ҶОМИ AFC: Имрӯз дастаи «Истиқлол» бо дастаи «Серес»-и Филиппин вомехӯрад

Август 22, 2017 16:08

ДУШАНБЕ, 22.08.2017 /АМИТ«Ховар»/. Шоми имрӯз дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе дар марҳилаи нимфиналии байниминтақавии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё -2017 бо дастаи «Серес»-и Филиппин вомехӯрад. Дастаи футболи «Серес» дар ду вохӯрӣ бар дастаи  футболи «Хоум Юнайтед»-и Сингапур бо ҳисоби 2:0 ва 1:2 ғалаба кард

Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба  АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, бозии аввали даври нимфиналии байниминтақавии Ҷоми КФО-2017 миёни дастаҳои «Истиқлол» ва «Серес»  дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор доир мегардад. Бозии ҷавобӣ 12 сентябр дар шаҳри Баколоди Филиппин ба нақша гирифта шудааст.

Сармураббии дастаи «Истиқлол»-и Душанбе Муҳсин Муҳаммадиев 21 август дар шаҳри Душанбе дар нишасти хабарии пеш аз бозӣ оид ба имкониятҳои дастаи худ ва ҳариф ибрози назар карда, таъкид кард, ки «мо чун ҳарвақта барои бозиҳои даври гурӯҳӣ  омодагии хуб дидаем. Бояд гуфт, ки дар ин марҳила дастаҳои суст боқӣ намондаанд. Дастаи «Серес Негрос» низ дастаи пурқувват аст ва 80 фоизи ин дастаро футболбозони дигар давлатҳое, ки шаҳрвандии Филиппинро қабул кардаанд, ташкил медиҳанд.  Новобаста ба ин, мо аз онҳо ҳарос надорем. Боварӣ дорам, ки муваффақият насиби мо мешавад».

Сармураббии дастаи «Серес Негрос»-и Филиппин Ристо Видакович  мегӯяд, ки бори аввал аст бо ин даста қувва меозмоянд: «Мо бозиҳои зиёди «Истиқлол»-ро тамошо кардем. Дастаи «Истиқлол» дастаи тавоно аст ва ҳамеша дар ҳуҷум мебошад. Бинобар ин мо кӯшиш мекунем, ки бозии беҳтарини худро нишон диҳем. Дастаи «Серес Негрос» бори аввал аст, ки ба чунин марҳилаи Ҷоми AFC роҳ меёбад. Аз ин рӯ барои мо натиҷа дар ин давр басо муҳим мебошад».

       Дар сурати пирӯзӣ дастаи «Истиқлол» дар даври финалии байниминтақавӣ бо ғолиби ҷуфти   «Бенгалуру»-и   Ҳиндустон — дастаи «25 апрел»-и Кореяи Шимолӣ  рақобат мекунад.

Бозиҳои ниҳоии байниминтақавӣ 27 сентябр ва 18 октябр баргузор мешаванд.

Август 22, 2017 16:08

Хабарҳои дигари ин бахш

ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд