БОЗИҲОИ ОСИЁ-2017: варзишгарони тоҷик соҳиби боз 3 медали тилло шуданд!

Сентябрь 26, 2017 10:09

ДУШАНБЕ, 26.09.2017 /АМИТ «Ховар»/.  Шоми дирӯз  дар рӯзи  даҳуми  5-умин Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ  варзишгарони мо соҳиби 3 медали тилло шуданд.  Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» Тоҳир Саид, ки дар шаҳри Ашқободи Туркманистон дар макони Бозиҳои Осиё қарор дорад, ба мо хабар дод.

Тибқи иттилои манбаъ, дар рӯзи даҳуми мусобиқот  2 медали тиллоро аз намуди гӯштини самбо Акмалиддин Каримов дар вазни -57 кг ва Беҳрӯз Хоҷазода дар вазни -74 кг ба даст оварданд. Медали сеюми тиллоро Миҷгона Самадова аз намуди кикбоксинг сазовор шуд.

2G3A6787_1Акмалиддин Каримов дар вазни -57 кг нахуст Раҳматҷон Ахмедови ӯзбекистониро бо ҳисоби 9:0 шикаст дод. Сипас, варзишгари мизбон Карим Аллануровро бо ҳисоби 4:2 мағлуб кард. Дар нимфинал бар варзишгари қирғиз Белек Бараканов ва дар финал бар варзишгари Муғулистон Марал-Ердана Чимедорҷ пирӯз шуд.

Беҳрӯз Хоҷазода дар вазни -74 кг аввал Ҷасим Ҳамид (Ироқ), сипас  Роҳат Башимов (Туркманистон), баъдан Галимжан Абдрахманов (Қазоқистон) ва дар финал варзишгари дигари тоҷик Мубориз Мунавваровро мағлуб кард.

Миҷгона Самадова дар вазни -60 кг дар намуди «Kick Light” рақобатро аз чорякфинал оғоз кард. Ӯ нахуст бар варзишгари мизбон Майса Гупбикова, баъдан бар Зайнаб Ҷабборӣ (Эрон) ва дар финал бар варзишгари дигари мизбон Гулзада Ҷорақулиева дастболо шуд.

Варзишгарони мо ҳамчунин як медали нуқра ва 3 биринҷӣ ба даст оварданд. Медали нуқраро, тавре гуфтем, Мубориз Мунавваров дар вазни -74 кг аз намуди самбо сазовор гашт. Фаридун Одилов дар самбои ҳарбӣ (-82 кг), Сиёвуш Ибрагимов (-69 кг) ва Далер Тураев (-79 кг) дар намуди кикбоксинг соҳиби медалҳои биринҷӣ гардиданд.

Ҳамин тариқ шумораи медалҳои Тоҷикистон ба 45 адад- 3 тилло, 11 нуқра ва 31 биринҷӣ расид. Кишвари мо дар ҷадвали ҳисоби медалҳо миёни 65 дастаи иштирокчӣ аз ҷои 27-ум ба зинаи 16 баромад.

2G3A6514 2G3A6719

Сентябрь 26, 2017 10:09

Хабарҳои дигари ин бахш

ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд