Паҳлавонони Тоҷикистон дар Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо иштирок мекунанд
ДУШАНБЕ, 28.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо, ки аз 28 август то 3 сентябр дар пойтахти Венгрия–шаҳри Будапешт баргузор мешавад, ширкат мекунанд. Дар ин бора сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии дзюдо хабар медиҳад.
Дар ин мусобиқа иштироки тақрибан 800 варзишгар (484 мард ва 312 зан) аз 136 кишвар дар назар аст. Мусобиқаи номбурда ҳафт рӯз идома карда, варзишгарон барои 14 маҷмӯи медалҳо миёни мардону занон, инчунин барои як маҷмӯи ҷоизаҳо дар сабқати дастаҳои мунтахаби омехта мубориза мебаранд.
Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон ҳашт варзишгар шомиланд, ки дар рақобатҳо миёни мардон иштирок мекунанд. Ҳайти дастаи Тоҷикистон дар Чемпионатьи ҷаҳон чунин аст:
-60 кило – Сӯҳроб Боқиев;
— 66 кило – Хушқадам Хусравов;
— 73 кило – Саидмухтор Расулов;
— 73 кило – Беҳрӯзи Хоҷазода;
— 81 кило – Садр Боев;
— 90 кило – Комроншоҳи Устопириён;
— 100 кило – Саидҷалол Саидов.
— 100 кило – Шакармамад Мирмамадов.
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд






