ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 18 сентябр, душанбе, 261-умин рӯзи соли 2017 аст. То охири сол 104 рӯзи дигар боқӣ мондааст

Сентябрь 18, 2017 11:05

 

Тақвими моро ҳар рӯз дар ин гӯша 

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:

 

18 сентябри соли 2008 дар бӯстонсарои беруназшаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Форуми сеюми зиёиёни эҷодкор ва илмии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор гардида буд.

***

18 сентябри соли 2013 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Созишномаи ҳарбӣ миёни Тоҷикистону Россияро, ки 5 октябри соли 2012 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида буд, барои тасдиқ ба  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2015 дар шаҳри Турсунзода  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон бо буридани лентаи рамзӣ ба фаъолияти ду корхонаи бузурги истеҳсолӣ — Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Вежа фармасевтикалс» ва Корхонаи истеҳсоли маҳсулоти чиниворӣ ва хиштҳои ба оташ тобовар оғози расмӣ бахшида буданд.

 

18 СЕНТЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи байналмилалии мониторинги сифати об.

***

Дар Озарбойҷон – Рӯзи мусиқии миллӣ.

***

Дар Арманистон – Рӯзи ситорашиносӣ.

 

РӮЙДОДҲО:

18 сентябри соли 2010 дар шаҳри Душанбе фестивали байналмилалии «Фазои дӯстӣ» баргузор гардида буд.

***

18 сентябри соли 2012 дар шаҳри Душанбе намоиш-ярмаркаи маҳсулоти Ноҳияи мухтори Синзиян-Ӯйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид.

 

***

70 сол муқаддам, 18 сентябри соли  1947 Раёсати марказӣ-иктишофии ИМА таъсис дода шудааст.

***

Дар ин рӯзи соли 1980 аввалин киштии кайҳонии «Союз-38» бо кайҳоннаварди кубагӣ  ба кайҳон баромад.

***

18 сентябри соли  1981 дар Франсия ҳукми қатл бекор карда шуд.

 

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1851 аввалин шумораи рӯзномаи «Ню-Йорк Таймс» нашр шуда буд, ки 2 сент арзиш дошт.

***

Соли 2015 дар шаҳри Душанбе аввалин ҷамъомади ҷумҳуриявии  адвокатҳои Тоҷикистон баргузор гардида буд.

Сентябрь 18, 2017 11:05

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 сентябр, панҷшанбе, 267-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 сентябр, чоршанбе, 266-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 сентябр, сешанбе, 265-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 сентябр, душанбе, 264-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 сентябр, якшанбе, 263-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 сентябр, шанбе, 262-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 сентябр, ҷумъа, 261-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 сентябр, панҷшанбе, 260-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 сентябр, чоршанбе, 259-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 сентябр, сешанбе, 258-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 сентябр, душанбе, 257-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 сентябр, якшанбе, 256-умин рӯзи соли 2026 аст