14 октябр — Рӯзи ҷаҳонии стандартҳо. Девони Муҳтасиби тоҷикон дар аҳди Сомониён нақши мақомоти стандартониро иҷро мекард

Октябрь 14, 2017 09:17

ДУШАНБЕ, 14.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ҷомеаи ҷаҳон ҳамасола 14 октябрро ҳамчун Рӯзи байналмилалии стандартҳо ҷашн мегирад. Санаи мазкур  барои ҷалби таваҷҷуҳи инсонҳо ба  муҳимияти таҳияи стандартҳои ягона ва ба инобат гирифтани саҳми садҳо ҳазор мутахассисон, ки таҷрибаи тахассусии худро ба ин соҳаи муҳим ва масъулиятнок  равона намудаанд, таҷлил мешавад.

Агар ба саҳифаи таърихи зуҳури Рӯзи ҷаҳонии стандартҳо назар андозем, мебинем, ки 71 сол қабл – 14 октябри соли 1946 дар Лондон конфронси созмонҳои миллӣ оид ба стандартонӣ баргузор гардид, ки дар кори он  65 вакил аз 25 кишвари ҷаҳон ширкат намуданд. Иштирокдорони конфронс  масъалаи таъсиси  Созмони байналмилалӣ оид ба стандартониро (International  Organization for Standardization (ISO) матраҳ  намуда, қарори марбута қабул намуданд.

ISOДар ин росто соли 1970 Фарук Сунтер,  Президенти ISO пешниҳод намуд, ки 14 октябр ҳар сол  ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии стандартҳо (World Standards Day) таҷлил гардад, то муҳимияти  стандартонӣ барои  иқтисоди ҷаҳон зикр шавад.  Бояд тазаккур дод, ки  тоҷикон ҳанӯз дар аҳди сулолаи Сомониён, ки давраи рушди муносибатҳои  бозаргонию тиҷоратӣ ба шумор меравад,  соҳиби девони Муҳтасиб буданд. Девони Муҳтасиб нақши мақомоти стандартизатсияро иҷро мекард. Тибқи сарчашмаҳои таърихӣ яке аз вазифаҳои девони Муҳтасиб назорати асбобҳои муайянкунандаи вазн – тарозуву гирҳои савдогарон  дар он давра маҳсуб ёфта, девони Муҳтасиб ва кормандони он масъул буданд, ки аз болои андоза ва сифати маҳсулоти аз ҷониби ҳунармандону савдогарони шаҳрӣ ва деҳот пешкашшуда назорат баранд. Муҳтасиб ҳамзамон ҳуқуқи манъи истеҳсоли молҳои пастсифату ба талаботи замон ҷавобгӯ набударо дошт,  инчунин аз  баландравии нархи гӯшту равған, шириниҳо, нон ва дигар  навъҳои озуқа дар бозор ҷилавгирӣ мекард.  Дар давраҳои мавҷудияти Ҳукумати Шӯравӣ хадамоти метрологӣ аввалин маротиба соли 1926 баъди ба табъ расидани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии  Тоҷикистон «Дар бораи дар шаҳри  Душанбе ташкил намудани шуъбаи муваққатии санҷишгузаронии метрологии палатаи ченаку  вазн» таъсис дода шуд. Соли 1929  дар Тоҷикистон хадамоти мустақили давлатии метрологӣ — палатаи ченаку вазн  ташкил ёфт, ки он роҳро барои  рушди минбаъдаи мақомоти стандартизатсияи тоҷик ҳамвор намуд.

стандартМурод Ашӯров, сардори Маркази матбуоти Агентии «Тоҷикстандарт» дар остонаи Рӯзи байналмилалии стандартизатсия зимни суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки  «дар ҳаёти инсон ягон чизи ғайристандартӣ, аз андозаву меъёр берун роҳ намеёбад ва ҳамин ҳадду қолиб аст, ки одаму оламро зебо нишон медиҳад ва ҳатто то андозае ҳаётро ширину рангин ҳам месозад». Мавсуф афзуд, ки стандартҳо ба истеҳсолкунандагон ва фурӯшандагон хизматрасониеро пешниҳод мекунанд, ки аз рӯи низоми идоракунии «чӣ тавр бояд маҳсулотро коркард намуд, то дастраси ҳама бошад?» ба роҳ монда мешавад.   Стандартҳо дастрасии ҳар як шахсро ба маҳсулот, сохтор ва хизматрасониҳо осон менамоянд. Онҳо талаботи бехатарӣ, меҳнатшиносӣ ва усулҳои мувофиқашудаи ҳамаи ташхисҳоро, ки ба тавсеаи дастрасӣ равона шудаанд, дар бар мегиранд.  Ҳамзамон барои паҳн намудани навовариҳои технологӣ дар кишварҳои мутараққӣ ва дар ҳоли рушд мусоидат намуда, ҷиҳати ташаккули бозор ва савдои ҷаҳонӣ кумак менамоянд.
Корманди масъули Агентии «Тоҷикстандарт» таъкид намуд, ки  Агентии «Тоҷикстандарт» мақомоти миллии соҳаи стандартонӣ буда, бо риояи  стандартҳо дар  ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, баланд бардоштани сатҳу сифати мардум  ва дар маҷмӯъ,   барои таъмини амнияти иқтисодии кишвар нақши бузург  дорад.

меъёрДар ин робита мақомоти «Тоҷикстандарт»  узви созмонҳои бонуфузи байналмилалии стандартикунонӣ, назири ташкилоти байналмилалӣ оид ба стандартҳо (ISO), Шӯрои байнидавлатии ИДМ оид ба стандартизатсия, метрология ва сертификатсия,  Созмони  байналмилалии метрологияи қонунгузор (OIML), аъзои комилҳуқуқи Созмони ҳамкории Авруосиёии муассисаҳои давлатии метрологӣ (COOMET), Ташкилоти байналмилалии стандартизатсия (МАС), Ассотсиатсияи Созмони байналмилалӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи аккредитатсияи озмоишгоҳҳо (ILAC),  Созмони Осиёи Марказӣ оид ба стандартизатсия, метрология ва сертификатсия дар соҳаи метрология, ваколатдиҳӣ ва сертификатсия (САС MAS-Q)  мебошад.

                                                                               Марзия САИДЗОДА

Октябрь 14, 2017 09:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Кишоварзони Шаҳринав дар 300 гектар пунбадона кишт менамоянд
Дар Ҳисор як саги бесоҳиб ба 8 нафар осеб расонид, ки 5 нафари он кӯдакон мебошанд
Дар ноҳияи Мастчоҳ бо мақсади пешгирии паҳншавии малах корҳои безараргардонӣ гузаронида шуданд
Кишоварзони ноҳияи Шаҳристон дар 1735 гектар картошка кишт менамоянд
Дар шаҳри Турсунзода кишти чигит ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ вусъат меёбад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ дар беш аз 12 ҳазор гектар чигит кишт карда мешавад
Кишоварзони ноҳияи Фархор дар беш аз 9 ҳазор гектар пунбадона кишт менамоянд
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Имрӯз дар ноҳияҳои водигии Тоҷикистон борон меборад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 апрел, шанбе, 109-умин рӯзи соли 2025 аст
Дар ноҳияи Лахш вобаста ба тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон бо ҷавонони фаъол вохӯрӣ баргузор гардид