ҒАЛАБА МУБОРАК! Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар шаҳри Катманду дастаи мунтахаби Непалро бо ҳисоби 2:1 мағлуб намуд
ДУШАНБЕ, 05.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Чанд дақиқа пеш дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар даври сеюми мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 бар дастаи мунтахаби футболи Непал бо ҳисоби 2:1 ғолиб омад.
Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, бозии гурӯҳи «F» байни дастаҳои мунтахаби футболи Тоҷикистон ва Непал дар шаҳри Катманду баргузор шуд.
Ҳисобро дар дақиқаи 25-ум Манучеҳр Ҷалилов, ҳамлагари дастаи мунтахаби Тоҷикистон боз кард. Баъди панҷ дақиқа голи дуюми меҳмононро Дилшод Восиев ба ҳадаф расонд. Дар нимаи дуюми бозӣ, дар дақиқаи 51-ум, зарбаи бозингари мизбонон Бимал Ғартӣ Магар ба ҳадаф расид.
Дар ҳамин ҳол дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҷадвали мусобиқа бо се имтиёз дар зинаи сеюм қарор дорад. Дастаи Непал бо як имтиёз дар ҷойи чаҳорум аст.
Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон нахустин бозиашро дар рақобатҳои муқаддамотии Ҷоми Осиё-2019 ба дастаи мунтахаби Яман бо ҳисоби 1:2 бохта буд. Ин бозии даври аввали гурӯҳи «F» 28 март дар пойтахти Қатар – Доҳа, дар варзишгоҳи Суҳейм Бин Ҳамад, ки мизбонии онро дастаи мунтахаби Яман бар уҳда дошт, барпо гардид.
Футболбозони тоҷик дар бозии дуюмашон, ки 13 июн дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор шуд, аз дастаи мунтахаби Филиппин бо ҳисоби 3:4 шикаст хӯрда буданд.








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад






