ЗИМИСТОН ДАР МЕКӮБАД. Хабарнигори АМИТ «Ховар» бо корҳои омодагӣ дар марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе аз наздик шинос шуд

Сентябрь 23, 2017 09:50

«Мо таъмин намудани талаботи рӯзафзуни корхонаҳои истеҳсолӣ ва аҳолиро бо неруи барқ ва гармӣ тавассути барқарор намудани инфрасохтори мавҷуда, ба кор андохтани иқтидорҳои нав, истифодаи сарфакоронаи неруи барқ, паст кардани талафоти он ва бунёди марказҳои нави барқу гармидиҳӣ аз ҷумлаи вазифаҳои аввалиндараҷаи худ ва дар айни замон роҳи асосии расидан ба истиқлолияти энергетикии кишварамон мешуморем».

Эмомалӣ Раҳмон

ДУШАНБЕ, 23.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Инак, бо сипарӣ шудани ду моҳи дигар фасли зимистон фаро хоҳад расид ва талаботи сокинони кишвар ба неруи барқ ва гармӣ дучанд меафзояд. Марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ба мавсими   зимистонгузаронии солҳои 2017-2018  чӣ гунна омадагӣ дидаанд? Барои ба ин савол посух ёфтан хабарнигори АМИТ «Ховар» ҳамроҳи масъулин  аз марказҳои барқу гармдиҳии шаҳри Душанбе дидан накмуда, бо вазъи   дегхонаҳои шарқиву ғарбӣ, корҳои таъмиру тармими қитъаҳои садамавӣ ва ивазнамоии қубурҳои обгузари қисмати ғарбии шаҳри Душанбе  аз наздик ошно гардид.

Дар замони муосир рушди муътадили ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт дар навбати аввал аз истифодаи сарватҳои табиӣ, аз ҷумла захираҳои гидроэнергетикӣ вобастагии бевосита дорад. Аз ин лиҳоз, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди ин соҳаи стратегӣ, яъне энергетика, хусусан солҳои охир бунёд намудани иқтидорҳои навро вусъат мебахшад. Ин гуна иқтидори истеҳсолӣ бунёди марказҳои барқу гармдиҳӣ дар кишвар ба шумор меравад, ки ин иқдом метавонад баҳри расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, сарфаи неруи барқ, таъминоти пурра бо барқ ва рушди босуботи соҳаҳои иқтисодиёт заминаи мусоид гузорад. Тибқи маълумоти коршиносон, аз ҳисоби истифодаи гармии танҳо Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе — 2» имкони сарфаи қариб 200 мегаватт иқтидори иловагии неруи барқ пайдо мегардад, ки ин таъминоти аҳолии кишварро бо неруи барқ боз ҳам беҳтар менамояд.

Маркаи гарму баркСоле қабл Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни ба истифода додани Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе — 2» гуфта буданд, ки агар дар фасли гармо дар пойтахт дар як шабонарӯз то панҷ — панҷуним миллион киловатт – соат неруи барқ истифода шавад, дар фасли зимистон ин нишондиҳанда то ба 14 – 15 миллион киловатт — соат мерасад.

Бояд  зикр намуд, ки ҳарчанд асоси истеҳсоли неруи барқ дар ҷумҳурии мо гидроэнергетика ё худ барқи обӣ мебошад, дар давраи тирамоҳу зимистон, ки талабот ба барқ афзун мегардад, марказҳои барқу гармидиҳӣ бобати таъминот бо неру ва гармӣ аҳамияти калон доранд.

Бинобар маълумоти расмӣ, дар мавсими тирамоҳу зимистони гузашта аз тарафи марказҳои барқу гармии шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо дегхонаҳои шарқиву ғарбӣ 871,3 миллион кВт.соат неруи барқ ва 376 ҳазор Г.кал гармӣ истеҳсол шуда буд. Ба гуфтаи масъулин, махсусан баъди пурра ба истифода додани МБГ «Душанбе-2», бо иқтидори 400 МВТ неруи барқ ва 235,46 Г.кал гармӣ таносуби марказҳои барқу гармӣ дар таъминоти хоҷагии халқ ва аҳолӣ бо неру ва гармӣ афзун гардид. Аз дигар ҷониб, баъди амалӣ гардидани ин лоиҳаи бобарори энергетикӣ сарбории шабакаҳои энергетикии шаҳри Душанбе хеле кам гардида, сифат ва дараҷаи таъминоти сокинони пойтахт ва аҳолии атрофи он бо неруи барқ хеле хуб шуд. Пас аз боздид маълум гардид, ки миқдори гармие, ки дар ин иншоот истеҳсол мешавад, барои қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти на фақат манзили сокинон ва муассисаҳои иҷтимоиву таълимӣ, балки дигар иншооти шаҳри Душанбе низ комилан кифоягӣ мекунад.

Лозим ба ёдоварист, ки ҳамасола дар фасли зимистон истифодаи барқ дар шаҳри Душанбе зиёда аз ду баробар афзоиш ёфта, пойтахт ба истеъмолкунандаи азими неру табдил меёфт. Дар ин замина, ҳангоми истифодаи гармии дар марказҳои барқу гармӣ исеҳсолшуда, дар пойтахт  неруи барқ сарфа мегардад, ки ин ба таъминоти барқ дар сар то сари кишвар манфиатбахш аст.

Маркази гамдихи222 Маркази гармдихи 4

Бо назардошти ин ҳама, омодагии ҳамаҷонибаи марказҳои барқу гармӣ ва дегхонаҳои шарқиву ғарбӣ, таъмиру тармими таҷҳизоти онҳо, захираи сўзишворӣ барои марказҳои барқу гармӣ доимо дар маркази диққати роҳбарон ва мутахассисони Ширкати Саҳҳомии Холдингии Кушодаи «Барқи Тоҷик» мебошад.

Зимни аз наздик дидани МБГ-1 мо шоҳиди он шудем, ки дар ин ҷо таъмири асосии корхона бо маром идома дорад. Барои таъмири асосии чор деги буғи корхона мутахассисони Ҷамъияти давлатии масъулияташ маҳдуди «Казремэнерго»-и Қазоқистон ҷалб гардидаанд. Мутахассиси ин ширкат Михаил Бабаенко дар рафти суҳбат бо мо аз муносибат ва меҳмондӯстии халқи тоҷик изҳори хушнудӣ намуда, зикр намуд, ки дар баробари ин гуна ғамхорӣ ва муносибати хуби атрофиён онҳо кӯшиш мекунанд аз иҷрои масъулияти дар пешашон гузошта сарбаландона бароянд. «Моро барои таъмири Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе-1» даъват намуданд. Мо аз пазироӣ ва меҳмондории хуби шумо розӣ ҳастем ва тамоми кӯшишамонро ба харҷ медиҳем, то ки шумо низ аз кори мо розӣ бошед. Айни ҳол мо машғули таъмири дегҳои шумораи 10 ва 7 мебошем. Ин ҳафта интизори таҷҳизоти нав ҳастем,  аллакай мошинҳо дар роҳ ҳастанд ва ин таҷҳизотро ба Душанбе мерасоанд», — афзуд ӯ зимни суҳбат.

Маркази барку гармдихи 2Ба иттилои ШСХК «Барқи тоҷик», барои таъмини барқу гармӣ то ин дам дар марказҳои барқу гармии шаҳри Душанбе 700 ҳазор тонна ангишт ва 2731 тонна мазути камсулфур захира карда шудааст.

Дар Маркази МБГ-1, ки яке аз иншооти муҳим ба шумор рафта, навбати аввали он соли 1958 ва навбати дуюмаш соли 1963 ба истифода дода шудаанд, дар мавсими тирамоҳу зимистон то 20 МВт неруи барқ ва то 50 Г.кал гармӣ истеҳсол карда мешуд. Имсол  иқтидори истеҳсолии он зиёд карда шуда,  ният доранд дар ин иншоотҳо то 50 МВт неруи барқ ва то 90 Г.кал гармӣ истеҳсол намоянд.

Дар МБГ-2» низ корҳои тайёрӣ ба мавсим бо муваффақият мегузаранд. Барои мавсими имсолаи кори он 1 миллиону 80 тонна ангишт захира карда мешавад. Дар анбори МБГ-2 алаккай 700 ҳазор тонна ангишт захира шудааст. Кашондани ангишт дар ин ҷо бо маром идома дорад. Ҳамарӯза тавассути мошинҳои ширкат ҳар рўз то чор ҳазор тонна ангишт вориди анбор мешавад. Ва навбати аввали Маркази барқу гармидиҳӣ аз санҷиш гузашта, ҳоло ба кор омода аст.

 

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

Сентябрь 23, 2017 09:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Кумитаи телевизион ва радио бахшида ба 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Ду сокини ноҳияи Ёвон барои риоя накардани қонуни танзим ҷарима карда шуданд
Дар Беморхонаи марказии шаҳри Кӯлоб хизматрасонии тиббӣ беҳтар мешавад
«ПЕШВОИ МАН-ИФТИХОРИ МАН». Дар Душанбе байни кӯдакони ятиму бепарастор озмун оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Ҳунармандони Мастчоҳ соҳиби грантҳои раиси ноҳия шуданд
«НАҚШИ ҶАВОНОН ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ -ДАСТОВАРД ВА ДУРНАМО». Дар Душанбе ҳамоиши кормандони ҷавони соҳаи роҳи оҳан доир шуд
«МО НАКУНЕМ, КӢ МЕКУНАД?». Дар Душанбе бо иштироки волонтёрон аксияи зимистона баргузор гардид
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Майотта бар асари тӯфони Чидо беш аз 20 нафар ҳалок гардид
Сардии ҳавои Бадахшон сабаби ҷорӣ шудани маҳдудият дар интиқоли муътадили неруи барқ гардид
Донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар Намоиш-озмуни «Меъмор-2024» соҳиби ҷойҳои намоён гардиданд