ТЕРРОРИСТ ДАР АФРИКА ҲАМ ТЕРРОРИСТ АСТ, ДАР ПОЛША ҲАМ. Боз дар бораи аъмоли ҷинояткоронаи Муҳиддин Кабирӣ

Сентябрь 26, 2017 11:35

ДУШАНБЕ, 25.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Тавре иттилоъ дода будем, ҳафтаи гузашта дар Полша конфронси навбатии Созмони амният ва ҳамкории Аврупо оид ба демократия ва ҳуқуқи инсон ба анҷом расид. Мулоҳизаҳои шореҳи АМИТ «Ховар» вобаста ба ин мавзӯст.

Дар ҳошияи конфронси имсолаи САҲА 11-12 сентябр, дар мувофиқа ва розигии масъулони САҲА шахсони дар кофтукоби ҷиноятӣ қарордошта, бо намояндагӣ аз ташкилоти террористӣ-экстремистии Ҳизби наҳзати исломии  Тоҷикистон (ТЭТ ҲНИТ) ва «Гурӯҳи 24», ки фаъолияташон   бо ҳукми Суди олии Тоҷикистон манъ карда шудааст, ҷаласа ва конфронси алоҳида баргузор карданд. Ин ду ҷамъомадро роҳбари дар ҷустуҷӯи Интерпол  қарордоштаи ТЭТ ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ бо  чанд нафар пайравонаш ташкил карда, оид ба «ҳуқуқи инсон, озодӣ ва адолат» даъвопардозиҳо карданд.

Моҳиятан, бо ҳузури чанд нафари ношиносу ноогоҳ дар ҳошияи ҷаласаи САҲА баргузор намудани ба ном «конфронс» ва «ҷаласаи мубоҳисавии алоҳида» ҳеҷ арзише надорад. Рафти минбаъдаи ҳодисаҳо ва вокунишу бардоштҳои коршиносон нишон дод, ки ин иқдоми наҳзатиёни фирорӣ ва камсаводони кундфаҳми «Гурӯҳи 24» шармандагии навбатии онҳо буд, ки дар саҳнаи Варшава ҳамчун спектакли  коргардони беҳунар ба намоиш гузошта шуд.

Дар баробари ҳамин зарур медонем, ки бори дигар дар бораи   робитаҳои қавии ТЭТ ҲНИТ бо созмони террористии байналмилалии «Ихвон-ул-муслимин» ва фаъолиятҳои террористии ин ду созмон, инчунин ҷиноятҳои содирнамудаи М.Кабирӣ ҳамчун роҳбари ТЭТ ҲНИТ изҳори назар намоем, то ин ки одамони ноогоҳ фирефтаи суханони макорронаи М.Кабирӣ нагарданд.

Муҳиддин Кабирӣ террористи оддӣ нест, балки ҳамчун роҳбари ТЭТ ҲНИТ барои расидан ба ҳадафи ниҳоӣ – ба даст  овардани ҳокимияти сиёсӣ бо ҳамаи ҳаракатҳои иртиҷоӣ, ифротгаро, ташкилоту созмонҳои террористии кишварҳои гуногуни ҷаҳон (аз ҷумла бо «Ихвон-ул-муслимин») робитаи бевосита дорад. Ҳадафи ниҳоии М.Кабирӣ ва ТЭТ ҲНИТ барҳам задани суботу оромӣ дар ҷомеа ва ба ин васила ҷорӣ намудани хилофати исломӣ,  сарнагун сохтани давлат ва ҷомеаи  дунёявӣ, пеш бурдани сиёсати давлатдорӣ дар асоси шариати исломӣ мебошад (ин ҳадаф аз рӯзи нахустини таъсис додани ҲНИТ таъин шуда, ҳамчун таълимоти заминавӣ қабул шудааст). Айнан ҳамин гуна аҳдофро созмонҳои «Ихвон-ул-муслимин», «Ал-қоида», «Ҳизб-ут-таҳрир», ҳаракати «Толибон», гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ», ҳаракатҳои ваҳҳобия, салафия ва ғайраҳо пеши худ  мондаанд. Ҳатто ҳаракати «Толибон» ва гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» дар ҳудуди Афғонистон ва Ироқу Сурия имкон ва вақт пайдо карда, «намуна»-и давлатдории «хилофати исломӣ»-ро ба ҷаҳониён нишон доданд. Давлатдории «исломӣ»-е, ки аз қатли саросарии мардумони бегуноҳ (бо усулҳои ваҳшиёнаи замони асримиёнагӣ), ба хок яксон кардани осори фарҳангӣ ва тамаддуни башарӣ, ҷорӣ кардани ғуломдорӣ, харидуфурӯши одамон, роҳандозӣ кардани истисмор ва таҷовузи занону духтарон, содир намудани ҷиноятҳои иқтисодӣ иборат аст.

ҲНИТ мувофиқи ҳадафҳои ниҳоии сиёсии худ дар як радиф бо ҳамин созмонҳо қарор дорад. Дар идомаи мантиқии мулоҳизаи мазкур метавон бо итминон таъкид кард, ки Муҳиддин Кабирӣ дар баробари террористи сатҳи байналмилалӣ буданаш, ҳамчунин душмани истиқлолияти Тоҷикистон ва давлатдории миллати тоҷик мебошад. Зеро, мувофиқи таълимоти «Ихвон-ул-муслимин» ва дигар созмонҳои террористии ба ном исломӣ, ҷорӣ кардани хилофати исломӣ танҳо дар сурати аз байн бурдани давлатҳои миллӣ, несту нобуд кардани илм, адабиёт, фарҳанг ва  таърихи  халқияту миллатҳо имконпазир аст. Пас, ҳадафи дигари Кабирӣ ва ТЭТ ҲНИТ барҳам додани Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳбистиқлол мебошад.

Дуруст аст, ки байни созмонҳои «Ихвон-ул-муслимин», «Ал-қоида», «Ҳизб-ут-таҳрир», ҳаракати «Толибон», гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ», «Боко ҳарам» ва монанди инҳо тафовутҳои ҷузъӣ ҷой доранд. Минҷумла, роҳбарони ин созмонҳо шахсиятҳои гуногунхислат буда, имкониятҳои молиявӣ ва шарту шароитҳои фаъолияташон аз ҳамдигар фарқ  мекунанд. Пуштибони пасипардагии ин созмонҳо низ (дар симои кишварҳои абарқудрати минтақавӣ ва ҷаҳонӣ) аз ҳамдигар тафовут доранд. Аммо аз рӯи принсипи умумии фаъолият ва ҳадафи ниҳоии барномавӣ, ки бунёди «хилофати исломӣ», «ҷомеаи исломӣ», «ҷумҳурии исломӣ», «давлати исломӣ» мебошад, ҳамаи ин созмонҳо, аз ҷумла ҲНИТ ташкилоти террористӣ ва роҳбарияти онҳо, бо шумули Муҳиддин Кабирӣ террорист шинохта шудаанд.

Муҳиддин Кабирӣ замоне роҳбари ҲНИТ таъин шуд (моҳи августи соли 2006), ки ин ташкилот дар ҷомеаи Тоҷикистон обрӯву эътибор ва нуфузи зиёд надошт, балки дар афкори ҷамъиятӣ он ҳамчун ҳизбе қабул шуда буд, ки барои соҳиби мансаб ва вазифа шудан, баҳори соли 1992 силоҳ ба даст гирифта, ба муқобили як гурӯҳ сокинони Тоҷикистон ҷанг эълон карда буд.

Аз  тарафи дигар, ҲНИТ дар давоми ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, ки сабабгори асосии сар задани он худи наҳзатиён буданд, қаноти ҷангии худро таъсис дода, дар амалиётҳои  низомӣ бевосита иштирок ва таҷрибаи ҷангӣ касб кард. Иловатан, роҳбарони  ҲНИТ дар Ҷумҳурии исломии Эрон роҳҳои муборизаи батадриҷро дар замони осоишта барои ба даст овардани ҳокимияти сиёсӣ ва бунёди ҷумҳурии исломӣ аз худ карданд.

Ҳамин тавр, ҲНИТ вақте ба Тоҷикистон баргашт,  ҳарчанд обрӯву эътибораш хеле коста шуда буд, бо шарофати таълимоти кишвари хориҷӣ таҳаввулоти ҷиддиро пушти сар карда, дар марҳалаи оғози фаъолиятҳои нав қарор гирифт. Ногуфта намонад, ки наҳзатиҳои таълимоти низомӣ гирифта баъди дарёфти иҷозати дубора барои фаъолияти расмии ҳизб  дар ҳамаи сохторҳои  низомии ҷумҳурӣ низ ҷойгир кунонда шуданд.

М.КабириМуҳиддин Кабирӣ дар навбати аввал дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои мамлакат ташкилотҳои ибтидоии ҲНИТ-ро таъсис дод. Бештари роҳбарон ва аъзои фаъоли ин ячейкаҳо шаҳрвандоне буданд, ки ё ба таълимоти мазҳаби ҳанафӣ (исломи анъанавии тоҷикон) эътироз доштанд (дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ тарафдори ҲНИТ буданд) ва ё гирифтори мушкилоти иҷтимоӣ-иқтисодӣ буда, ба пулу мол эҳтиёҷ доштанд. Дар байни онҳо ҷинояткороне ҳам буданд, ки бо рафтори бадахлоқона ба маънавиёти ҷомеаи суннатии тоҷикӣ пинҳону ошкор зарбаҳо мезаданд.

Ҳамзамон М.Кабирӣ барои тағйир додани афкори ҷамъиятӣ бевосита воситаҳои ахбори оммаро сармоягузорӣ карда, гурӯҳи муайяни журналистон ва ҳафтаномаҳои алоҳидаро ба ҷониби худ ҷалб кард. Қариб ҳар ҳафта бо навбат дар ин ё он ҳафтанома мусоҳибаҳо баргузор карда, фазои иттилоотиро бо афкори авомфиребона пур месохт ва дар миёни зиёиён, донишҷӯён, журналистон, инчунин як гурӯҳ ҳангомаҷӯёни моҷаропараст ному эътибори аз даст рафтаи ҲНИТ-ро батадриҷ гӯё барқарор мекард.

Донишҷӯён ва наврасони пойтахт, инчунин мардикорони бозорҳо бо баҳонаи таъоми ройгон (ифтори моҳи шарифи Рамазон) ба қароргоҳи ҲНИТ даъват шуда, шабҳо бо онҳо таробеҳ ва рӯзҳои ҷумъа намози ҷамъоат хонда мешуданд, ки бешак зимни ин намозҳо таълимотҳои «ихвонӣ»-ву «наҳзатӣ» ва мазҳаби ғайрисуннӣ таблиғ мешуданд (наворҳои видиоии зиёд ин гуфтаҳоро тасдиқ мекунанд).

Барои занону духтарони камбизоат чорабиниҳои алоҳида татбиқ гардида, бар иваз аз онҳо пӯшиши исломӣ, аз ҷумла пӯшидани фаранҷии сиёҳ ва рӯзҳои ҷумъа намоишкорона ва гурӯҳ-гурӯҳ омадан ба қароргоҳи ҲНИТ  ҷиҳати  гузоштани намози ҷумъа  тақозо карда мешуд (ҳол он ки дар ҷомеаи тоҷикӣ ҳеҷ вақт, ҳатто садҳо сол пеш дар замони бо шамшер ҷорӣ кардани ислом, чунин одат роиҷ набуд).

Муҳиддин Кабирӣ кӯшиш мекард ҲНИТ-ро чун ягона муҳофизи ислом ва манфиатҳои мусулмонони Тоҷикистон ҷилва диҳад.

Моҳи январи соли 2009 дар қароргоҳи ҲНИТ зимни маросими намозгузории оммавӣ бо супориши М.Кабирӣ зери шиори «кӯмак ба мусулмонони муҳтоҷи Фаластин» ҷамъоварии маблағҳои пулӣ сурат гирифт, ки ин амали Кабирӣ аз тарафи расонаҳои хабарӣ бо суръати кайҳонӣ ва обу ранги журналистӣ тарғиб карда шуд. Сипас, бо гузашти 2-3 рӯз М.Кабирӣ расман аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иҷозати баргузор кардани ҳамоиши оммавиро «барои ҳимояи фаластиниҳо» дархост кард.

Чаро Муҳиддин Кабирӣ намоишкорона аз мусулмонони «муҳтоҷ»-и Фаластин пуштибонӣ намуда,   роҷеъ ба ин  тавассути ВАО    ҳангома кард?

Бояд гуфт, ҲНИТ қабл аз таҳти идораи хадамоти махсуси кишвари исломии хориҷӣ қарор гирифтанаш дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ аз шева ва усули фаъолияти «Ихвон-ул-муслимин» истифода мекард ва бо ин созмони хориҷӣ равобити амиқро роҳандозӣ карда буд.

Моҳи декабри соли 1987 дар заминаи шуъбаи хориҷии «Ихвон-ул-муслимин» дар Ғаззаи Фаластин ҳаракати «ҲАМОС» (Ҳаракати муқовимати исломӣ) таъсис ёфт, ки роҳбарии онро шайх Аҳмад Ёсини аз хурдӣ дар аробаи маъюбӣ басташуда ба зимма гирифта, дар як вақт истифода бурдани усулҳои прагматизми сиёсӣ (дахолат кардан ба корҳои сиёсии Фаластин) ва муборизаи мусаллаҳонаро бо роҳи содир кардани амалҳои террористӣ ҷорӣ намуд.

«Барои расидан ба мақсад истифодаи ҳамаи усулҳо дуруст аст», -шиори марказии «Ихвон-ул-муслимин» мебошад. Ногуфта намонад, ки маҳз бо пайравӣ аз ин шиор солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ «Ихвон-ул-муслимин» бо сохторҳои ҳарбӣ ва махсуси Олмони фашистӣ ҳамкорӣ кардааст. Натиҷаи ҳамкории мазкур ин шуд, ки бори нахуст дар Миср ва Шарқи Наздик ҳамин «Ихвон-ул-муслимин» амалҳои террористӣ ва зӯровариро ҳамчун омили фишори сиёсӣ нисбат ба давлат истифода намуд.

Хусусан, солҳои 1946-1948 силсилаи амалҳои террористии «Ихвон-ул-муслимин» тамоми ҷомеаи мусулмоннишини арабиро даҳшатзада кард. Сарвазири Миср Нуқрашипочо ва сардори пулиси Қоҳира Салим Закӣ дар натиҷаи амалҳои террористии «ихвониҳо» кушта шуда, баъдан ба ҷони президенти Миср Ҷамол Абдул Носир сӯиқасд ташкил карда шуд.

Нимаи дуюми асри гузашта «Ихвон-ул-муслимин», ки солҳои ҷанги дуюми ҷаҳонӣ дар ҳамкорӣ бо Олмони фашистӣ ба муқобили англисҳо мубориза мебурд,  ба шиори худ «Барои расидан ба ҳадаф истифодаи ҳамаи усулҳо дуруст аст» содиқ монда, бо Британияи Кабир ва ИМА ҳамкории пинҳониро ба роҳ монд. Ҳадаф аз ҳамкории мазкур роҳ надодани таълимоти коммунизм ба кишварҳои Шарқи Наздик буд. Дар заминаи ин ҳамкорӣ «Ихвон-ул-муслимин» таҳти таъсири кишварҳои ғарбӣ, бо баҳонаи мубориза ба муқобили коммунизм ва «наҷот»-и мусулмонони шӯравӣ самти фаъолияти худро ба сӯи ҷумҳуриҳои мусулмоннишини собиқ Иттиҳоди шӯравӣ равона сохт. Дар натиҷа, бо пайдо шудани аввалин фурсат, нахуст дар шаҳри Қазони Тотористон Ҳизби наҳзати исломии Иттиҳоди шӯравӣ ва сипас дар ноҳияи собиқ Ленини атрофи Душанбе (ҳоло ноҳияи Рӯдакӣ) Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон таъсис дода шуданд.

Тамоми ҳамкории мутақобилаи «Ихвон-ул-муслимин» бо ташкилоти динии шӯравӣ, аз ҷумла бо ҲНИТ ба тариқи пинҳонӣ сурат мегирифт, то замоне ки Муҳаммад Мурсӣ президенти Миср интихоб шуд. Муҳиддин Кабирӣ аз тамоми кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ягона шахсе буд, ки расман дар назди Ҳукумати Тоҷикистон масъалаи барқарор кардани робитаи расмӣ бо созмони «Ихвон-ул-муслимин»-ро гузошт ва оид ба даъват кардани Мурсӣ ба Тоҷикистон изҳори ақида кард. Қабл аз ин, Муҳиддин Кабирӣ ба Ҷумҳурии арабии Миср сафар карда, шахсан Муҳаммад Мурсиро, ки аз роҳбарони сатҳи аввали «Ихвон-ул-муслимин» аст, барои президенти Миср шуданаш табрик намуд.

Сафари Кабирӣ ба Миср, масъалагузорӣ кардани ӯ барои аз рӯйхати созмонҳои террористӣ берун кардани созмони «Ихвон-ул-муслимин», барқарор кардани муносибатҳои расмӣ бо ин созмони террористӣ агар аз як тараф алоқаҳои чандинсолаи наҳзатиёнро бо ихвониҳо фош карда бошад, аз тарафи дигар ҳукуматдории кӯтоҳмуддати роҳбари «Ихвон-ул-муслимин» дар кишвари Миср бараъло нишон дод, ки даъвоҳои ихвониҳо барои ҷорӣ кардани демократия, таъмини озодӣ ва ҳуқуқҳои инсон, озодии матбуот ва дигар унсурҳои давлатдории дунявӣ фақат шиор буда, барои авомфиребӣ (популизм) равона шудааст. Ҳамин буд, ки мардуми Миср аз ҳукуматдории ихвониҳо, ки баробари ба сари қудрат нишастан ҳуқуқу озодиҳои дигар шаҳрвандонро (онҳое ки аз аҳли дини ислом набуданд, онҳое ки ҷонибдори зиндагӣ дар доираи шариат набуданд) поймол карданд, ба зудӣ рӯ гардониданд. Яъне ҳамон тавре ки ҳаракати «Толибон» ва гурӯҳи «Давлати исломӣ» чӣ тавр будани хилофату давлатдории «исломӣ»-ро нишон доданд, ҳукуматдории ихвониҳо дар Миср низ бараъло нишон дод, ки қавли ин созмону ташкилот аз амалашон ба куллӣ фарқ мекунад.

Зимнан, сухан ва амали Муҳиддин Кабирӣ низ ба пуррагӣ аз ҳамдигар фарқ дошту дорад. Чунончӣ, ӯ ҳамчун депутати Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон (ду даъвати пайдарпай, яъне давоми даҳ сол) ҳуқуқи ба тиҷорат машғул шуданро надошт. Аммо ин талаботи қонунгузориро пушти по зада, ба сохтмони корхонаву сехҳои истеҳсолӣ машғул шуд ва ширкатҳои гуногуни сохтмонӣ таъсис дод. Барои фиреби мардум, изҳор мекард, ки ин тиҷоратро на худи ӯ шахсан пеш мебарад, балки ин ҳамаи даромадҳову тиҷоратҳо ба шарофати кордонии ҳамсараш Мастура Раҳматуллоева ба даст омадаанд. Ҳол он ки ба касе пӯшида нест, ки дар ҷомеаи тоҷикӣ ҳамсари раиси ҳизби ба ном «исломӣ» ҳеҷ вақт, дар ягон ҳолат ба тиҷорат машғул намешавад. Фаразан, агар ҳамсари М.Кабирӣ ба тиҷорат машғул шуда бошад ҳам, ба истеъдоди худододии ӯ шубҳа пайдо мешавад, ки наход дар як муддати кутоҳ тавонад, ки бозори тиҷоратии калонро дар калонтарин шаҳри саноатии мамлакат аз худ кунад?

Бегумон маблағҳои ҳангуфти Муҳиддин Кабирӣ на аз даромадҳои тиҷорати ҳамсараш Мастура Раҳматуллоева, балки аз ҳисоби маблағҳои пулие буданд, ки созмонҳои хориҷии кишварҳои исломӣ барои фаъолияти ҲНИТ ирсол мекарданд. М.Кабирӣ, агар виҷдон медошт,  мебоист ин маблағҳоро ба аъзои муҳтоҷу дармондаи ҳизб эъто мекард, вале чашми гуруснаи ӯ мисли морҳои сари китфони Заҳҳок аз пулу моли бедарди миён сер  намешуданд, нафсаш ором намегирифт. Агар як миқдори маблағҳои аз Эрон ҷудошуда (аз ҷумла 3 миллион доллари ИМА, ки барои таъсиси шабакаи телевизионӣ ҷудо шудааст)-ро ҳалол масраф менамуд, шояд аъзои муқаррарии ҳизб гурӯҳ-гурӯҳ сафҳои онро тарк намекарданд.

М.Кабирӣ, ки даъвои баробарии ҳуқуқи инсон карда, худро ҳомии арзишҳои демократӣ муаррифӣ менамуд, бо кадом далел ба худ иҷозат дод, ки дар давлати дунявӣ аз болои ҳамсари қонуниаш зани дигар гирад? Оё ин мунофиқии дигари М.Кабирӣ нест, ки суханаш аз амалаш тафовут мекард? Овоза ва ҳақиқати маъшуқабозиҳои Муҳиддин Кабирӣ (роҳбари ҳизбе, ки ахлоқи покро, зиндагии бидуни ҳаромро меҳвари сиёсати идеологии худ қарор додааст!)  бо бонувони журналист ҳанӯз замони дар Душанбе буданаш ба шаҳрҳо паҳн шуда буд ва акнун ба рӯзномаи ҷаласаҳои кории баъзе созмонҳои байналхалқии ҳуқуқи башар ворид шудааст. Ин рафтори М.Кабириро низ, бешубҳа, метавон ҳамчун як навъ террор ба муқобили арзишҳои ахлоқии ҷомеаи суннатии тоҷикон маънидод кард.

Дар бораи дурӯягиҳои М.Кабирӣ ҳарф зада, наметавон ду ҳолатро аз рӯзгори дар Душанбе доштааш ёдовар нашуд. Моҳи майи соли 2012 фарзанди 21-солааш  Муҳаммад Тиллоев бо мошини тамғаи «Toyota Camry» мактабхони 12-сола Муҳсиддин Ортиқовро, ки бо роҳи пиёдагард ба мактаб мерафт ва он рӯз ин наврас зодрӯз дошт, пахш карда, ба ҳалокат расонд. Дуруст аст, ки фалокат аз таги по мехезад ва ягон нафар аз эҳтимоли гирифтор шудан ба садама эмин нест. Аммо Муҳиддин Кабирӣ ба ҷойи аз ҳодисаи нохуш сабақ гирифтан, баръакс, ба воситаи матбуот аз он изҳори хушҳолӣ кард, ки Суди ноҳияи Ваҳдат фарзанди ӯро бо пардохти 40 ҳазор сомонӣ аз толори суд озод кард. Писари донишҷӯи М.Кабирӣ маблағи 40 ҳазор сомониро, ки он шабурӯз баробар ба 10 ҳазор доллари ИМА буд, аз куҷо пайдо кард? Албатта, на аз даромади тиҷорати модараш Мастура Раҳматуллоева, балки аз ҳисоби маблағҳое, ки ба аъзои қатори ҲНИТ равона шуда буданд.

Зимнан, писари Кабирӣ – Муҳаммад Тиллоев дар донишгоҳи Малайзия, кишваре мехонд, ки ҳизби исломии он аз тарафи гумоштаи «Ихвон-ул-муслимин» Абдулҳодӣ Аванҷ роҳбарӣ карда мешавад. Абдулҳодӣ Аванҷ баъди хатми Донишгоҳи Мадинаи мунаввара, соли 1973 дар Миср бо ташкилоти террористии «Ихвон-ул-муслимин» ҳамроҳ мешавад ва бо супориши онҳо ба сафи Ҳизби исломии Малайзия ворид гардида, идеологияи «Ихвон-ул-муслимин»-ро дар ин ҳизб ҷорӣ мекунад. Соли 1978 роҳбарии бахши тарбиявии ин ҳизбро ба ӯҳда гирифта, соли 1990 узви парлумони марказии Малайзия интихоб мегардад ва ҳоло роҳбари Ҳизби Исломии Малайзия мебошад.

Ҳизби исломии Малайзия яке аз шохаҳои ташкилоти террористии «Ихвон-ул-муслимин» ба ҳисоб рафта, аз ҷониби чандин кишварҳо, аз ҷумла Эрон пуштибонӣ ва маблағгузорӣ карда мешавад. Соле, ки Муҳаммад Мурсӣ президенти Миср гардид, Ҳизби исломии Малайзия расман ӯро табрик намуда буд.

Намояндагони ин ҳизб чандин маротиба ба Душанбе омада, бо М.Кабирӣ мулоқот ва гуфтугӯҳои пинҳонӣ кардаанд. Ҳамин аст, ки фарзанди ӯ дар Донишгоҳи Малайзия таҳсил ва  дар кӯчаҳои Душанбе бо мошини зиреҳпӯши нархаш 200 000 доллар ҳаракат мекард. Канӣ, виҷдон, шарафу хоксорӣ ва баробариву адолатпарастии М.Кабирӣ?

Мафҳуми падару модар барои миллати тоҷик бузургтарин муқаддасот шуморида мешавад, вале Муҳиддин Кабирӣ ба ҷо овардани хизмати фарзандиро нисбат ба модараш ба худ ҷоиз надонист. Моҳи майи соли 2012 ӯ медонист, ки модараш бемор аст, рӯзҳои башумори умраш боқӣ мондааст, бо вуҷуди ин бо баҳонаи иштирок дар конфронс ба Масква рафт ва мунтазири мурдани модар шуд. Вақте хабари марги модарро шунид, сад дар сад имкон дошт, ки ба ҷаноза биёяд, аммо боз ҳам ҳурмати падару модарро қурбони ҳадафҳои ифротии худ намуд. Бар замми иштирок накардан дар ҷанозаи модар ин маъракаи урфиро ба «шоу»-и сиёсӣ мубаддал кард: ба воситаи интернет маросими ба хок гӯронидани модарро мисли як ҳамсоя бегонавор тамошо, навори онро паҳн намуда, «холи сиёсӣ» гирифтан хост. Бо расонаҳои хабарӣ мусоҳиба ташкил карда, гуфт ки аз иштирок кардан  дар маросими ҷаноза мулоқотҳоро муҳимтар мешуморам…

Чунин муносибати  нохалафонаро нисбат ба падари худ низ ҷоиз донист. Мӯйсафеди пирро пеш аз маргаш ба бозиҳои сиёҳи худ кашонид, ҳамчун кӯдак фиреб дода, ба воситаи гумоштаҳояш ба фурудгоҳ овард, бемориву табобати ӯро дар Туркия ба найрангу бозӣ кашид. Беҳуда нагуфтаанд, ки террористон барои расидан ба ҳадафҳои худ пеш аз ҳама аз баҳри падару модар мегузаранд.

Муҳиддин Кабирӣ аз соли 2005 дар мақоми давлатӣ кору фаъолият мекард, аз имтиёзҳои ҷудо намудаи давлат истифода мебурд, аммо тибқи таълимоти «Ихвон-ул-муслимин» фаъолият карда, дар ягон масъалагузорӣ ва пайдо кардани роҳҳои ҳалли мушкилоти сиёсию иқтисодии кишвар ташаббусе нишон намедод, балки ҳамаи ҷурмро бар сари ҳокимияти сиёсӣ ҳавола карда, бо роҳи танқиди бардурӯғу ҳадафманд нисбат ба мақомоти давлатӣ фишор меовард.

Тавре таҷрибаҳои мубориза ба муқобили созмонҳои террористӣ нишон медиҳанд, дар бештар ҳолатҳо роҳбарони созмону ташкилоти террористӣ дар амалиётҳои ҷангӣ ҷон ба саломат мебаранд, онҳо ҳамсафону пайравони худро партофта, худ бо аҳли байту наздикон ва пулу мол аз ҷойи ҳодиса фирор мекунанд (чун Усома бини Лодан, Абубакри Бағдодӣ, Мулло Умар). Муҳиддин Кабирӣ низ соли 2015 аввал пулу молу сарвати аз ҲНИТ дуздида, сипас зану маъшуқаву фарзандонашро оҳиста аз Тоҷикистон берун кашида, дар кишвари Эрон тиҷорати бародарашро барқарор кард. Як қисм хешу табору наздиконашро ҳамчун омил ва инструмент бо фанду фиреб дар Тоҷикистон нигоҳ дошт. Боқимонда роҳбарият ва фаъолони ҳизбро бо маккории хос  барои содир кардани кӯшиши табаддулоти давлатӣ равона сохт ва барои ин ба собиқ  генерал А.Назарзода пули нақд ба маблағи 1 млн. 200 ҳазор доллар тақдим намуд…

Маълум аст, ки террорист падару модар, ватану миллат, виҷдону шараф, нангу номус надорад, бинобар ҳамин Муҳиддин Кабирӣ дар Варшава ҳам террорист аст. Зеро аз ин кишвари аврупоӣ М.Кабирӣ ба муқобили амнияту осоиштагӣ ва суботу пешравии Тоҷикистону миллати тоҷик суханрониҳо карда,  нисбат ба давлату Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон навъи дигари террор — террори лафзӣ («словесный терроризм»; «verbal terrorizm») истифода мебарад.

Акрам САНГЗОДА,
шореҳи АМИТ «Ховар»

Сентябрь 26, 2017 11:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Кумитаи телевизион ва радио бахшида ба 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Ду сокини ноҳияи Ёвон барои риоя накардани қонуни танзим ҷарима карда шуданд
Дар Беморхонаи марказии шаҳри Кӯлоб хизматрасонии тиббӣ беҳтар мешавад
«ПЕШВОИ МАН-ИФТИХОРИ МАН». Дар Душанбе байни кӯдакони ятиму бепарастор озмун оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Ҳунармандони Мастчоҳ соҳиби грантҳои раиси ноҳия шуданд
«НАҚШИ ҶАВОНОН ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ -ДАСТОВАРД ВА ДУРНАМО». Дар Душанбе ҳамоиши кормандони ҷавони соҳаи роҳи оҳан доир шуд
«МО НАКУНЕМ, КӢ МЕКУНАД?». Дар Душанбе бо иштироки волонтёрон аксияи зимистона баргузор гардид
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Майотта бар асари тӯфони Чидо беш аз 20 нафар ҳалок гардид
Сардии ҳавои Бадахшон сабаби ҷорӣ шудани маҳдудият дар интиқоли муътадили неруи барқ гардид
Донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар Намоиш-озмуни «Меъмор-2024» соҳиби ҷойҳои намоён гардиданд