«БИРАВ, ЗИ ТАҶРИБАИ РӮЗГОР БАҲРА БИГИР…». Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи Рӯдакӣ ҳамоиши адабию фарҳангӣ баргузор гардид

Сентябрь 23, 2017 10:43

ДУШАНБЕ, 23.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Шоми дирӯз дар назди муҷассамаи Асосгузори адабиёти классики тоҷику форс устод Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ, воқеъ дар саҳни Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур ҳамоиши адабию фарҳангӣ баргузор гардид.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ҷамъомад, ки ба ифтихори Рӯзи Рӯдакӣ роҳандозӣ шуд, намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, олимон ва адибони маъруфи тоҷик, санъаткорон ва ҷавонон-ҳаводорони ашъори «Одамушшуаро» иштирок намуданд.

DSC_0259Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ дар расми ифтитоҳи ҷамъомад зикр кард, ки «Рӯзи Рудакӣ на танҳо иди бузургдошти сардафтари адабиёти оламгири тоҷику форс, балки иди мероси адабию илмӣ, фаннӣ ва ахлоқии беш аз ҳазорсолаи тоҷик, рӯзи ифтихор аз камолоти тамаддуни миллии мост».

Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим, шоир, сармуҳаррири маҷаллаи «Садои Шарқ» Рустам Ваҳҳобзода, адабиётшинос Абдунабӣ Сатторзода ва дигарон оид ба ҳаёту фаъолият ва осори шоир сухан карда, аҳамияти ашъор ва осори устод Рӯдакиро дар тарбияи худшиносии ҷавонон, хусусан дар Соли ҷавонон хеле муассир ва муҳим арзёбӣ намуданд.

Зикр шуд, ки «ашъор ва осори устод Рӯдакӣ ҳамеша пур аз ҳикмат ва таҷрибаи рӯзгор мебошанд. Худи шоир фармудааст:

Бирав зи таҷрибаи рӯзгор баҳра бигир,
Ки баҳри дафъи ҳаводис туро ба кор ояд…

Мактаби бузурги шоирие, ки  бунёдгузори адабиёти тоҷику форс ҳанӯз беш аз ҳазор сол пеш ба мерос гузошта буд, ҳоло ҳам побарҷост ва тӯли садсолаҳо метавон аз ин мактаб сабақҳо бардошт».

Дар фарҷом ҳунармандон бо қироати сурудҳо бар ашъори устод Рӯдакӣ хотири ҳозиринро болида гардониданд.

Сентябрь 23, 2017 10:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд
Дар Душанбе намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор мегардад
ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад