Дар шаҳри Норак омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018 идома дорад
НОРАК, 15.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018» 4 маротиба ҷаласаи ситоди шаҳрӣ доир намуд.
Тавре аз шуъбаи иқтисодиёти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, то имрӯз дар соҳаи маориф 304 адад гармкунакҳои барқӣ, 79 адад печҳои аловӣ, 16 адад генераторҳо, 20 адад печҳои бо ангишт фаъолияткунанда ва дар 8 муассисаҳои таълимӣ печҳои барқӣ- обӣ омода гардида, мувофиқи талабот барои муассисаҳои таълимӣ аз 964 м3 ҳезуми пешбинигардида 318 м3 ҳезум захира карда шудааст.
Инчунин дар муассисаҳои соҳаи тандурустии шаҳр 70 адад гармкунакҳои барқӣ, 13 адад печҳои аловӣ, 2 адад печҳои дизелӣ (солярка) ва 3 адад генераторҳо омода буда, 100 м3 ҳезум ба маблағи 9000 сомонӣ ва 200 литр сўзишвории дизелӣ захира намудаанд.
Шуъбаҳои беморхона пурра шишабандӣ шудаанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






