Дар шаҳри Ваҳдат се ҳолати риоя накардани Қонуни танзим ба қайд гирифта шуд

Сентябрь 28, 2017 12:00

ВАҲДАТ, 28.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Масъулини  бахши танзими  анъана ва ҷашну маросимҳои Ҷамоати деҳоти Абдулвосиеви  шаҳри Ваҳдат дар якҷоягӣ бо  комиссияҳои ҷамъиятӣ нисбат ба се нафар шаҳрвандони ин ҷамоат  бо  гуноҳи додани  хӯроки иловагӣ, сарупомонон ва ҳоҷиталбон парвандаи маъмурӣ тартиб  дода, ба Суди шаҳри Ваҳдат пешниҳод намуданд.

Муовини раиси ҷамоат Маҳмадӣ Сафаров мегӯяд, ки дар баробари корҳои фаҳмондадиҳии гурӯҳҳои корӣ дар ҳудуди ҷамоат, ин шаҳрвандон дидаю дониста ба қонуншиканӣ роҳ додаанд. Бинобар ин аз тарафи комиссияҳои дахлдор нисбат ба онҳо чораҳои зарурӣ дида шуданд.

Ба  гуфтаи номбурда, пас аз қабули тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ҳудуди ҷамоат зиёда аз 40 адад маъракаҳои гуногун ба қайд гирифта шуданд. Ин маъракаҳо аз тарафи комиссияҳои назораткунанда ба таври ҷиддӣ санҷида шуданд ва танҳо 3 ҳолати қонуншиканӣ ошкор гардид.

Сентябрь 28, 2017 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак»
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Чаро маъракаҳои ҳоҷиталбон ҳолати худнамоишдиҳӣ гирифтаанд?
Дар Тоҷикистон ҳолатҳои қонуншиканӣ вобаста ба вайрон намудани қонуни танзими анъана зиёд шудаанд
16 СОЛИ ПУР АЗ МАНФИАТ. Танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муҳимияти он дар зиндагии сокинон
ТАНЗИМИ МАЪРАКАҲО — ОМИЛИ ЗИНДАГИИ БОСАОДАТ. Таҳти ин унвон дар шаҳри Левакант бо сокинон мулоқот доир гардид
Дар Суғд доир ба шарҳи қонунҳои миллӣ корҳои таблиғотӣ ва силсиламулоқот гузаронида шуданд
Дар Вазорати молия ҷиҳати татбиқи қонуни танзим ҷаласа доир шуд
Барои риоя накардани Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 358 парванда аз ҷониби судҳо баррасӣ гардид
Ҷаримаҳо барои риоя накардани талаботи қонун дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим зиёд карда шуданд
Суди ноҳияи Файзобод Шобидин Табаровро барои риоя накардани қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ҷарима намуд
Дар 20 рӯз 9 ҳолати вайрон намудани муқаррароти қонуни танзими анъана ва ҷашну маросим ба қайд гирифта шуд