Дар Чин низ, чун дар Тоҷикистон, имрӯз Рӯзи дониш таҷлил мегардад

Сентябрь 1, 2017 14:51

ДУШАНБЕ, 01.09.2017./АМИТ «Ховар»/. Мулоқоти  имрӯзаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳайати омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳи Синхуа дар шаҳри Пекин, ҳамчунин бо ҳайати донишҷӯёни тоҷик, ки дар муассисаҳои олии таълимии Чин таҳсил доранд, рамзе дар худ дорад: аввалан, ин мулоқот аз арҷгузории Сарвари давлати Тоҷикистон ба илму дониш ва таваҷҷӯҳашон ба рӯзгор ва ояндаи ҷавонон башорат медиҳад. Сониян, дар Чин низ, чун дар Тоҷикистон, имрӯз Рӯзи дониш таҷлил мегардад.

Вобаста ба ин мавзӯъ АМИТ «Ховар» дар бораи он ки дар дигар кишварҳо Рӯзи дониш  ва оғози соли нави хониш кай ҷашн гирифта мешавад,  маълумот пешкаш менамояд.

Дар Россия ва сойири кишварҳои узви ИДМ

Мардуми рус, қабл аз ба сари қудрат омадани Пётри Кабир, якуми сентябрро ҳамчун иди Соли нав  ва ҷашни «Мавсими самара» ё Иди ҳосилот истиқбол менамуданд. Баъдан,  Пётри Кабир яке аз ин ҷашнҳо — Соли навро   чун дар кишварҳои Аврупо ба якуми январ гузаронид.

Инчунин Пётри Кабир дар замони ҳукуматдорияш қарорҳои зиёдеро доир ба мактабу донишкадаҳо, мактабҳои шахсию динӣ содир кардааст. Муаррихон мегӯянд, ки  ифтитоҳи бисёр марказҳои таълимӣ дар ҳамин мавсим, яъне фасли тирамоҳ ба амал омада буд. Барои мисол, таъсис ва ифтитоҳи Донишгоҳи академии Санкт-Петербург дар соли 1714,  соли 1755 ҳамин гуна донишгоҳро  дар шаҳри Москав таъсис медиҳад.  Аз сабаби набудани муаллимони пуртаҷриба соли 1783  Донишкадаи  (семинарияи) муаллимон дар шаҳри  Санкт –Петербург  ба кори худ шурӯъ мекунад.

Соли хониш низ  ба ду бахш тақсим шуда буд: барои хонандагони шаҳр дар моҳи сентябр ва барои хонандагони рустоҳо дар моҳи декабр шурӯъ мешуд. Баъд аз Инқилоби соли 1917, вақте  болшевикон сари қудрат меоянд, онҳо тамоми муассисаҳои таълимиро миллӣ (давлатӣ) мегардонанд, таҳсил дар тамоми муассисаҳои таълимӣ бепул ва ҳатмӣ эълон мешавад. Баъдан ҳамин гуна барномарезӣ дар кишварҳои Осиёи Миёна низ ҷорӣ гардид. Маъракаи мубориза бар зидди бесаводӣ шурӯъ шуда буд. Аз соли 1943 то соли 1954 марказҳои таълимӣ ба ду бахш тақсим гардиданд: бахши писарона ва бахши духтарона. Дар ҳамин солҳо фармони либоси ягонаи мактабӣ низ дода шуд.

Бори аввал якуми сентябри  соли 1984 дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ расман ҳамчун Рӯзи дониш эълон  гардида буд ва ҳоло дар ҳамаи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 1 сентябр чун Рӯзи дониш таҷлил гардида, соли нави хониш дар ин рӯз бо Дарси сулҳ оғоз мепазирад, ҳатто агар он ба рӯзи якшанбе ҳам рост ояд.

Дар ИМА ва дигар кишварҳои ин қитъа

День знаний. АмерикаДар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои  ин рӯз санаи мушаххас вуҷуд надорад. Ҳар як иёлот ба таври худ амал мекунад. Масалан, дар як иёлот соли таҳсилро дар моҳи июл, дар дигараш бошад, моҳи август эълон менамоянд. Баъзе иёлотҳо оғози соли нави хонишро  сешанбеи якуми моҳи сентябр, пас аз Иди меҳнат эълон менамоянд.

Дар Канада ҳам чунин аст: муҳассилин сешанбеи аввали моҳи сентябр, пас аз Иди меҳнат, ки ҷашни давлатии ин кишвар низ ҳаст ва аз анҷоми фасли тобистон дарак медиҳад, ба мактаб раҳсипор мешаванд.

Мексикоиҳо ин санаро  дар рӯзи душанбеи охирини моҳи сентябр тарҷеҳ додаанд. Дар шимоли Бразилия низ чунин аст, вале дар қисмати ҷанубии ин мамлакат соли хониш моҳи феврал сар мешавад.

Дар Олмон ва дигар кишварҳои Аврупо

Дар аксари кишварҳои Аврупо, аз ҷумла дар Франсия, Ирландия, Белгия, Полша, Венгрия, Словения ва ғайра   Рӯзи дониш ва соли нави хониш 1 сентябр қабул шудааст. Дар ин рӯз, 1 сентябр,  дари муассисаҳои таълимӣ дар Чехия, кишварҳои соҳили Балтика низ ба рӯи муҳассилин ва динишҷӯён боз мегарданд.

Дар Британияи Кабир донишҷӯёну толибилмонро дар муассисаҳои таълимӣ дар ҳафтаи авали моҳи сентябр шодбош мегӯянд, ба истиснои Шотландия – дар он ҷо дарсҳо моҳи август шуруъ мешаванд.

Занги аввал дар Португалия ва Руминия дар миёнаҳои сентябр, дар Булғория 15 сентябр, дар Италия душанбеи сеюми моҳи сентябр, дар Малта душанбеи охирини ин моҳ садо медиҳад.

Австриягиҳо фарзандони худро рӯзи душанбеи аввали моҳи сентябр ба дабиристонҳо гусел менамоянд.

Дар Словакая мактаббачагон ва донишҷӯён 2 сентябр ба  дарс мераванд, зеро 1 сентябр иди миллии ин кишвар — Рӯзи Конститутсия таҷлил карда мешавад.

Дар  Олмон соли нави таҳсил, вобаста ба қарори музофотҳои алоҳида, дар моҳи август ва сентябр, ҳатто  дар моҳи октябр оғоз меёбад.

Дар Финландия рӯзи аввали хониш понздаҳуми август аст. Дар Шветсия низ соли нави хониш моҳи август оғоз мегардад.  Дар Юнон, одатан, синфхонаву аудиторияҳо 11 сентябр мунаввар мегарданд.

Дар Ҳиндустон ва дигар кишваҳои Осиё

День знаний ИндияАгар мактабиёни Хитой рӯзи 1 сентябр ба дарс раванд, дар Ҳонконг ва Тайван соли нави хониш ба охири моҳи август, дар Камбоҷа ба душанбеи аввали моҳи октябр, дар Таиланд ба миёнаҳои моҳи май, дар Филиппин ба ҳафтаи аввали моҳи июн, дар Малайзия ва Сингапур ба душанбеи аввали моҳи январ, дар Исроил ба охирҳои моҳи август рост меояд.

Дар  Ҷопон  баҳорро ҳамчун рамзи зиндашавии ҳаёт ҳисобида, дар моҳи апрел зимни шукуфтани гули “сакура” ба таҳсил оғоз мекунанд. Таътили хонандагон  дар моҳҳои июл ва август ба сабаби баланд будани рутубати ҳаво эълон мегардад.

Дар Кореяи Ҷанубӣ машғулиятҳо дар мактабу донишгоҳҳо 2 март шуруъ мешаванд. Мактаббачагон аз охири июл то август ба таътили тобистона мебароянд.

Дар Ҳиндустон кӯдакеро, ки ба 3-солагӣ расид, ба мактаби ба ном “Аввал” дар  аввалҳои моҳи апрел месупоранд. Вақте кӯдак ба 4-солагӣ расид, ӯро хонандаи  синфи якум меҳисобанд. Таътили хонандагон дар давраи  гармтарин — моҳҳои май-июн эълон карда мешавад.

Дар Австралия

Вақте дар Нимкураи Ҷанубӣ тирамоҳ аст, дар сарзамини мо баҳор меояд. Аз ин сабаб, соли нави таҳсил дар Австралия дар авохири моҳи январ ё моҳи феврал (вобаста ба ин ё он иёлоти он), дар Зеландия нав сешанбеи аввали моҳи феврал  шурӯъ мешавад.

Дар Африка

 Дар Ҷумҳурии Африкаи Ҷанубӣ соли нави хониш қарибиҳои миёнаи моҳи январ шуруъ мешавад.

Сентябрь 1, 2017 14:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Китобҳои «Президент, истиқлол, ваҳдат, маориф» ва «Муаррифгари миллати тоҷик» ба табъ расиданд
Кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур суханронии Президенти Тоҷикистонро бахшида ба Рӯзи Дониш дастҷамъона тамошо намуданд
«БО АТЛАСУ АДРАСУ ЧАКАН ЯКТОӢ». Либоси миллӣ байни тӯфонҳои шадиди ҳазорсолаҳо ба ин покӣ ҳифз гардид
Бахшида ба Рӯзи дониш дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар роҳи Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ-Кулма сохтмони долони зиддитармавӣ ва пули мошингузар босуръат идома дорад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Ба 80 хонандаи ниёзманди ноҳияи Айнӣ либоси мактабӣ тақдим гардид
«БЕҲТАРИН ШАХСИ ҲУҚУҚДОН». Таҳти чунин унвон дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт озмун доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи IX Шурои байнидавлатии муқовимат ба коррупсия доир мегардад
Дар Маркази мероси хаттӣ бахшида ба Истиқлоли давлатӣ ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Барои расидан ба саодати миллӣ бояд меъёрҳои қонунҳо риоя гардад