Бонки Осиёии Рушд дар 5 соли оянда барои дастгирии Стратегияи ҲИМОМ-2030 5 млрд доллари америкоӣ пешниҳод менамояд
ДУШАНБЕ, 28.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бонки Осиёии Рушд дар 5 соли оянда барои дастгирии Стратегияи ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ (ҲИМОМ)-2030 5 млрд доллари америкоӣ пешниҳод менамояд. Дар ин бора президенти Бонки Осиёии Рушд (БОР) Такехико Накао дирӯз зимни нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои сафараш ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иштирок дар Ҷаласаи 16—уми Конференсияи вазирони Барномаи ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ иброз намуд.
Президенти БОР ҷаласаи баргузоргардидаро бисёр муҳим ва дар сатҳи олӣ арзёбӣ намуд. Зеро дар он Стратегияи ҲИМОМ барои давраи то соли 2030 қабул гардид. Аз ҷониби дигар иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро боиси шарафмандӣ хонда, иброз намуд, ки: «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки худ ба ҷамъомади мо шукӯҳи хосса бахшиданд. Дар суханронии ҳамаҷониба ва инчунин равшанидиҳандаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо тамоми ҷабҳаҳои ҳамкориро дар доираи Барномаи мазкур бори дигар шунидем ва иқрор гардидем».
Ҳамзамон зикр шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1998 ба БОР шомил гардида, соли 2003 намояндагии доимии Бонк дар Тоҷикистон ифтитоҳ гардидааст. Ба маълумоти президенти БОР, дар доираи фаъолияти ин ниҳод дар ҶТ якчанд барномаву лоиҳаҳо ба маблағи умумии 1,5 млрд доллари амрикоӣ дастгирӣ шудаанд, ки онҳо барои беҳтар гардидани соҳаҳои нақлиёт, энергетика, рушди босубот ва инчунин беҳтар намудани баъзе аз неругоҳҳои ҶТ равона гардидаанд.
«Мо имрӯз соҳаҳои афзалиятноки ҶТ, ба монанди нақлиёт ва роҳро дастгирӣ карда истодаем. Илова бар ин, барои дастгирии буҷети ҶТ БОР соли гузашта ҷудо намудани 50 млн доллари амрикоиро тасдиқ намуд, ки интизор аст ин маблағ ба наздикӣ, дар аввали моҳи ноябр ба ҶТ интиқол дода шавад»,-илова намуд Такехико Накао.
Бино ба иттилои Такехико Накао, дар солҳои 2018-2020 барои рушд ёфтани занҷираи арзиши иловагии соҳаи кишоварзӣ, беҳтар намудани роҳҳои ҶТ ва дигар соҳаҳои муҳим аз ҷониби БОР дастгирӣ ёбад. Ҳамзамон зикр гардид, ки: «Мо ҳоло дар арафаи муҳокима қарор дорем, ки кадом соҳаҳоро дар се соли оянда ҳамчун соҳаҳои афзалиятнок қабул намоем ва ният дорем, ки дар ин давра ба ҶТ тақрибан 300 млн доллари амрикоӣ пешниҳод намоем».
Президенти БОР аз ҳамкориҳои муфид бо Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соҳаҳои энергетика, идоракунии захираҳои об, канданиҳои фоиданок, соҳаи кишоварзӣ, сайёҳӣ ва дигар соҳаҳоро дар бар мегирад, изҳори қаноатмандӣ карда, иброз намуд, ки «соҳаҳои сайёҳӣ, кишоварзӣ ва рушди инсонӣ дар ҶТ яке аз соҳаҳои ояндадор мебошанд, ки барои рушди макроиқтисодии кишвар метавонад кумаки калон расонад».
Дар нишасти матбуотӣ ҳамчунин Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода иштирок дошта, зикр намуд, ки дар фарҷоми конференсия Стратегияи нави ҲИМОМ -2030 ва «Декларатсияи Душанбе» ба тасвиб расид.
Мавҷуда АНВАРӢ
АМИТ «Ховар»








Дар Форуми иқтисодии СПЕКА нишондиҳандаҳои гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон муаррифӣ карда шуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Бонки аврупоии сармоягузорӣ дар соҳаи гидроэнергетика тақвият меёбад
Дар «Тоҷикаэронавигатсия» масъалаи муқовимат ба коррупсия баррасӣ карда шуд
Барои татбиқи лоиҳа оид ба ҷорӣ намудани нақлиёти ҷамъиятии барқӣ дар Хатлон созишномаҳои қарзӣ ва грантӣ ба имзо расиданд
Дурнамои ҳамкории иқтисодӣ ва афзоиши гардиши савдои Тоҷикистон ва Британияи Кабир баррасӣ гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» татбиқи лоиҳаҳои нави сармоягузорӣ бо сармоягузорони Чин баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар намоишгоҳи «Ҳафтаи байналмилалии сабз» дар шаҳри Берлини Олмон иштирок дорад
ФЕСТИВАЛИ АНОРПАРВАРОН. Чӣ бояд кард, то дар бозорҳо анори тоҷикӣ фаровон гардад?
Фурудгоҳҳои байналмилалии Душанбе, Бохтар ва Кӯлоб навсозӣ мешаванд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Покистон дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат густариш меёбад
Данғара – Гулистон — аввалин роҳи мошингарди Тоҷикистон, ки бо тарҳи «роҳҳои сабз» навсозӣ мешавад
Беш аз 22 фоиз сармоягузории ба рушди Шабакаи нақлиётии АвруОсиё равонашуда ба кишварҳои Осиёи Марказӣ рост меояд






