ФУТБОЛ: КМВА «Помир» бар дастаи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа пирӯз гардид
ДУШАНБЕ, 15.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи бозиҳои даври ¼-ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон дастаҳои «Вахш»-и Қурғонтеппа ва КМВА «Помир»-и шаҳри Душанбе бо ҳам дидор анҷом доданд.
Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, бозии ҷавобии дастаҳои «Вахш»-и Қурғонтеппа ва КМВА «Помир»-и шаҳри Душанбе дар даври ¼-ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон дар майдони бошгоҳи КМВА «Помир»-и шаҳри Душанбе баргузор шуд.
Футболбозони дастаи КМВА «Помир» аз оғози бозӣ хеле фаъол буда, дар қисмати аввали дидор бо задани ду гол бартарии худро нисбат ба ҳариф нишон доданд. Шамсиддин Қосимов дар дақиқаи 26-уми дидор ҳисоби бозиро кушод ва Билол Сулаймонов дар дақиқаи 35-уми бозӣ шумораи голҳои дастаи КМВА «Помир»-ро дучанд сохт.
Ба ду голи задаи дастаи КМВА «Помир» футболбозони дастаи «Вахш» танҳо дар қисмати дуюми дидор бо як гол посух гуфтанд. Парвиз Охунов дар дақиқаи 60-ум тӯбро вориди дарвозаи дастаи КМВА «Помир» намуд. Баъд аз 15 дақиқа Орзу Додхудоев бо голи задаи хеш ҳисоби бозиро 1:3 намуд. Голи дуюми дастаи «Вахш»-и Қӯрғонтеппаро дар дақиқаи 81-уми дидор Наим Иброҳимзода вориди дарвоза кард.
Ҳамин тариқ, бозии дастаҳои «Вахш»-и Қурғонтеппа ва КМВА «Помир»-и шаҳри Душанбе бо ҳисоби 2:3 бо пирӯзии дастаи КМВА «Помир»-и шаҳри Душанбе хотима ёфт.
Ҳамакнун дастаи КМВА «Помир»-и шаҳри Душанбе дар даври нимфиналии Ҷоми Тоҷикистон бо дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе ва «Эсхата»-и Хуҷанд дидор анҷом хоҳад дод.
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд






