ҚУЛЛАЕ АНДАР ҚАТОРИ САД ҲАЗОРОН ҚУЛЛАҲО… Аз панҷ се қуллаи баландтарини ҷаҳон дар кӯҳҳои Тоҷикистон ҷойгиранд

Август 8, 2017 11:48

ДУШАНБЕ, 08.08.2017/АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз, 8 август ҷомеаи кӯҳнавардони ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон Рӯзи байналмилалии кӯҳнавардонро таҷлил менамоянд.

Таърихи зуҳури Рӯзи ҷаҳонии кӯҳнавардон

Бояд тазаккур дод, ки таҷлили Рӯзи ҷаҳонии  кӯҳнавардон аз санае сарчашма мегирад, ки ҳанӯз 231 сол муқаддам, аниқтараш 8 августи соли  1786  табиби швейтсарӣ  Мишел Габриел Пакард (1757-1827) ва шикорчӣ, роҳбалади кӯҳӣ Жак Балма (1762-1834)   аввалин шуда, дар байни кӯҳнавардон нуқтаи баландтарини кӯҳи Алп- қуллаи Монбланро, ки дар баландии 4810 метр аз сатҳи баҳр қарор дорад, фатҳ намуданд.  Аз ҳамон рӯз инҷониб ҳамасола дар саросари ҷаҳон 8 август чун Рӯзи байналмилалии кӯҳнавардон таҷлил мегардад.

Тоҷикистон-сарзамини кӯҳҳои сарбафалаккашида

Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари кӯҳистон буда, 93 фоизи онро кӯҳҳо ташкил медиҳанд. Ин кӯҳҳои сарбафалаккашида бо зебоиҳои нотакрорашон дили садҳо сайёҳону кӯҳнавардонро дар  саросари  ҷаҳон тасхир намудаанд. Аз ин ҷост,  ки Тоҷикистонро бо ҷолибияти кӯҳҳо ва табиати назаррабояш  «Швейтсарияи дуюм» дар минтақаи Осиёи Марказӣ ном мебаранд.

Кулла

Баландтарин қуллаи «Боми ҷаҳон»-ро зан низ фатҳ намудааст

Давлат Хабиб _2Давлат Ҳабибов –раиси Шӯро оид ба рушди туризми Тоҷикистон  дар Рӯзи байналмилалии кӯҳнавардон зимни суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки  бахши кӯҳнавардӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таърихи беш аз якасра дорад. Асосан ба кишвари  мо дар  оғози садаи гузашта олимон, таҳқиқотгарону ҷаҳонгардон аз Россия ва Британияи Кабир бо экспедитсияҳои алоҳида сафар карда, бо таҳияи харитаи минтақа баландии кӯҳҳо, ҳаҷми пиряхҳо ва оби дарёҳоро муайян мекарданд.  Аз ин ҷост, ки бисёр қуллаҳои баланди Тоҷикистон номҳои олимон ва  шахсиятҳои машҳури он замонро гирифтаанд.  Баландтарин қулла дар Тоҷикистон дар кӯҳҳои Помир  ё худ «Боми ҷаҳон» доман густурдааст, ки 7495 метрро ташкил медиҳад ва  соли 1999 қуллаи мазкур  ба номи асосгузори  нахустин давлати тоҷикон- Исмоили Сомонӣ гузошта шуд. Қаблан ин қулларо «Коммунизм» ном мебурданд. Қуллаи Исмоили Сомонӣ, ки дар қисмати шимолу ғарби кӯҳҳои Помир воқеъ гардидааст, ҳанӯз соли 1928 қисмати  шарқии  он аз ҷониби олимону кӯҳнавардон  кашф гардида буд. Баъд аз панҷ сол -соли 1933  қуллаи мазкур аз ҷониби Евгений Абалаков дар ҳайати экспедитсияи Академияи илмҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ  фатҳ гардид, ки дар натиҷа ду нафар аз иштирокдорони экспедитсия ба ҳалокат расиданд. Дар соли 1968 Эдуард Мисловский  бори нахуст қисмати ҷанубу ғарбии девори қулларо фатҳ намуда, худи ҳамон сол  аввалин маротиба  зан –Устоди варзиш  Людмила Агроновская ба қуллаи Исмоили  Сомонӣ баромад.  Ҳамзамон баъди 18 сол, аниқтараш моҳи феврали соли 1986 кӯҳнавардон  бори нахуст дар мавсими зимистон ба қуллаи баландтарини «Боми ҷаҳон»  баромаданд.

кухнавард 1

 Чанд қуллаи баландтарини ҷаҳон дар кӯҳҳои Тоҷикистон ҷойгиранд

Дар бахши кӯҳнавардӣ унвони «Бабри барфӣ» вуҷуд дорад, ки онро ба кӯҳнавардоне, ки панҷ қуллаи баландтаринро фатҳ  намудаанд, тақдим мекунанд. «Бабри барфӣ» дар ҷомеаи  кӯҳнавардон ҳамчун рутба эътироф гардидааст.  Аз панҷ  қуллаи баландтарини ҷаҳон сетои он  дар  ҳудуди Тоҷикистон мавҷуданд, ки инҳо қуллаҳои ба номи Исмоили  Сомонӣ (7495 метр), Евгения Корженевская (7105 метр) ва қуллаи ба номи Абуалӣ ибни  Сино (7134 метр) мебошанд.  Ҳамасола бо мақсади дарёфти  унвони «Бабри барфӣ» барои фатҳи қуллаҳои баланд ба кишварамон даҳҳо нафар кӯҳнавардон аз давлатҳои  Россия Беларус,  Украина, кишварҳои соҳили Балтика  ва Аврупо меоянд. Қуллаҳои  кӯҳҳои Тоҷикистон, ки  хеле баланд, мушкилгузар   ва ниҳоят назаррабову тасхиркунандаанд, барои ҷалби бештари  кӯҳнавардон ба Тоҷикистон замина мегарданд.

альпинист 1

Давлат Ҳабибов зикр кард, ки ҳамасола ба Ҷумҳурии Тоҷикистон тақрибан  аз 4 то 5 ҳазор нафар сайёҳон- кӯҳнавардон  меоянд. Қисмати  бештари  онҳо ба кӯҳҳои Фон мераванд ва он ҳам на барои кӯҳнавардӣ,  балки  барои сайругашт дар кӯҳистони тоҷик. Онҳо як муддат худро аз ҷомеа ва тамаддун дур гирифта,  дар табиат зиндагӣ менамоянд ва аз зебоиҳои нотакрори табиати кӯҳистони Тоҷикистон, ки хеле дилрабоянд, кайфияту ҳаловат  мебаранд.

Иқдомҳои наҷиби Ҳукумати Тоҷикистон дар самти рушди туризми кӯҳнавардӣ

       альпинистДар зарфи  солҳои  Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз ҷониби Ҳукумат ва қабл аз ҳама аз ҷониби  Сарвари давлати Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди  соҳаи  сайёҳӣ, бахусус густариши  саёҳати варзишӣ- кӯҳнавардӣ  таваҷҷуҳи махсус дода шуда, корҳои зиёд ба анҷом  расонида шуданд. Таҳия ва қабули Барномаи рушди туризм дар кишвар, қабули қонуни соҳавӣ  ва Қонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Дар бораи сайёҳии дохилӣ», фароҳам овардани шароити муосир барои рушди туризм, бахусус барои ширкатҳои  сайёҳӣ додани  имтиёзҳо бо мақсади рушди  инфрасохтори туризм ва таъсиси   сохтори алоҳида дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – Кумита оид ба рушди туризми назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз иқдомҳои наҷибу дурандешонаи Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди туризм, бахусус кӯҳнавардӣ дар кишварамон мебошанд.

Таҷлили иди касбии кӯҳнавардон дар «Боми ҷаҳон»

кухнавардонДавлат Ҳабибов зикр кард, ки соли равон дар иртибот ба таҷлили  Рӯзи байналмилалии кӯҳнавардон Шӯрои рушди туризми Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи рушди туризм бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаҳои сатҳи байналмилалӣ  мегузаронад, ки яке аз онҳо ташкили экспедитсияи байналмилалии кӯҳнавардӣ  ҷиҳати баромадан ба қуллаҳои Исмоили Сомонӣ ва Евгения Корженевская дар кӯҳҳои Помир мебошад. Экспедитсияи мазкур аз 15 июл оғоз гардидааст ва  дар он 80 нафар  кӯҳнавардони 15 кишвари дунё ба фатҳи ду куллаи бузург- қуллаи Исмоили  Сомонӣ ва Евгения Корженевская машғуланд. Дар Рӯзи байналмилалии  кӯҳнавардон дар майдончаи  назди пиряхи Москвина, ки  дар баландии  4300 метр дар «Боми ҷаҳон»   воқеъ аст,  кӯҳнавардон иди касбии худро таҷлил менамоянд.

Сайёҳони кӯҳнавард — муаррифи Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ

 кухнавард-2 Ҳамзамон Шӯрои рушди туризм дар самти  ташкил ва таъмини рафту омад, буду бош ва бехатарии гурӯҳҳои  сайёҳон ва кӯҳнавардон дар минтақаҳои кӯҳии кишвар,  бахусус дар кӯҳҳои Помир ва Зарафшон  дар ҳамкорӣ бо дигар сохторҳои марбута корҳои назаррас анҷом медиҳад. Бояд тазаккур дод, ки нақши сайёҳон-кӯҳнавардон дар муаррифии кишварамон –Тоҷикистон, ки дорои имкониятҳои бои табиию фарҳангист,  хеле бузург аст, зеро сайёҳон зимни саёҳат таассурот ва андешаҳои худро аз Тоҷикистон на танҳо ба пайвандону наздикон, балки тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба хонандагон ва дӯстони худ мерасонанд. Аз ин рӯ, дар ин мавридҳо муносибати хуб ва хизматрасонии  сатҳи баланд  аз ҷониби кишвари қабулкунанда ва сохторҳои он хеле муҳим аст. Инчунин ҳамасола Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди туризм- кӯҳнавардӣ  ва муаррифии дастовардҳои соҳаи сайёҳӣ дар намоишгоҳҳои байналмилалии туристӣ иштирок менамояд. Дар зинаҳои намоён мавқеъ гирифтани  кишварамон аз лиҳози рушди сайёҳӣ, аз ҷумла кӯҳнавардӣ шаҳодати ин гуфтаҳост.

Аз ҳисоби мардуми  маҳаллӣ барои кӯҳнавардон роҳбаладон омода мегарданд

Туризм-8Алҳол  дар  Тоҷикистон беш аз сад ширкати сайёҳӣ фаъолият менамоянд, ки 25 фоизи онҳо ба  ҷалби кӯҳнавардон  машғуланд. Аз ҷониби ин ширкатҳо дар минтақаҳои  кӯҳистони ҷумҳурӣ  нуқтаҳои гуногуни хизматрасонӣ, аз ҷумла нақлиёт, роҳбаландон  ва дигар воситаҳое, ки барои  хизматрасонӣ ба кӯҳнавардон заруранд, фароҳам оварда шудаанд, ки ба сайёҳон ва кӯҳнавардон хизмат мерасонанд ва ба рушди  сайёҳӣ дар кишварамон мусоидат менамоянд.  Бо назардошти он ки Ҷумҳурии Тоҷикистон сарзамини кӯҳистон аст,  дар  бархе аз сохторҳои низомии кишвар, аз ҷумла  Вазорати мудофиа,  Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  воҳидҳои махсус  фаъолият менамоянд, ки  дар онҳо мутахассисони бахши кӯҳнавардӣ омода гардида, дар маҷмӯъ ҷомеаи кӯҳнавардии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд. Инчунин ширкатҳои сайёҳие, ки ба кӯҳнавардон хизмат мерасонанд, барои бахши кӯҳнавардӣ роҳбаладону мутахассисон тайёр мекунанд.

Туризм-13

Бо вуҷуди он ки мардуми тоҷик аз қадимулайём табиатан  мардуми чеҳракушод ва меҳмоннавоз аст, аз  ҷониби ширкатҳои сайёҳии маҳаллӣ бо ҷалби шарикони рушд дар байни   мардуми маҳаллӣ  дар мавриди муносибату муошират  бо сайёҳону кӯҳнавардон корҳои тарғиботӣ гузаронида шуда,  аз байни онҳо роҳбаландон омода мегарданд. Ҳамзамон дар бархе аз донишгоҳҳои ҷумҳурӣ мутахассисони бахши туризм тайёр карда мешаванд.

Дар Тоҷикистон мардуми асили кӯҳистонӣ бидуни найрангбозӣ ва поквиҷдонона зиндагӣ мекунанд

Туризм-7Бояд зикр кард, ки дар сатҳи баланд хизмат расонидан ба сайёҳ-кӯҳнавард имкон медиҳад, ки  ӯ дар дар кишвари хориҷӣ дӯст пайдо кунад. Дар соли оянда ин сайёҳ метавонад боз ба чандин сайёҳи эҳтимолӣ тавсия ва маслиҳат диҳад, ки ба минтақаҳои кӯҳистони Тоҷикистон  сафар карда,  чунин хатсайрҳоро  истифода намоянд, фалон  шахсро, ки ба ӯ роҳбаладӣ намуда буд, интихоб кунанд, мардуми минтақаеро, ки худ он ҷо буд,  хеле хоксору  самимӣ, ҳалиму меҳрубон ва меҳмондӯстдору чеҳракушод муаррифӣ кунад.

Хулосаи бештари сайёҳони хориҷӣ нисбат ба мардуми мо ин аст, ки дар Тоҷикистон мардуми асили кӯҳистонӣ  бидуни найрангбозӣ ва поквиҷдонона  зиндагӣ мекунанд. Яъне як сайёҳ –кӯҳнавард зимни саёҳат ба Тоҷикистон имкони фаровон дорад,  то бидуни ягон муҳобот ва мақсади ғаразнок  дар бораи  табиатан самимӣ будани мардумамон ва зебоиҳои нотакрори табиат ва минтақаҳои кӯҳистони тоҷик ба дӯстону пайвандон нақл кунад ва тавсия диҳад,  ки аз Тоҷикистон ҳатман  боздид намоянд. Дар ин росто мебояд сатҳ ва фарҳанги хизматрасонии бахши сайёҳиро дар кишварамон густариш диҳем,  аз ҳисоби мардумони маҳаллӣ, ки табиатан самимӣ  ва хушахлоқанд –роҳбаладону мутахассисони ҳирфаӣ  омода созем.

Тоҷикистон ҷиҳати ҷалби бештари кӯҳнавардон низоми дастрасӣ ба  раводиди электронӣ ҷорӣ намудааст

  кухнавард -3Яке аз омилҳои ба мушкилот ва баъзан ба марг рӯ ба рӯ гардидани кӯҳнавардон дар кӯҳҳои кишвармон он  аст, ки  бархе аз онҳо бидуни истифода аз хизмати ширкатҳои сайёҳӣ ва роҳбаладон ба таври худфаъол ва мустақим хатсайрашонро тарҳрезӣ намуда, ба кишвари мо меоянд ва ба кӯҳнавардӣ машғул мегарданд. Дар баъзе маврид  на ҳама сайёҳон  оид ба буду бош  ва шароиту имкониятҳои кишвари мо  маълумоти пурра дар даст доранд. Дар ин росто,  дар баъзе мавридҳо аз ҷониби масъулини сохторҳои марбута онҳо назорат ва санҷиш гардида, баъзан бо ҷурми нақзи қонуну санадҳои меъёрию ҳуқуқии  кишварамон  ҷарима ҳам пардохт мекунанд.

Бояд тазаккур дод, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрасӣ ба раводиди электронӣ ба роҳ монда шудааст ва дилхоҳ сайёҳи хориҷӣ, аз ҷумла кӯҳнавардон  метавонанд  бо истифода аз шабакаи интернет бо пешниҳоди маълумотнома  дар бораи худ раводиди Тоҷикистонро дастрас намоянд ва ин низом қадами устуворест дар самти  ҷалби сайёҳон ба кишвар ва осон намудани раванди дастрас намудани раводиди Ҷумҳурии   Тоҷикистон.

Тоҷикистон дар минтақа ба мавқеи туристии худ тақвият мебахшад

Туризм-5Давлат Ҳабибов  афзуд, ки  Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз ҳисоби бахши кӯҳнавардӣ ба ҳисоби миёна ҳамасола қариб 500 ҳазор доллар  фоида ба даст меорад. Дар маҷмӯъ аз ҳисоби туризм  дар як сол ба ҳисоби миёна ба буҷети кишварамон беш аз 200 миллион доллар ворид карда мешавад. Назар ба гуфти мусоҳибамон, дар аксар маврид сайёҳону қӯҳнавардон ҷиҳати анҷом додани сайру саёҳат ба Тоҷикистон роҳҳоеро пайдо ва истифода бурдан мехоҳанд, ки барои онҳо қулай, осон  ва арзон бошанд. Пеш аз ҳама, сайёҳон-кӯҳнавардон мехоҳанд бо як сафар  ва хатсайри ҳавоӣ аз якчанд кишвари Осиёи Марказӣ боздид намоянд. Ин дар ҳолест, ки ширкатҳои туристӣ ва сохторҳои марбутаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҷалби бештари  сайёҳон–кӯҳнавардон ба кишварамон аз тамоми имконияту шароити мусоиди туристии сарзаминамон истифода намуда, ҷиҳати паҳн намудани иттилоот ва маҳсулоти туристӣ ва дар ин замина муаррифии дастовардҳои сайёҳӣ-кӯҳнавардии Тоҷикистон ҳамасола дар намоишгоҳҳои байналмилалии туристӣ, ки дар Олмон, Россия, Ӯзбекистон ва дигар кишварҳои ҷаҳон доир мегарданд, фаъолона иштирок менамоянд. Ин раванд дар самти рушди туризми кӯҳнавардӣ ва тақвияти мавқеъ ва нуфузи сайёҳии Тоҷикистон дар миқёси кишварҳои минтақа  ва ҷаҳон қадами устувор маҳсуб мешавад.

Марзия САИДЗОДА

Август 8, 2017 11:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ хуруҷи бемории Mpox-ро ҳолати фавқулодаи ҷаҳонӣ эълон намуд
Имрӯз филмбардор ва аккоси маъруф Заур Дахте аз олам даргузашт
Бар асари обхезӣ дар Африқои Ғарбӣ беш аз 70 нафар ҳалок гардид
Лайфхак: чӣ тавр метавон ҳаҷми интернети мобилиро бештар кард
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Хуҷанд доир ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ вохӯрӣ доир шуд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар «Тоҷикаэронавигатсия» доир ба такмили донишҳои ҳуқуқӣ ҳамоиш баргузор шуд
ТАВАҶҶУҲ! Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ: «Аз шаҳрвандони Тоҷикистон даъват мешавад, ки талаботи нави қонунгузорӣ дар самти муҳоҷиратро дар Русия риоя кунанд»
Дар натиҷаи тирпаронӣ дар Донишгоҳи амрикоии иёлати Вирҷиния чор нафар маҷруҳ шуд
Дар Бадахшон 30-солагии таъсиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон таҷлил шуд
Олимони тоҷик дар машварати илмӣ оид ба баланд бардоштани самаранокии идоракунии хавфҳои биологӣ иштирок намуданд
Бахшида ба Рӯзи кормандони хадамоти ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон омадани сел аз эҳтимол дур нест