Ноҳияи Ш. Шоҳин: убури ғайриқонунии сарҳад пешгирӣ мешавад
Ш. ШОҲИН, 2.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон баҳри ҳимояи сарҳади давлатӣ ва пешгирии убури ғайриқонунии сарҳад дар шаш моҳи соли равон аз тарафи қисми ҳарбии 0308 –и Раёсати қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои мушаххас амалӣ карда шуданд. Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ бо хабарнигорон раиси ноҳия Почохон Зарифӣ хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, дар ин муддат аз тарафи сарбозону афсарони қисми ҳарбии мазкур 5,06 кг героин, 3,65 кг ҳашиш ва 97,56 кг бангдона мусодира ва як нафар бо маводи мухаддир дастгир карда шуд.
Дар ҷараёни нишаст зикр карда шуд, ки айни ҳол вазъ дар сарҳад ором буда, сарбозону афсарон бо шароити зарурӣ таъмин мебошанд.