Дар панҷумин Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба дзюдо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 варзишгари тоҷик иштирок мекунанд
ДУШАНБЕ, 09.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи дзюдои Тоҷикистон 5 октябри соли равон дар шаҳри Ваҳдат панҷумин Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба дзюдо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.
Тавре президенти Федератсияи дзюдои Тоҷикистон Нурулло Лоиқов хабар медиҳад, тибқи талаботи мусобиқа омодагиҳо ҷиҳати баргузории ин мусобиқаи бонуфуз идома доранд. Ба иттилои номбурда, дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба дзюдо иштироки варзишгарон аз 20 кишвари дунё дар назар дошта шудааст.
Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин мусобиқа зиёда аз 15 нафар варзишгарон барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон талош хоҳанд кард. Ғолибони панҷумин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба дзюдо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофотпулиҳо қадрдонӣ мегарданд.
Варзишгаре, ки ҷои аввалро ба даст меорад, соҳиби Ҷом ва 56 ҳазор сомонӣ мегардад. Барои ҷойи дуюм 32 ҳазор ва барои мақоми сеюм 16 ҳазор сомонӣ муқаррар гардидааст.
Ёдовар мешавем, ки мусобиқоти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба дзюдо соли гузашта низ дар шаҳри Ваҳдат доир шуда, Ҷом насиби варзишгари украинӣ — Станислав Бондаренко шуда буд. Ҷойи дуюмро Гарсия Мендоз, варзишгар аз Куба ва ду ҷойи сеюмро варзишгарони ӯзбекистонӣ — Муҳсин Кисомиддинов ва Абдулло Тангриев соҳиб гаштанд.
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад






