Рустам Ваҳҳобзода, сармуҳаррири маҷаллаи «Садои шарқ»: «Сарфи беҳуда нишон аз беназмист»
ДУШАНБЕ, 15.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Чанде пеш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории худ барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро пешниҳод намуданд. Шоир Рустами Ваҳҳобзода ин иқдомро бисёр саривақтӣ дониста, мегӯяд, ки бояд корҳо дар ин самт бо тадбир анҷом дода шаванд, то боиси норозигӣ ва нофаҳмӣ нашаванд.
«Ман дар ёд дорам, ки дар давраи кӯдакии мо маъракаҳо бисёр сода баргузор мегаштанд. Дар ёд дорам, ки як нафар марди солхӯрда, ки писаронаш хурд буданд, дар назди рӯҳониён ва фарзандонаш васият карда буд, ки баъди даргузашти ӯ чорвое, ки дар хонаводааш буд, барои худоиҳояш сарф нашавад, балки ба ихтиёри кӯдаконаш боқӣ монда шавад. Баъди оне, ки онҳо калон шуданд, дасташон, ки расид, хайру садақа мекунанд. Ин мавзӯъ то ҷое илмӣ ҳам ҳаст. Бояд ки саҳеҳу дуруст фаҳмида ва дуруст фаҳмонида шавад. Мақсад аз додани таом чӣ аст? Додани таом дар маросимҳои шодӣ як навъ ҳадя аст. Дар маросимҳои сӯгворӣ садақа аст. Ҳатто дар фарҳанги исломии мо низ омадааст, ки он нафароне, ки қуввати гирифтани рӯза надоранд, барои ҷуброни он метавонанд чанд нафар муҳтоҷро ба унвони садақа таом диҳанд ва ин фарз аз онҳо бардошта мешавад. Вақте ки мо таомро ба унвони садақа медиҳем, бояд, ки шароити садақаро дошта бошад. Шароити садақа ин аст, ки таом ба шахси муҳтоҷ дода шавад. Шахси муҳтоҷ ба таом он касест, ки нони рӯзиеро, ки дода мешавад, аз он бенасиб бошад ва онро бо дигар роҳ пайдо карда натавонад. Имрӯз мо маросиму худоиҳое, ки фалсафа ва ҳувияташон он қадар маълум нест, зиёд дорем. Ҳоло чунин шудааст, ки мардумро бо даъвати паёпай ба ин маросимҳо мебаранд. Мардуми сер, мардуме ки эҳтиёҷ ба ғизо надоранд, ҳатто дар рафтан бо як норозигӣ мераванд. Таом бояд ба шахси муҳтоҷ дода шавад»,-изҳор кард шоир.
«Даврае, ки мо кӯдак будем, дар маросимҳои азодорӣ фақат ҳамон нону таоми сода буд, дар суфраҳо ба мисли имрӯза чизи зиёд набуд. Ҳоло дастурхони худоиро аз дастурхони тӯй фарқ карда намешавад. Масалан, мегуфтанд, ки хуб нест ба хотири майит дар сурфа ширинӣ гузорӣ. Ҳоло ин чизҳо аз байн рафтааст ва исрофкорӣ хеле дар сатҳи баланд ба чашм мерасад», — мегӯяд Рустам Ваҳҳобзода.
Ба андешаи ӯ, пештар ҳам дар байни худи мардум гуфтугӯ дар бораи исрофи аз ҳад зиёд ва аз андоза зиёд шудани маросимҳои шодӣ ва сӯгворӣ бисёр гуфта мешуд. Касе набуд ки дар ин бора сухан нагӯяд. Барои як кӯдак 70 маърака фикр карда, баровардаанд: рӯбинон, гаҳворабандон, чароғсӯзон, ақиқа… Баъзеи инҳо дар гузашта ҳам буданд, вале на ба шакли имрӯза. Ин маросимҳо пеш дар доираи хонавода ҷашн гирифта мешуданд, имрӯз онҳо ба маъракаҳои калон табдил ёфтаанд. «Мардуми мо ғайр аз ин ки ҳама дороиҳояшон сарфи ин маъракаҳо мешавад, кори дигаре надоранд. Аз як тараф тамоми дороиҳо, аз тарафи дигар вақташон сарфи маъракаву маъракагардӣ мешаваду бас. Ин беназмие беш нест. Ба назм даровардани ин чизҳо ба хотири назму низом ва тартиби муайяни зиндагии иҷтимоии кишвар бисёр зарурист»,-иброз дошт Рустами Ваҳҳобзода.