ФУТБОЛ: як ғалаба ва як бохти дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Мусобиқа барои дарёфти Ҷоми Президенти Қазоқистон
ДУШАНБЕ, 07.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон дар бозии дуюм дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба футбол барои Ҷоми Президенти Қазоқистон, ки дар шаҳри Талғар баргузор шуд, аз дастаи мунтахаби наврасони Ӯзбекистон бо ҳисоби 1:3 шикаст хӯрд.
Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар Мусобиқа барои дарёфти Ҷоми Президенти Қазоқистон ҳашт даста ширкат доранд. Дастаҳо ба ду гурӯҳ тақсим шудаанд: гурӯҳи «А» – Албания, Гурҷистон, Қазоқистон ва Қирғизистон, гурӯҳи «В» – Қазоқистон-2, Россия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон. Бар асоси низомномаи Мусобиқа ғолибони гурӯҳҳо ба бозии ниҳоӣ роҳ меёбанд.
Бояд зикр кард, ки дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон дар нахустин бозиаш дар ин Мусобиқаи байналмилалӣ бар дастаи дуюми мунтахаби Қазоқистон бо ҳисоби калони 6:0 ғолиб омада буд.
Хотиррасон менамоем, ки футболбозони навраси тоҷик дар даври сеюми мусобиқа имрӯз, 7 сентябр бо ҳамсолонашон аз Россия қувваозмоӣ мекунанд. Ин бозӣ соати 13:00 бо вақти Душанбе оғоз меёбад.
Мусобиқа барои Ҷоми Президенти Қазоқистон барои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон марҳилаи омодагӣ ба мусобиқаи интихобии Чемпионати Осиё-2018 аст, ки аз 20 то 24 сентябр дар шаҳри Ҳисор барпо мегардад.
Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар ин мусобиқа дар гурӯҳи «В» бо дастаҳои Сурия, Молдив ва Уммон рақобат мекунад.
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд






