САТРУ ҲИҶОБ, ҶИНСИ ТАНГУ ДАРИДА ВА ЮБКАИ КӮТОҲ НАПӮШЕД! Тавсияҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хонандагони муассисаҳои таълимии мамлакат

Август 17, 2017 10:45

ДУШАНБЕ, 17.08.2017. /АМИТ «Ховар»/. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сомонаи расмии худ дастурамали либоси хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумии кишварро интишор кард. Тибқи меъёрҳои дастурамали интишоршуда, ба духтарони мактабхон ҳангоми дар мактабҳо будан пӯшидани сатру ҳиҷоб, ҷинсҳои танг ва дарида, юбкаҳои кӯтоҳ ва танг, овехтани зиёда аз як гӯшвор дар гӯш, рангу бори аз меъёр зиёди рўю лабҳо ва абрӯвон манъ карда шудааст.

Ба писарон мондани ришу мӯи сар ва нохунҳои дароз, овехтани  гӯшвор ва ангуштарин манъ буда, пӯшидани шими ҷинс танҳо дар фасли зимистон иҷозат дода шудааст.

Ҳамчунин Вазорати маориф ва илми мамлакат ба хонандагон тавсия медиҳад, ки либоси аз матои сунъӣ (синтетикӣ) омодашударо ба бар накунанд. Ба духтарони мактабхон иҷозат дода мешавад, ки рӯймолҳо ва тоқиҳои миллӣ пӯшанд. Ба писарон ва духтарони мактабхон ҳангоми дар мактаб будан холкӯбӣ (татуировка — расму тасвирҳои дар дасту пой, рўю бадан гулкоришуда), пӯшидани футболкаҳо бо навиштаҷоти рекламавӣ ва рамзҳои давлатии кишварҳои дигар манъ мебошад.

Ба ҳамаи хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумии кишвар пӯшидани либоси варзишӣ зимни машғулиятҳо, ба ғайр аз дарси  тарбияи ҷисмонӣ ва рӯзҳои ҳашар, манъ аст.

Дар рӯзҳои ид ба хонандагон тавсия дода мешавад, ки либоси расмӣ пӯшанд, барои писарон — костюмҳои сиёҳ ё кабуд, пойафзол бо чунин ранг, куртаи сафеди остиндароз ё остинкӯтоҳ, галстук,  барои духтарон –нимдоман (юбка) -ҳои сиёҳ ё кабуди аз зону поён, пойафзол бо чунин ранг,  куртаи сафеди остиндароз ё остинкӯтоҳ, галстук, ё шиму костюм. Духтарҳо метавонанд ҳамчунин либоси миллӣ ба бар кунанд.

Вазорати маориф ва илми ҶТ ҳамчунин тавсия медиҳад, ки либоси мактабӣ аз истеҳсолкунандагони ватанӣ харидорӣ шавад, вале ин кор маҷбурӣ нест.

Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» маълум гардид, ин танҳо тавсия аст, касе ҳақ надорад, ки волидонро барои харидории либоси мактабӣ аз ин ё он нуқтаи савдо маҷбур созад ва ё аз онҳо расиди харид талаб кунад. Агар либоси соли гузаштаи хонандагон  дар ҳолати хуб боқӣ монда бошад, метавонанд онро ба бар кунанд.

Новый рисунок (8) Новый рисунок (7) Новый рисунок (6) Новый рисунок (5) Новый рисунок (4) Новый рисунок (3) Новый рисунок (1) Новый рисунок

Новый рисунок (15)

Новый рисунок (12) Новый рисунок (11) Новый рисунок (10) Новый рисунок (9)

Новый рисунок (14) Новый рисунок (13)

 

Август 17, 2017 10:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид
МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. Судяҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо волидону хонандагон вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе оид ба нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ форуми байналмилалӣ баргузор гардид