Ара Баблоян ба Тоҷикистон омад

Октябрь 30, 2017 10:19

ДУШАНБЕ, 30.10.2017 /АМИТ «Ховар»/.  Ара Баблоян, раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Арманистон  шоми 29 октябр бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон  омад.

Аз палатаи поёнии Парлумони мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки меҳмони баландпояро дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе муовини аввали раиси Маҷлиси намояндагон  Абдуҷаббор Азизӣ ва дигар шахсони масъули  дастгоҳи Маҷлиси намояндагон истиқбол намуданд.

Интизор меравад, ки  Ара Баблоян, раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Арманистон  дар доираи сафари расмиаш ба Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, раисони палатаҳои болоӣ ва поёнии Парлумони Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ мулоқот намуда, масъалаҳои таҳкими ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистону Арманистонро  баррасӣ кунад.

Ҳайати парлумонии Арманистон таҳти роҳбарии  Ара Баблоян  аз Неругоҳи барқи обии Норак боздид мекунад.

Октябрь 30, 2017 10:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар доираи Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ ташаббуси Парлумони Тоҷикистон оид ба таҳияи ду қонуни намунавӣ тасдиқ шуд
Оид ба эълон намудани «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи навбатӣ ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҳайати парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Давлатҳои ИДМ низоми назорати сифати хизматрасониҳои тиббӣ ва хайрияи хунро такмил медиҳанд
Пагоҳ иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар Душанбе стратегияи муосири пешгирии бемориҳои ғайрисироятиро баррасӣ намуданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар ҷаласаи кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология қонунҳои соҳавӣ баррасӣ гардиданд