«Анҷуман ва сарнавишти тоҷикон», «Як руҷӯи кӯтоҳи ишқ» — шарҳи матбуот

Сентябрь 28, 2017 15:17

ДУШАНБЕ, 28.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Нашрияи расмии  «Ҷумҳурият» (25.09.2017, №201) ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ, ки ҳамасола 5 октябр ҷашн гирифта мешавад, мақолаи Абдусаттор Абдуқодиров, профессори Донишгоҳи давлатии Хуҷандро таҳти сарлавҳаи «Забон. Асолати онро ҳифз бояд кард» чоп кардааст. Муаллиф навиштааст: «Забон дар ҳамаи давру замонҳо як рукни давлатдорӣ буд. Аз рӯи баҳои сарварони давлат ба забон ҳадафҳои сиёсии давлатдорӣ муайян мегардид. Ба туфайли ташаббус ва кӯшишҳои пайгиронаи Пешвои миллат дар як муддати кӯтоҳ дар фаҳмиши моҳият ва корбурди забони миллӣ нуқтаи назар ва таҷрибаи ғаноманди амалӣ ба даст омад, ки аз он, дар маҷмӯъ, сиёсати забон пайдо гашт». Дар идомаи мулоҳизаҳо оид ба забони давлатӣ А.Абдуқодиров изҳор кардааст, ки офарандаи забон халқ аст, устодони сухан – шоирону нависандагон забонро сайқал медиҳанд, олимони суханшинос қоидаву қонуниятҳои забонро муайян менамоянд ва рисолати аҳли ҷомеа инкишоф додани забон мебошад. Дар ҳамин мавзӯъ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр карданд: «Бо шукронаи соҳибихтиёриву соҳибватанӣ вазифаи муқаддаси ҳар як фарди бонангу номуси миллат аз он иборат аст, ки асолати забони тоҷикиро чун неъмати бебаҳо ҳифз намояд ва барои инкишофи он саҳм гузорад. Ин забон, ки забони модарии мост, барои мо – тоҷикон чун шири модар муқаддас мебошад».

Нашрия дар идомаи ҳамин мавзӯъ мақолаи номзади илмҳои филологӣ Нуралӣ Нурзодро таҳти сарлавҳаи «Забони тоҷикӣ ва нақши Айнӣ дар сарнавишти он» пешкаши хонандагон кардааст. Мақолаҳои «Тағйирот ба қонун тағйирот ба рӯзгори шаҳрвандон аст», «Танзим — шаҳрвандон бетафовут набуданд ва нестанд», «Лаёқат ва нуфузи хонандагони тоҷик дар сатҳи байналмилалӣ», «Обу обрасонӣ. Бемасъулиятӣ моро то куҷо мебарад?» дар мавзӯъҳои муҳими рӯз навишта шуда, аз ҷониби хонандагони нашрия хуш пазируфта хоҳанд шуд.

Дар шумораи навбатии «Ҷумҳурият» (27.09.2017, №203) ба ифтихори 25-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарлавҳаи «Анҷуман ва сарнавишти тоҷикон» мақолаи Р.Каримова, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон нашр шудааст. Муаллиф дар мақола рӯзҳои нахустини баргузор шудани Иҷлосияи таърихиро ёдовар шуда, навиштааст: «Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои муҳими сарнавиштсози зеринро анҷом дод: роҳбарияти нави сиёсии мамлакатро таҳти сарварии Эмомалӣ Раҳмон интихоб намуд, сохтори конститутсиониро дар мамлакат барқарор сохт, хатари пош хӯрдани кишвар ва парокандагии миллатро пешгирӣ намуд, тадбирҳои мукаммали аз буҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ баровардани ҷомеаро ба миён гузошт, самтҳои асосии сиёсати дохилии мамлакатро мушаххас кард, мавқеи байналмилалӣ ва сиёсати хориҷии кишварро муайян сохта, барои ҳамкории судманд бо кишварҳои ҷаҳон роҳ кушод, қонунгузории ҷумҳуриро устувор кард ва ба рушди он замина гузошт».

Шумораи мазкури нашрия матни қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи тағйироти кадрӣ дар КДАМ ҶТ дарҷ кардааст.

Нашрияи парлумонии «Садои мардум» (26.09.2017, № 114) оид ба ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, ки 25 сентябр таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон баргузор гардидааст, хабари муфасссал чоп карда, иттилоъ додааст, ки Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагон 22 сентябр бо раиси Анҷумани парлумонҳои Осиё Кейзо Такеми ва ҳамроҳони ӯ мулоқот кардааст.

«Марказҳои гарму барқдиҳӣ ба мавсими сармо омодаанд», «Шиори наҳзату «Гурӯҳи — 24»: «Гӯр сӯзаду дег ҷӯшад», «Саргардонии шаҳрвандон аз бепарвоии масъулин аст», «Маркази Ғарм дар ҳеҷ давру замон ба шаҳрак монанд набуд», мақолаҳоеанд, ки ҳайати эҷодии нашрияи «Садои мардум» ба мухлисони худ пешниҳод кардааст.

Минбари эҷодкорони Тоҷикистон  «Адабиёт ва санъат»  дар саҳифаи назм шеърҳои шоир Зиё Абдулло ва дар саҳифаи наср ҳикояи Сироҷиддин Шарофиддин «Як руҷӯи кӯтоҳи ишқ»-ро  чоп карда, ба муносибати Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  порае аз романи Е.Евтушенко бо сарлавҳаи «Шафтолуе рӯи шах» ва ҳикояи «Тоҷик ва танк»-ро дар тарҷумаи Пури Ҷаҳонгир пешкаши мухлисон кардааст. «Шоире бо бунияти офтобӣ» аз шинохту бардошти шоира Фарзона аз шеъри Устод Рӯдакӣ нақл мекунад.

Нашрияи марказии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон «Минбари халқ» аз ҷаласаи чоруми панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об, ки дар он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ карда буданд, гузориши муфассал чоп кардааст. Нашрия ҳамчунин мақолаҳои зерин- «Талошҳои геополитикӣ ва найрангҳои абарқудратҳо», «Моҳипарварӣ ба дастгирӣ ниёз дорад», «Низои мазҳабӣ», «Набард бо терроризм», «Ба обу рангу холу хат чӣ ҳоҷат рӯи зеборо?…», «Зан ҷинси латиф аст, на заиф»-ро рӯи чоп овардааст.

Сентябрь 28, 2017 15:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Дабири кулли СММ барои дар сатҳи ҷаҳонӣ мубориза бурдан бо гармои шадид даъват намуд
Аз 27 июл то 1 август дар Тоҷикистон чангу ғубор ва дар баъзе ноҳияҳо омадани сел пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар «Роҳи оҳани Тоҷикистон» вохӯрии гурӯҳи корӣ бо занону духтарон доир шуд
29 июл дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, Агентии назорати маводи нашъаовар, Агентии «Тоҷикстандарт» ва КВД «Тоҷиксуғурта» нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Донишҷӯёни Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ ва пешаздипломиро дар хоҷагиҳои пешқадами ҷумҳурӣ мегузаронанд
Дар Кӯлоб 2684 протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбат ба ронандагон тартиб дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 43 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз Вазорати маориф ва илм, Маркази миллии қонунгузорӣ, Кумитаи рушди маҳал, Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд
Дар ноҳияи Фирдавсӣ ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Амирӣ» ва «Афзалият» таъсис дода шуд
Агентии хоҷагии ҷангал: «Нисбат ба ҳуқуқвайронкунандагони қонунгузории соҳа ба миқдори 780 санад тартиб дода шуд»
Пагоҳ Вазорати маориф ва илм, Маркази миллии қонунгузорӣ, Кумитаи рушди маҳал, Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд