Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар рейтинги нави ФИФА 11 зина боло рафт
ДУШАНБЕ, 15.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) 14 сентябр раддабандии нави дастаҳои мунтахаби футболи ҷаҳонро нашр намуд.
Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳанд, дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар раддабандии нави Федератсияи байналмилалии футбол 11 зина боло рафта, дар мавқеи 140-ум бо 213 имтиёз қарор гирифт. Тоҷикистон дар байни 46 дастаи Конфедератсияи футболи Осиё мақоми 25-умро касб кардааст.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон моҳи октябри соли равон дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор ду бозӣ доир менамояд- яке бо дастаи мунтахаби Непал дар доираи мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2019 ва бозии рафиқона бо дастаи мунтахаби Афғонистон.
Раддабандии навбатии Федератсияи байналмилалии футбол рӯзи 16 октябр ба нашр мерасад.
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд






