Чемпионати Осиё-2018: дастаи мунтахаби наврасони Уммон ба Душанбе омад
ДУШАНБЕ, 14.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Уммон оид ба футбол барои иштирок дар марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2018, ки дар Тоҷикистон баргузор мегардад, 13 сентябр ба Душанбе омад.
Тавре аз маркази матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, дастаи мунтахаби Уммон ба нақша гирифтааст, ки дар шаҳри Душанбе марҳилаи омадагиашро гузаронад. Дар ин давра як бозии санҷишӣ бо ҳайати эҳтиётии «Истиқлол» доир хоҳад кард.
Ёдовар мешавем, ки бозиҳои марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2018 дар гурӯҳи «В» аз 20 то 24 сентябри соли равон дар Варзишгоҳи шаҳри Ҳисор баргузор мегарданд.
Дар сабқати интихобӣ рақибони Тоҷикистон дастаҳои мунтахаби наврасони Уммон, Сурия ва Молдив мебошанд.
Чемпионати Осиё-2018 байни наврасони то 16-сола
Марҳилаи интихобӣ. Гурӯҳи «В»
Даври 1
20 сентябр (чоршанбе)
16:00 – Уммон – Молдив
19:00 – Тоҷикистон – Сурия
Даври 2
22 сентябр (ҷумъа)
16:00 – Сурия – Уммон
19:00 – Молдив – Тоҷикистон
Даври 3
24 сентябр (якшанбе)
16:00 – Сурия – Молдив
19:00 – Уммон – Тоҷикистон
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд






