БА МАКТАББАЧАГОН – ХӮРОКИ ГАРМ. Стратегияи рушди устувори ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми то соли 2027 қабул гардид

Октябрь 24, 2017 16:47

ДУШАНБЕ, 24.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Яке аз мушкилоте, ки имрӯз дар аксар мамлакатҳои дунё дида мешавад,    ин масъалаи ғизо мебошад.    Дар баъзе давлатҳо агар нишондоди  фарбеҳӣ зиёд бошад, дар давлатҳои  дигар аз камғизоӣ азият мекашанд. Ба иттилои Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ,  беш аз 115 млн. кӯдакон дар тамоми ҷаҳон аз норасоии вазни бадан, инчунин  43 миллиони дигар аз   вазни барзиёд   азият мекашанд.   

Ба ин хотир, бо  дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
баҳри   бехатарии озу
қа ва  ғизои солим  «Стратегияи рушди устувори ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми то соли 2027» қабул гардид.

 Оид ба Стратегияи қабулгардида ва паҳлуҳои он мухбири АМИТ «Ховар» бо сардори раёсати ташкили хизматрасонии тиббӣ ба модарону кӯдакон ва танзими оилаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ РАХМАТУЛЛОЕВ ҳамсуҳбат гардид. 

Новый рисунок (1)Тавре  Ш. Раҳматуллоев зикр намуд, аз соли 2009 сар карда, оид ба норасоии микронутрентҳо,  инкишофи ҷисмонии кӯдакон ва занони қобили таваллуд татқиқот гузаронида шуд. Ҳамин тадқиқот нишон дод, ки      дар байни кӯдакон 28 фоиз ва  дар байни занони қобили таваллуд 24 фоиз аз камхунӣ азият мекашанд.

Ҳамсуҳбати мо зикр намуд, ки «норасоии ёд ҳам яке аз проблемаҳои асосӣ мебошад. Ҳоло зиёда аз 50 фисади  аҳолӣ намаки бе ёд истифода мебаранд. Аз ин рӯ онҳо ба бемории норасоии ёд гирифтор мешаванд. Ин гуна бемориҳо дар байни ҷавонону наврасон, махсусан  дар байни мактаббачаҳо бештар дида мешавад. Ба ин хотир  мо бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2015 Консепсияи рушди ғизои мактабиро қабул кардем. Дар ин консепсия муайян карда шуд, ки дар оянда мо бояд аввал Стратегияи рушди ғизоро таҳия кунем ва баъдан дар асоси стратегияи таҳияшуда барои амалӣ кардани он  дар минтақаҳои ҷумҳурӣ барномаҳои алоҳида роҳандозӣ намоем.  Ба ҳамин хотир   аз аввали   соли равон  мо барои таҳияи рушди «Стратегия рушди устувори ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми то соли 2027» гурӯҳи корӣ ташкил кардем ва ин Стратегияро таҳия ва мувофиқа карда,  ба Ҳукумати ҷумҳурӣ  пешниҳод намудем.   29 сентябри соли равон  ин Стратегия қабул гардид. Стратегияи мазкур  аз 35 банд иборат буда, банди якуми он таҳия намудани тартиби ташкил кардани  ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад».

Ҳамчунин мусоҳиб зикр намуд, ки соли 2015, вақте  ки Консепсияи  рушди ғизои мактабӣ қабул шуд, 8 мактаби пилотӣ, яъне таҷрибавӣ интихоб карда шуд,  4- то  дар ноҳияи Айнӣ ва 4-тои дигар  дар шаҳри Норак. Ин мактабҳо бо дастгирии Пажӯҳишгоҳи ғизои ғайридавлатии Федератсияи Россия  таъмир карда шуда ва бо таҷҳизоте, ки барои тайёр кардани ғизо лозиманд, ҷиҳозонида шуданд. Мо дар он ҷо ошпазонро омӯзонида, тайёр намудем. Инчунин ҳамин сол  бо дастгирии пажӯҳишгоҳи мазкур ва дастгирии Барномаи   озуқавории ҷаҳонии  Созмони Милали Муттаҳид  дар ноҳияи Рӯдакӣ як мактаби таҷрибавӣ омода кардем. Дар  назди ин мактаб мо  ният дорем дар оянда ошпазонро барои мактабҳо тайёр кунем».

«Бо дастгирии Пажӯҳишгоҳи ғизои ғайридавлатии Федератсияи Россия   мо то соли 2020 нақша дорем, ки дар 50 мактаби   шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, Суғд  ва водии  Рашт  корҳои таъмир, таъминот бо таҷҳизот ва омӯзонидани ошпазонро анҷом диҳем. Баъд аз  соли 2020 сар карда, аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ  зина ба зина амалисозии Стратегияи мазкур   бояд маблағгузорӣ шавад. Мо кӯшиш мекунем, ки то соли 2027 тамоми мактаббачагони синфҳои ибтидоиро аз ҳисоби буҷет як маротиба бо ғизои гарм таъмин кунем»,-зикр намуд Ш.Раҳматуллоев.

Ба гуфти Ш. Раҳматуллоев, мақсади асосии Стратегияи мазкур  ҷалби мактаббачаҳо ба мактаб ва бо ғизои солим таъмин намудани онҳо мебошад. «Вақтҳои охир дар назди мактабҳо мағозаву дӯконҳои хӯрокҳои тезтайёр бисёр шудаанд, ки аз онҳо мактаббачаҳо нӯшокиҳои газнок, инчунин хӯрокҳои ба саломатии онҳо зарароварро  харида, истеъмол мекунанд. Мақсади мо кам кардани чунин дӯконҳо дар назди мактабҳо мебошад, то дар оянда кӯдакони мо аз хӯроки гарму нӯшокиҳои безарар истеъмол кунанд».

Ҳамчунин Ш. Раҳматуллоев иброз дошт, ки солҳои тӯлонист, ки  бо дастгирии  Лоиҳаи рушди Барномаи   озуқавории ҷаҳонии  Созмони Милали Муттаҳид    дар 50 ноҳияи ҷумҳурӣ ба зиёда аз 370 ҳазор мактаббачагони синфҳои ибтидоӣ    хӯроки гарм ва серғизо дода мешавад. Бояд гуфт, ки маводи озуқавории Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ бо моддаҳои витаминӣ ғанӣ гардонида шуда, дар пешгирии норасоии микроэлементҳо нақши бориз дорад.

Бино ба иттилои Вазорати маориф ва илми кишвар,  соли 1999 Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ   барои мактаббачагон оғоз ёфта, танҳо 5 ҳазор кӯдакро дар бар мегирифт. Дар муддати якчанд сол бо ғизои мактабӣ қариб 370 ҳазор нафар кӯдакони синфҳои ибтидоӣ таъмин гашта,  ҳамин тариқ, он дар низоми ҳифзи иҷтимоии кишвар ҳамчун суғуртаи табақаҳои камбизоати аксари манотиқи деҳот ва берун аз он, ки дар шароити ноамнии озуқаворӣ умр ба сар мебаранд, аҳамияти бештар касб кардааст. Барнома ба оилаҳои мактаббачагон имконият медиҳад, то даромадҳоеро, ки барои харидани хӯрокворӣ хароҷот мекарданд, сарфа намоянд. Инчунин он барои талабагон ҳар рӯз як миқдори муайяни  хӯроки солим ва серғизоро кафолат медиҳад. Ин дар навбати худ барои оилаҳои гирифтори норасоии маводи озуқаворӣ ва аз офатҳои табиии мавсимӣ зарардида ёрии саривақтӣ мерасонад.

Ибодат ДАВЛАТОВА

Октябрь 24, 2017 16:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе аксияи «Тозагии соҳил» гузаронида шуд
Гумрукчиёни тоҷик дар Суғд беш аз 500 ҳазор дона маводи тарфгариро ошкор намуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, туман мефарояд
Дар пойтахт Лоиҳаи «Рушди устувори шаҳри Душанбе» муаррифӣ гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Дар Душанбе тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Эрон дар соҳаи энергетика баррасӣ гардид
СОЛИ МАЪРИФАТИ ЭКОЛОГӢ. Бахшида ба он дар Душанбе ҳамоиши ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, туман мефарояд
Дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология баррасӣ шуданд
Масъалаҳои омодагӣ ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар Душанбе баррасӣ шуданд
Пойгоҳҳои базавии мустақил — барои корхонаю фабрикаҳо
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад