди ин намуди варзиш дар ҷумҳурӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим такони нав мебахшад. Дар мусобиқа барои ғолибони ҷои аввал ба духтарон ва писарон 7000 сомонӣ, барои ҷои дуюм 5600 сомонӣ, барои ҷои сеюм 3500 сомонӣ, барои ҷои якум, дуюм ва сеюми ҷуфти духтарон ва писарон мутаносибан 3500, 2800 ва 1750 сомонӣ мукофот пешбинӣ шудааст.
Мавриди зикр аст, ки ҳоло соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати кишвар ба ҳисоб рафта, он маҳз ба хотири таъмини оммавияти варзиш, таҳкими тарзи ҳаёти солим, мусоидат ба омодакунии варзишгарони касбии тоҷик барои иштирок дар мусобиқаҳои бонуфузи байналмилалӣ равона гардидааст.
Баргузории ин мусобиқаи муҳим ба арафаи таҷлили 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ рост омадааст, бинобарин он рамзи муттаҳидӣ, ягонагӣ ва дӯстӣ миёни халқҳои гуногун мебошад. Бешубҳа, теннис миёни дӯстдорони варзиши тоҷик шӯҳрати калон дошта, баҳри рушду ташаккули минбаъдаи он аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми тадбирҳо амалӣ мегарданд.
Хотиррасон менамоем, ки аввалин маротиба бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 марти соли 2005, нахустин Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис байни наврасон барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Сипас дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 июли соли 2006 дар шаҳри Душанбе байни наврасон ҳамасола Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд






