Мушовири Сарвазири Покистон оид ба барқарор намудани ҳамкории Академияи ВКД Тоҷикистон бо муассисаҳои таълимии ҳарбии Покистон изҳори ақида кард

Сентябрь 29, 2017 15:16

ДУШАНБЕ, 29.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Нимаи аввали имрӯз дар Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти мушовири Сарвазири Ҷумҳурии исломии Покистон Носир Хон Ҷанҷуа ва ҳайати ҳамроҳон бо курсантон ва шунавандагони муассисаҳои олии ҳарбии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Академияи ВКД иттилоъ медиҳад.

Носир Хон Ҷанҷуа ва ҳамроҳони ӯро дар саҳни ҳавлии Академияи Вазорати корҳои дохилии ҶТ ҳайати роҳбарикунанда, профессорон ва устодони ин муассисаи олии ҳарбӣ бо меҳмоннавозии хоссаи тоҷикона пешвоз гирифта, меҳмононро бо шароити таҳсил ва тартиботи таълиму тарбия аз наздик шинос намуданд.

Мавриди зикр аст, ки бинои муҳташами Академияи ВКД ҶТ моҳи августи соли равон бо ҳузури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ ёфтааст. Бинои таълимии Академияи мазкур  аз 8 ошёна барои 1680 нафар курсант, китобхона, ду толори хониш, китобхонаи электронӣ, толорҳои лексионии гурӯҳӣ бо 245 ҷойи нишаст, толори маҷлисгузаронӣ барои 433 ҷойи нишаст, 90 синфхонаи таълимӣ, аз ҷумла, синфхонаҳои махсуси криминалистӣ ва синфхонаи фаъолияти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ, утоқи машваратии олимон ва 13 синфхонаи компютерӣ дар ҳар ошёна иборат буда, дар ҳудуди Академия барои 800 нафар курсантҳо ду хобгоҳ ва барои афсарон бинои истиқоматии 6-ошёнаи 48-ҳуҷрадор, инчунин толорҳои гуногуни варзишӣ сохта шудаанд.

Ба меҳмонони хориҷӣ гӯшаи Парчами давлатӣ нишон дода шуд, ки дар назди он ба нишони эҳтиром ба арзишҳои давлатдорӣ ва рамзҳои миллӣ навбатдории шабонарӯзӣ ҷорӣ карда шудааст.

Зимни боздиди шуъбаи таълимии Академия ба меҳмони хориҷӣ толори китобҳои нашршудаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муаррифӣ карда шуд. Тавре устодони Академия зикр карданд, онҳо ҳангоми таълиму тарбияи курсантон аз осори Президенти Тоҷикистон ҳамчун китоби дарсӣ ба таври фаровон истифода мебаранд.

Носир Хон Ҷанҷуа,  мушовири Сарвазири Ҷумҳурии исломии Покистон  баъд аз шиносоӣ бо шуъбаи таълим ва китобхона дар китоби фахрии Академияи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мулоҳизаҳои худро дарҷ карда, таассуроти худро навишта, имзо гузошт.

Меҳмонон ҳамчунин ба синфхонаи фаъолияти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ, ки дар он ҷо курсантон дарс мехонданд, ворид шуда, бо ҷараёни таълим шинос шуданд. Зикр карда шуд, ки бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода дар Академияи ВКД факултаи «тайёр намудани кадрҳои оперативӣ барои мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ташкил карда шудааст ва Вазири корҳои дохилӣ дар ин факулта ба сифати омӯзгор ба курсантон маҳорати фавриро меомӯзонад.

Баъди шиносоӣ бо Академияи ВКД ҶТ мушовири Сарвазири Покистон Носир Хон Ҷанҷуа ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкории мутақобилаи Академияи ВКД Тоҷикистон бо муассисаҳои таълимии ҳарбии Покистон изҳори назар кард.

Сипас дар маҷлисгоҳи Академия оид ба масъалаҳои таъмини амнияти миллӣ, хатарҳои замони муосир ва дигар мавзӯъҳои дахлдор мулоқоти курсантон ва шунавандагон аз муассисаҳои олии таълимии Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати мудофиа ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон бо мушовири Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Носир Хон Ҷанҷуа баргузор гардид.

Дар мулоқоти мазкур ҳамчунин Давлат Ҷумъазода, намояндаи котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон ва Тариқ Иқбол Сумро, сафири Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Тоҷикистон иштирок доштанд.

Сафари кории Носир Хон Ҷанҷуа дар Тоҷикистон идома дошта, нимаи дуюми рӯз боздиди ӯ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар назар дошта шудааст.

Акрам САНГЗОДА,
АМИТ «Ховар»

Сентябрь 29, 2017 15:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Агентии содирот, Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» ва Палатаи савдо ва саноат нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«Интернет барои хона» Steam-ро вусъат мебахшад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Академияи миллии илмҳо, Суди Олии иқтисодӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Пагоҳ дар Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Академияи миллии илмҳо, Суди Олии иқтисодӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, Хадамоти зиддиинҳисорӣ, Хадамоти иҷро ва Маркази тадқиқоти стратегӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Пагоҳ дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, Хадамоти зиддиинҳисорӣ, Хадамоти иҷро ва Маркази тадқиқоти стратегӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар ноҳияи Тоҷикобод 6 коргоҳи истеҳсолӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Кумитаи забон ва истилоҳот, Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, Маркази миллии тестӣ ва Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Алоқаи боэътимод — дар ҳар гуна боду ҳаво