ВАРЗИШГАРИ ТОҶИК ДАР ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ОИД БА ДЗЮДО СОҲИБИ МЕДАЛИ БИРИНҶӢ ГАРДИД!

Август 11, 2017 10:23

ДУШАНБЕ, 11.08.2017 /АМИТ «Ховар»/ Варзишгари тоҷик Ҷамолиддин Абдуллоев дар Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо миёни наврасон, ки дар шаҳри Сантягои Чили ҷараён дорад, дар вазни -66 кило сазовори медали биринҷӣ гардид.

Тавре аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон  ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, Ҷамолиддин дар даври муқаддамотӣ бар Чинг Лонг Вонг (Ҳонконг), Макрос Сантос (Бразил), Петру Паливан (Молдова) ғолиб омад, аммо аз Марк Кристон (Булғория), ки сазовори медали нуқра гардид, шикаст хӯрд. Дар рақобатҳо барои ҷои сеюм паҳлавони навраси тоҷик бар Лан Кукита (Аргентина) ва Байрам Кендемир (Туркия) ғалаба кард. Медали тиллоро дар вазни -66 кило варзишгари Япония Ранто Катсура ба даст овард. Медали дигари биринҷӣ насиби  варзишгари  Канада Кеган Ёнг    шуд.

Аз ҷумҳурии мо дар чемпионати мазкур ба ғайр аз Ҷамолиддин Абдуллоев 4 варзишгари дигар – Қурбоналӣ Бозоров (вазни -60 кг), Разиаллоҳ Лоиқов (-66 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (-81 кг) ва Эмомризо Қурбонов (-90 кг) иштирок доранд. То имрӯз рақобатҳо аз рӯи 4 вазн баргузор шуданд. Ду варзишгари мо – Қурбоналӣ Бозоров ва Разиаллоҳ Лоиқов дар марҳилаи муқаддамотӣ аз ҳарифонашон мағлуб гаштанд.

Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни -81 кило имрӯз, 11 август ва Эмомризо Қурбонов дар вазни -90 кило фардо, 12 август рӯи гилем мебароянд.

Ёдовар мешавем, ки рақобатҳо барои ба даст овардани медалҳо 9 август шурӯъ шуда, то 13 август идома меёбанд. Дар чемпионат 441 варзишгар (занону мардон) аз 68 давлат иштирок доранд.

 

Август 11, 2017 10:23

Хабарҳои дигари ин бахш

ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд